Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.10.2012 № 559)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯйи ташкилотҳои системаи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 124 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 52 воҳид муқаррар карда шавад ().
Маблағгузории 112 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 12 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад ().
3. Ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Директор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
Ба Агентии сохтмон ва меьмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 10 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.
4. Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои хадамоти дар нақшаи идоракунии Агентӣ нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои сохтмони меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.
5. Аз замимаи 1 Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон, ки дар музоядаҳо бо усули англисӣ ва замимаи 2 Номгӯи корхонаҳои миёна ва калон, ки дар тендерҳои авиатсиони хусусӣ карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои хурду калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" тасдиқ шудааст, мутаносибан бандҳои 60,80 ва бандҳои 7, 20 хориҷ карда шаванд.
6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
- аз 9 ноябри соли 1992 № 410 "Дар бораи хароҷоти нигоҳдории мақомоти назорати сифати сохтмон, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулот ва конструксияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 25 декабри соли 1997 № 553 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Идораи экспертизаи давлатии сохтмони назди Кумитаи меьморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 5 феврали соли 2003 № 53 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 963 "Дар бораи таъсис додани Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 31 марти соли 2003 № 135 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 31 январи соли 2006 № 72 "Масъалаҳои Маркази давлатии иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 3 июни соли 2006 № 269 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 614
ш. Душанбе