Низомномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 591

Санаи амалкуни: 30.11.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2008с. № 191 беэътибор дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 591

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2007с. № 185, аз 30.11.2007с. № 595, № 597, № 603)

1. Вазорати кмшоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва обуҳавосанҷиро амалӣ месозад.

2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, карорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату ндораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

4. Вазорат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- таҳияи барномаҳо ва дурнамои истеҳсолот, ки истифодаи самараноки иқтидори кишоварзӣ ва ҳифзи табиати мамлакатро таъмин менамоянд;

- ташкили мониторинги истеҳсолот ва даромаднокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, муайян намудани тамоюлҳои рушд, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, меъёрҳо ва нормативҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат бо тартиби муқарагардида тасдиқ намудан ва назорати иҷрои онҳо;

- назорат оид ба риояи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва тавсияҳои муқарраргардида, гузаронидани таҳлили нишондиҳандахои асосии омории истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- бо мақсади муҳофизати сифати маҳсулот, бехатарии техникӣ ва экологӣ мутобиқи қонунгузорӣ ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол ва истифода, нигаҳдорӣ, фурӯш ва муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ, техника, нуриҳои маьданӣ ва заҳрхимикатҳо, ашёи хом ва масолех;

- таҳияи пешниҳодот оид ба рушди корҳои селексионӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, моҳипарварӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ ва зотпарварӣ, занбурпарварӣ, ҳифзи растаниҳо ва истифодаи пеститсидҳо ва дигар заҳрхимикатҳо дар мубориза бар зидди зараррасонҳоп кишоварзӣ, механизатсия, таъмини рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва рушди инфраструктураи деҳот;

- дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот, иҷрои корҳои кишоварзӣ;

- роҳбарии умумии ташкилотҳои системаи Назоратро анҷом медиҳад;

- таъмини бехатарии экологӣ ва пешбурди сиёсати ягонаи экологии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавистеҳсолкунӣ, истифода ва ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ , хоҷагии ҷангал, обуҳавошиносӣ, таъсири фаъол ба ҷараён ва падидаҳои обуҳавошиносӣ;

- назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, ҷангалзор, захираҳои обӣ, ҳавои атмосферӣ, замин, каъри замин, муомилот бо партовҳо, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;

- ташкил ва гузаронидани назорати мунтазами гидрометериологӣ, омӯзиш ва таҳлили ҳолати муҳити зист, бавуқӯъои ва рушди ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ;

- такмил додани системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиие, ки бо сабаби обу ҳаво ва сатҳи бағоят баланди олудашавии муҳити зист рух дода, боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқуллода ва зарарҳо мегарданд;

- баҳодиҳии комплексӣ ва пешгӯии вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва аҳолӣ бо иттилооти дахлдор;

- таҳия ва андешидани чораҳо, ки ба таъмини ҳифз, беҳдошти муҳит ва беҳтаршавии муҳити зист равона шудаанд, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, нигаҳдории хосиятҳои муҳитофаранда, ҳимоякунӣ, рекреатсионӣ ва дигар хосиятҳои фоидаоварӣ муҳити табиат;

- ҳамоҳангсозии фаъолият бо вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли фаъолият ва тобеият оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ, ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба конвенсияҳои байналмилалӣ, иштирок дар шартномаҳо ва созишномаҳо оид ба масъалаҳое, ки мансуби доираи ваколати Возорат;

- мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо барои соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захтраҳои табиӣ, пешбурди хоҷагии ҷангал.

II. Ваколатҳо

5. Ба зиммаи Вазорат ваколатҳои зерин гузошта шудаанд:

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ҳуҷҷатҳое, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба соҳаи вазорат, хадамот, агентиҳо ва ташкилотҳои тобеи он дахлдор, ҳамчунин лоиҳаи нақшаҳои корӣ ва нишондодҳои дурнамои фаъолияти вазоратро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- амалӣ намудани ҳамоҳангсозии корҳои дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- аз вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳо, корхонаҳо дигар ташкилотҳо ва хоҷагиҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар масъалаҳои ба фаъолияти худ дахлдор, мувофиқи тартиботи муқараргардида ахборот дархост намояд;

- бо тартиби муқараргардида маблағҳои махсуси Вазоратро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон идора мекунад;

- ҷихати халли масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат тибқи тартиби муқараргардида шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва дигар шӯрою комиссияҳо, коллективҳои муваққатии илмӣ (эҷодӣ), гурӯҳҳои экспертию кориро таъсис диҳад;

- ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмуддат дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, барои маблағгузории аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, манбаъҳои дигари давлатӣ, маблағгузории фаъолияти ғайритиҷоратии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо дархостҳо пешниҳод намояд;

- дар ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат иштирок намояд;

- бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат муарифӣ намояд, бо мақомоти давлатии кишоварзии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои байниидоравӣ бандад, фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом диҳид, экспертизаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва шартномаҳоро оид ба истеҳсолоти муштарак амалӣ намояд;

- бо тартиби муқарраргардида қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо ва дигар маводи дастурии соҳавиро ҷиҳати ҳифзи табиат, муҳофизати аҳолӣ аз таъсири зарарноки омилҳои техногенӣ таҳия ва тасдиқ намояд:

- дар таъсис азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳа иштирок намояд;

- бо тартиби муқарраршуда фондҳо ва сохторҳои дастгирии кишоварзӣ ва ҳифзи табиатро таъсис диҳад, барои халли масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ҷалб намудани грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалиро кор барад;

- дар доираи хаҷми маблағҳои буҷетии ҷудокардашуда фармоишҳоро барои иҷрои корҳои экспертӣ, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи истехсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат анҷом диҳад;

- ба ҳайси муассис оинномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба моликияти ҷумҳуриявии мансуббудаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиатро тасдиқ намояд;

- дар таҳия ва тасдиқи ҳисоботҳои давлатии омории соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат нштирок намояд ва маълумот пешниҳод кунад;

- мутобиқи муқаррарои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдҳои тиҷоратии хориҷӣ ва истеҳсолоти муштарак оид ба шароитҳои фавқулодда (форсмажорӣ) гувоҳӣ диҳад

- бо тартиби муқарраршуда нашрияҳои соҳавӣ таъсис диҳад ва ба фаъолияти нашриётӣ машғул гардад;

- дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат ахбороти роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, инчунин шарҳвандонро дар масъалаҳои риояи талаботҳои қонунгузории ҳифзи табиат, иҷрои чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар масъалаҳои соҳаи истифодаи табиат шунавад;

- бо тартиби муқарриргардида фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро барои вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зист, қоида ва меъёрҳои экологӣ боздорад, маҳдуд намояд, пешниҳодотро барои аз эътибор соқит донистани иҷозатномаи (рухсатномаи) аз тарафи дигар мақомот додашуда, ба суд манзур намояд;

- ба истиыодадиҳӣ, сохтмон ё барқарорсозии иншоотҳоеро, ки бо вайрон кардани меъёрҳои экологӣ, қоида ва хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ иҷро гаштаанд, манъ намояд;

- барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қоида ва меъёрҳои экологӣ дастурҳои иҷроаш ҳатмиро диҳад;

- бо ҳамкории мақомоти давлатии ваколатдор санҷиши воситаҳои нақлиётиро бо миқсади таъмини риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ созад;

- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан, инчунин ба тарзи транзитӣинтиқол додани борҳои аз назари экологӣ хатарнок (моддаҳои химиявӣ ва лавозимоти биологӣ, аз ҷумла маҳсулоти дубора истифодашаванда, техника, технология, партовҳо, захираҳои ашёи хом)-ро ки бо вайрон кардани қоида ва меъёрҳои ҳифзи табиат ва экологӣ сурат гирифтаанд, бо тартиби пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ манъ намояд;

- маводҳоро дар бораи вайронсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ба мақомоти ҳифзи хуқуқ ва судҳо дар хусуси баргардонидани зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ташкилотҳо ва нншоотҳоро новобаста ба тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият санҷиш намояд;

- нозирони давлатии ҳифзи табиат бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд, хангоми иҷрои вазифаҳои худ либосҳои расмӣ пӯшида, бо яроқи оташфишон ва нишонаҳои фарқкунанда гарданд;

- бо Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорон, Шӯрои хоҷагиҳои ҷамоавии кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистои хамкорӣ мекунад;

- дигар ваколатҳоеро мавриди амал қарор диҳад, ки ба санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумхурии Тоҷикистон мухолиф нестанд;

- амалӣ  намудани  аудити  дохилӣ  ҷиҳати  мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва  ташкилотҳои буҷетии системаи Вазорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603)

6. Вазорат мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои фаъолиятҳои асосии зеринро таъмин менамояд:

- муайян намудани тамоюлҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин таҳияи нақшаи барномаҳои рушди соҳаҳои мазкур;

- расонидани кӯмаки методию ташкилӣ ба ташкилоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷанагл, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷм ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, таҳияи тафсияҳо оид ба ҷори намудани усулу тарзҳои нав ва самарабахши истеҳсолот, селексияи растаниҳо, парвариши чорвои зотӣ парранда ва моҳӣ, истифодаи техникаи муосир, маводи кимёвӣ ва воситаҳои дигари муҳофизати растаниҳо;

- пешбурди мониторинги вазъи ҷории истеҳсолот ва хароҷоти қиёсии корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, коркарди пахта, даромад ва зарар;

- таҳияи тадбирҳое, ки ба ташаккул ёфтани амнияти озуқаворӣ, рушди ситеҳсолоти хоҷагии кошоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мусоидат менамоянд;

- ҳамоҳангсозии кори тухмипарварӣ, муайян ва минтақабандӣ намудани навъу намудҳои серҳосилтарин ва сифатноки зироатҳо, чорвои зотӣ, моҳӣ, парранда, занбӯри асал, таҳияи усулҳои парвариши онҳо ва новобаста ба шакли моликият, фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани ҳамаи истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ бо маводи сифатноки тухмӣ, кӯчат, ниҳол, моҳича, занбӯр ва ҷавонаҳои чорвои зотӣ, мутобиқи эҳтиёҷоти онҳо;

- бо тартиби муқарраргардида таҳияи стандартҳои соҳавӣ, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо ва нормативҳои зарурӣ, ки тифқи қонунгузории муҳофизати муҳити зист ва инсон, бехатарии истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳифз намудани ҳосилхезии заминҳо, сифати маҳсулот ва риоя намудани онҳо ва назорати иҷрои онҳо аз тарафи ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият;

- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати баланд бардоштани самарамокии истифодаи маблағҳои давлатии ба корхонаҳои кишоварзӣ ҳифзи табиат ҷудокардашуда ва сармоягузориҳои хориҷии ҷалбгардида, мониторинги истифодаи онҳо, таҳияи пешниҳодот ҷиҳати баланд бардоштани таъминоти бозори дохилб ва афзоиши содироти маҳсулоти бахши кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал;

- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили сохтори идоркунӣ, таҷдиди истеҳсолот ва корхонаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоиди бозорӣ (ташкилӣ, содиротию воридотӣ, андозбандӣ, мелиоративӣ, нақлиётӣ, қарзӣ ва ғайра), кам намудани зарари истеҳсолоти кишоварзӣ;

- дар якҷоягӣ бо вазорту идораҳои дахлдор ҷалб намудани сармоягузории хориҷию ватанӣ барои рушди бахш, дасгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат, ташаккули инфраструктураи бозории истеҳсолоти кишоварзӣ;

- ҳамлҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ ва соҳаи ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои таиӣ, заҳрхимикатҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосир;

- тасдиқи талаботи (қоидаҳои) байторӣ ҳангоми лоиҳакашии объектҳои чорводорӣ;

- назорати байторӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ ва фаъолият дар мубориза бо бемориҳои ҳайвонот;

- таъмин кардани риояи талаботи карантини растанӣ ва ҳайвонот;

- гузаронидани озмоиши давлатии навъҳои зироатҳо ва зоту ҷинсҳо ҳайвоноти кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллифии селексионерҳо, додани шаҳодатномаи муаллифӣ ва патентҳо барои дастовардҳои селексионӣ, таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати минтақабандии зироатҳо ва ҳайвоноти кишловарзӣ, пешбурди феҳристи давлатии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳайвонот, ки барои парвариш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд;

- таъминоти методӣ, иттилоотӣ ва машваратии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат фаъолият мекунанд;

- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатномаҳо (литсензия) барои фаъолият дар соҳаҳои алоҳидаи кишоварзӣ, истифодаи фонди хоҷагии ҷангал, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ба ворид ва содироти моддаҳо ва таҷҳизоти вайронкунандаи қабати озон, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гӯрониданн партовҳои хатарнок, гидрометереология (обуҳавосанҷӣ) ва субъектҳои ба соҳа алоқаманд, ки ба сохтори хадамоти давлатии обуҳавосанҷии Ҷумхурии Тоҷикистон дохил намешаванд;

- гузаронидани ташхиси лабаратории маҳсулоти истеҳсолшаванда;

- дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибки қонунгузории Ҷумқурии Тоҷикистон додани сертификати мутобиқати сифат ба маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ;

- таъмини рушд ва такомули хизматрасонии истеҳсолию техникӣ дар таъмири техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизотҳои фермаҳои чорводорӣ;

- мутобиқи аҳдномаҳои лизингии дахлдор ба ҷумҳурӣ ворид намудани техникаи нави кишоварзӣ;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии кадри дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- рушди робитаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- маърӯзаҳои миллӣ ва ҳисоботҳоро оид ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар ҳар ду сол омода ва нашр менамояд;

- барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро оид ба ҳифзи муҳити табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таҳияи менамояд ва иҷрои онҳоро ҳамоҳанг месозад;

- самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣғтадқиқотӣ, таҷрибавӣғконструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ, таъсиси технологияи нави пшқадамро дар соҳаи кишоварзӣ, ҳифз ва истифодабарии табиат таҳияи ва тасдиқ менамояд;

- додани хулосаҳои экспертизаи экологӣ барои бурдани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятҳо;

- мувофиқасозии пешниҳодҳо оид ба ҷой, лоиҳаҳои сохтмонӣ ва азнавсозии иншоот, маводҳо барои гузаронидани корҳои сохтмонӣ, тарконишӣ, қаъриобӣ ва ғайра дар иншоотҳои обӣ ва минтақаҳои наздисоҳилӣ, гӯронидани (ҷойгиркунии) ҳамаи намуди партовҳо (ба истиснои радиоактивӣ), нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ дар карерҳои сарватҳои маъмули умум, ки ба муҳити атроф таьсир мерасонанд;

- муайянсозии лимитҳо ба табиатистифодабарӣ ва ифлоскунии муҳити зист;

- баҳодиҳии таъсир ба муҳити табиат ва экспертизаи экологӣ дар фаъолиятҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра банақшагирифтаро, ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории ҳифзи табиат ва бехатарии экологӣ мегузаронад ва ба онҳо хулосаҳои дахлдор медиҳад;

- пешбурди кадастри давлатии худудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, объектҳои олами наботот, обҳои руизаминӣ ва ҷангалзорхоро ба роҳ мемонад. Системаи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табииро ташаккул дода, идоракунӣ ва назорати давлатии онҳоро ба амал меборорад;

- якҷоя бо дигар мақомотҳои махсуси ваколатдор чораҳои такмил додани механизми танзими иқтисодии истифодаи оқилона ва ҳифзи табиатро таҳия ва амалӣ сохта, методикаи баҳодиҳии иқтисодии (арзишии) захираҳои табиӣ ва таъсири фаъолиятҳои амалишавандаро ба муҳити зист муайян мекунад;

- бо тартиби муқарраршуда ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба ташкил ва таъмини фаъолияти системаи комплексии мониторинги вазъи ҳифзи табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ амалӣ месозад:

- бо тартиби муқарраршуда дар ташкили захираҳои давлатии иттилоотии дорои маълумоти вазъи ҳифзи табиат, захираҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, инчунин дар ташкили системаҳои иттилоотии захираҳои табиӣ иштирок мекунад;

- барои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меьёрҳои истифодаи захираҳои табиӣ, объектҳои олами ҳайвоноту наботот, партовҳо ва рехтании модддаҳои заҳролуд ба муҳити зист, ҷобаҷокунии партовҳоро муқаррар мекунад:

- дар доираи салоҳияти худ ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи истифодаи табиат ва ҳифзи он амалӣ сохта, бо тартиби муқарраршуда шартномаҳои байналмилалӣ мебандад ва ухдадориҳои баймалмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд;

- ба амал баровардани ҳуқуқҳои давлатии соҳиб будан, истифода ва ихтиёрдории фондҳои ҷангалро таъмин намуда, ҳисоби фонди ҷангалро пеш мебарад;

- ба корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигар хоҷагиҳо дар бунёд ва парвариши ниҳолҳои ҳимоявии ҷангал ва ва ташкили парваришгоҳҳо кӯмаки техникию методӣ мерасонад;

- бо тартиби муқарраршуда фаъолиятро оид ба туризми экологӣ дар худудҳои махсус муҳофизатшаванда ба амал мебарорад:

- дар ташкили системаи умумии тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ иштирок мекунад, корҳои таблиғотӣ ва донишомӯзиро бо шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба роҳ мемонад;

- асноди дастурию методӣ ва меъёриро оид ба муқаррарсозӣ ва ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои ҳифзи табиӣ, партофтани (рехтани) моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунии парвтоҳо ва дигар намудҳои таъсиррасони зарарнок ба муҳити зистро таҳия менамояд;

- баҳисобгирии давлатии иншоотҳои ифлоскунандаи муҳити зист ё таъсири дигари манфирасонандаро амалӣ месозад, бо тартиби муқараргардида дидбонгоҳои экологӣ ва нуқтаҳои мушоҳида ва назорати ҳолати ҳифзи табиатро ташкил мекунад;

- тибқи вазифаҳои вогузошташуда ва муқаррароти қонунгузорӣ ҷамъопарӣ ва пешниҳоди иттиоолоти омории дахлдорро оид ба вазъи захираҳои ҷангал ва ҳифзи он ро таъмин менамояд;

- барои халли масъалаҳои илмию техникӣ дар назди Вазорат Шӯрои илмию техникӣ ташкил карда мешавад.

III. Фаъолияти ташкилӣ

Вазоратро Вазир рохбарӣ менамояд, ки ӯро Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Вазир муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Тақсими ӯҳдадориҳо байни муовинони Вазир аз тарафи Вазир бо фармони ӯ анҷом дода мешавад.

Вазир барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида ва амалисозии сиёсати давлатии соҳа масъулияти шахсӣ ба ӯҳда дорад;

Дар Вазорат ҳайати мушовара иборат аз Вазир (раис), муовинони ӯ аз рӯи вазифа, инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармонҳои Вазир амалӣ карда мешаванд.

8. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳо дар самтҳои асосии фаъолият ба ҳисоб мераванд.

9. Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ӯҳдадориҳоро байни муовинон тақсим мекунад;

- низомномаи воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, агентиҳо бозрасиҳо, хадамот инчунин оинномаҳои корхонаву муассисаҳои дар замимаи 4 бударо тасдиқ мекунад;

- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарон ва муовинони роҳбарони сохторҳои тобеъ ва мақомоти ҳудудии Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба хизмати давлатиро менамояд;

- дар доираи шумораи кормандон, сохтор, фонди музди меҳнати кормандонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, инчунин ҷадвали воҳиди корӣ сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорат ва корхонаҳои тобеи худро тасдиқ мекунад;

- нақшаи кории ҳарсола, нишондиҳанда ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти сохторҳои системаи Вазорат, хадамот, агентиҳо, ташкилоти мақомоти Вазоратро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мекунад;

- ба Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳоро оид ба ташкили лоиҳаи буҷети давдатӣ дар қисми таъмини фаъолияти молиявии сохторҳои система, хадамот, агентиҳо ва ташкилоти Вазорат пешниҳод менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурмн Тоҷнкистон лоиҳаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва дигар ҳуҷҷатҳои дар банди 4 Низомномаи мазкур нишондодаро пешниҳод мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои давлатӣ, ташкилоте, ки дар тобеияти хадамот, агентиҳо ва ташкилоти Вазорат қарор доранд, пешниҳодот манзур менамояд;

- карорҳои ба конунгузорӣ мухолифатдоштаи хадамот, агентиҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазоратро дар сурате, ки дигар тартиби беэътибор сохтани қарорҳо тибқи конунгузорӣ набошад. аз зътибор соқит менамояд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани рохбарони хадамоту агентиҳое, ки дар Нақшаи идоракунии Вазорат пешбинӣ карда шудаанд ва Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- бо пешниҳоди роҳбарони хадамот, агентиҳо ва ташкилоти системаи Вазорат муовинон ва сармуҳосибони онҳо ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони мақомоти маҳалии системаи худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, хамчунин хадамот, агентиҳо, мақомоти ҳудуди ва дигар шахсони дар соҳаи таҳти салоҳияти Вазорат амалкунандаро ба унвонҳои фахрӣ ва дигар мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешинҳод менамояд;

10. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдошти дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоте, ки ба Нақшаи идораи вазорат шомиланд, ннчунин корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат аз ҳисоби буҷетхои ҷумхуриявӣ ва махалллӣ тибқи тартиби муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

11. Бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон дастурамали истифодабарии маблағҳои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, зидди ҳашароти зараррасон, дастгирии боғутокпарварӣ, барои хариди тухмӣ, рушди соҳаи занбӯрпарварӣ ва ташкили маркази биотехнологияи чорвои Вазоратро тасдиқ менамояд.

12. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва номи худ, бланкхо, мӯҳрҳо ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

13. Суроғаи ҳуқуқии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумхурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ - 44 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 591

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Сарраёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинӣ Раёсати молия ва муҳосбӣ

Раёсати растанипарварӣ

Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрпарварӣ

Раёсати коркарди пахта ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ

Раёсати сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ

Раёсати илм ва сиёсати кадрӣ

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати истифода ва ҳифзи табиат

Раёсати корҳо

Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқи ва назорат

Замимаи 3

бо қарори Хукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 591

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ идоракунии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат

Хадамоти назорати давлатии байторӣ

Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмӣ

Хадамоти давлатии зотпарварӣ

Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор

Агентии обу ҳавошиносӣ ва зидди ҷола

Раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо

Шуъбаи аудити дохили (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 603)

Замимаи 4

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 591

тасдиқ шудааст

НОМГӯИ ташкилотҳои Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ташкилотҳои тиҷоратӣ

Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ ва паррандаҳо "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати паррандапарварии Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ "Асали Тоҷикистон"

Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ"

Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ"

Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашр "Кишоварз"

Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар "Тоҷикниҳолпарвар"

Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳипарвар"

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикдеҳқоншифо"

Корхонаи воҳиди давлатии "Сайду саёҳат"

Корхонаи воҳиди давлатии "Идораи рӯзномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат "Табиат ва ҳаёт" ва маҷаллаи "Кишоварзӣ ва ҳифзи табиат"

Корхонаи воҳиди давлатии "Мадад"

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат"

Маркази ҷумҳуриявии илмию истеҳсолии "Табиат"

Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007с. № 597)

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007с. № 597)

ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

Муассисаи давлатии "Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат"

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ"

Муассисаи давдатии таълимии "Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар"

Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Стансияи давлатии озмошии мошинҳои Тоҷикистон"

Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво

Муассисаи давлатии "Трести чорагоҳу мелиоративӣ"

Муассисаи давлатии "Зотпарвар"

Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ

Муассисаи давлатии "Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ"

Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ

Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ

Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ва хоҷагии ҷангал"

Маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об

Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат

Муасисаи давлатии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда "Парки Миллии Тоҷикистон"

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 591

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати кмшоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва обуҳавосанҷиро амалӣ месозад.

2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, карорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Презнденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату ндораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

4. Вазорат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- таҳияи барномаҳо ва дурнамои истеҳсолот, ки истифодаи самараноки иқтидори кишоварзӣ ва ҳифзи табиати мамлакатро таъмин менамоянд;

- ташкили мониторинги истеҳсолот ва даромаднокии истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, муайян намудани тамоюлҳои рушд, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, меъёрҳо ва нормативҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат бо тартиби муқарагардида тасдиқ намудан ва назорати иҷрои онҳо;

- назорат оид ба риояи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва тавсияҳои муқарраргардида, гузаронидани таҳлили нишондиҳандахои асосии омории истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- бо мақсади муҳофизати сифати маҳсулот, бехатарии техникӣ ва экологӣ мутобиқи қонунгузорӣ ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол ва истифода, нигаҳдорӣ, фурӯш ва муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ, техника, нуриҳои маьданӣ ва заҳрхимикатҳо, ашёи хом ва масолех;

- таҳияи пешниҳодот оид ба рушди корҳои селексионӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, моҳипарварӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ ва зотпарварӣ, занбурпарварӣ, ҳифзи растаниҳо ва истифодаи пеститсидҳо ва дигар заҳрхимикатҳо дар мубориза бар зидди зараррасонҳоп кишоварзӣ, механизатсия, таъмини рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва рушди инфраструктураи деҳот;

- дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот, иҷрои корҳои кишоварзӣ;

- роҳбарии умумии ташкилотҳои системаи Назоратро анҷом медиҳад;

- таъмини бехатарии экологӣ ва пешбурди сиёсати ягонаи экологии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавистеҳсолкунӣ, истифода ва ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ , хоҷагии ҷангал, обуҳавошиносӣ,таъсири фаъол ба ҷараён ва падидаҳои обуҳавошиносӣ;

- назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, ҷангалзор, захираҳои обӣ, ҳавои атмосферӣ, замин, каъри замин, муомилот бо партовҳо, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;

- ташкил ва гузаронидани назорати мунтазами гидрометериологӣ, омӯзиш ва таҳлили ҳолати муҳити зист, бавуқӯъои ва рушди ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ;

- такмил додани системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиие, ки бо сабаби обу ҳаво ва сатҳи бағоят баланди олудашавии муҳити зист рух дода, боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқуллода ва зарарҳо мегарданд;

- баҳодиҳии комплексӣ ва пешгӯии вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва аҳолӣ бо иттилооти дахлдор;

- таҳия ва андешидани чораҳо, ки ба таъмини ҳифз, беҳдошти муҳит ва беҳтаршавии муҳити зист равона шудаанд, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, нигаҳдории хосиятҳои муҳитофаранда, ҳимоякунӣ, рекреатсионӣ ва дигар хосиятҳои фоидаоварӣ муҳити табиат;

- ҳамоҳангсозии фаъолият бо вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли фаъолият ва тобеият оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ, ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба конвенсияҳои байналмилалӣ, иштирок дар шартномаҳо ва созишномаҳо оид ба масъалаҳое, ки мансуби доираи ваколати Возорат;

- мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо барои соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захтраҳои табиӣ, пешбурди хоҷагии ҷангал.

II. Ваколатҳо

5. Ба зиммаи Вазорат ваколатҳои зерин гузошта шудаанд:

- ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ҳуҷҷатҳое, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба соҳаи вазорат, хадамот, агентиҳо ва ташкилотҳои тобеи он дахлдор, ҳамчунин лоиҳаи нақшаҳои корӣ ва нишондодҳои дурнамои фаъолияти вазоратро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- амалӣ намудани ҳамоҳангсозии корҳои дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат;

- аз вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳо, корхонаҳо дигар ташкилотҳо ва хоҷагиҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар масъалаҳои ба фаъолияти худ дахлдор, мувофиқи тартиботи муқараргардида ахборот дархост намояд;

- бо тартиби муқараргардида маблағҳои махсуси Вазоратро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон идора мекунад;

- ҷихати халли масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат тибқи тартиби муқараргардида шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва дигар шӯрою комиссияҳо, коллективҳои муваққатии илмӣ (эҷодӣ), гурӯҳҳои экспертию кориро таъсис диҳад;

- ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмуддат дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, барои маблағгузории аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, манбаъҳои дигари давлатӣ, маблағгузории фаъолияти ғайритиҷоратии корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо дархостҳо пешниҳод намояд;

- дар ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиат иштирок намояд;

- бо тартиби муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат муарифӣ намояд, бо мақомоти давлатии кишоварзии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои байниидоравӣ бандад, фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом диҳид, экспертизаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва шартномаҳоро оид ба истеҳсолоти муштарак амалӣ намояд;

- бо тартиби муқарраргардида қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо ва дигар маводи дастурии соҳавиро ҷиҳати ҳифзи табиат, муҳофизати аҳолӣ аз таъсири зарарноки омилҳои техногенӣ таҳия ва тасдиқ намояд:

- дар таъсис азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳа иштирок намояд;

- бо тартиби муқарраршуда фондҳо ва сохторҳои дастгирии кишоварзӣ ва ҳифзи табиатро таъсис диҳад, барои халли масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ҷалб намудани грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалиро кор барад;

- дар доираи хаҷми маблағҳои буҷетии ҷудокардашуда фармоишҳоро барои иҷрои корҳои экспертӣ, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи истехсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат анҷом диҳад;

- ба ҳайси муассис оинномаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ба моликияти ҷумҳуриявии мансуббудаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи табиатро тасдиқ намояд;

- дар таҳия ва тасдиқи ҳисоботҳои давлатии омории соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳифзи табиат нштирок намояд ва маълумот пешниҳод кунад;

- мутобиқи муқаррарои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдҳои тиҷоратии хориҷӣ ва истеҳсолоти муштарак оид ба шароитҳои фавқулодда (форсмажорӣ) гувоҳӣ диҳад

- бо тартиби муқарраршуда нашрияҳои соҳавӣ таъсис диҳад ва ба фаъолияти нашриётӣ машғул гардад;

- дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат ахбороти роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро новобаста ба тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, инчунин шарҳвандонро дар масъалаҳои риояи талаботҳои қонунгузории ҳифзи табиат, иҷрои чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар масъалаҳои соҳаи истифодаи табиат шунавад;

- бо тартиби муқарриргардида фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро барои вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи табиат ва ҳифзи муҳити зист, қоида ва меъёрҳои экологӣ боздорад, маҳдуд намояд, пешниҳодотро барои аз эътибор соқит донистани иҷозатномаи (рухсатномаи) аз тарафи дигар мақомот додашуда, ба суд манзур намояд;

- ба истиыодадиҳӣ, сохтмон ё барқарорсозии иншоотҳоеро, ки бо вайрон кардани меъёрҳои экологӣ, қоида ва хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ иҷро гаштаанд, манъ намояд;

- барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қоида ва меъёрҳои экологӣ дастурҳои иҷроаш ҳатмиро диҳад;

- бо ҳамкории мақомоти давлатии ваколатдор санҷиши воситаҳои нақлиётиро бо миқсади таъмини риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ созад;

- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан, инчунин ба тарзи транзитӣинтиқол додани борҳои аз назари экологӣ хатарнок (моддаҳои химиявӣ ва лавозимоти биологӣ, аз ҷумла маҳсулоти дубора истифодашаванда, техника, технология, партовҳо, захираҳои ашёи хом)-ро ки бо вайрон кардани қоида ва меъёрҳои ҳифзи табиат ва экологӣ сурат гирифтаанд, бо тартиби пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ манъ намояд;

- маводҳоро дар бораи вайронсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ба мақомоти ҳифзи хуқуқ ва судҳо дар хусуси баргардонидани зарари ба табиат расонидашуда пешниҳод намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ташкилотҳо ва нншоотҳоро новобаста ба тобеъияти идоравӣ ва шакли моликият санҷиш намояд;

- нозирони давлатии ҳифзи табиат бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд, хангоми иҷрои вазифаҳои худ либосҳои расмӣ пӯшида, бо яроқи оташфишон ва нишонаҳои фарқкунанда гарданд;

- бо Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорон, Шӯрои хоҷагиҳои ҷамоавии кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистои хамкорӣ мекунад;

- дигар ваколатҳоеро мавриди амал қарор диҳад, ки ба санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумхурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.