Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 613 "Дар бораи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 225 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 353 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 100 воҳид, кумитаҳои заминсозии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба миқдори 253 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва хартасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини директор, аз ҷумла як муовини аввал, ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 19 адад, аз он ҷумла барои дастгоҳи марказӣ ба миқдори 6 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар нақшаи идоракуниии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумхуриявӣ анҷом дода шанад.

5. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намоянд.

6. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:

аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 5 феврали соли 2003 № 60 "Дар бораи ворид намудаин тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 3 июни соли 2006 № 268 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

аз 6 июни соли 2003 № 246 "Масъалаҳои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот";

аз 3 июни соли 2006 № 273 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷмкистон аз 6 июни соли 2003 № 246 "Масъалаҳои Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷиккоинот".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

аз 28 декабри соли 2006 № 613

ш. Душанбе