Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
Мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти таъмини соҳаи кишоварзӣ бо техника ва дигар мошинолотoои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" таъсис дода шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фонди оинномавии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" ва ба роҳ мондани амалиёти лизингӣ дар буҷети ҷумҳурӣ барои соли 2008 маблағи 8 млн. сомонӣ пешбинӣ намояд.
3. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"-ро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Ба Номгӯи ташкилотҳои Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2006, № 591 "Дар бораи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 ноябри соли 2007 № 597
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Республиканского государственного унитарного предприятия "Таджикагролизинг"
В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и для обеспечения сельскохозяйственных предприятий техникой и другими сельскохозяйственными машинами Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Создать Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг".
2.Министерству финансов Республики Таджикистан для формирования уставного фонда Республиканского государственного унитарного предприятия "Таджикагролизинг" и проведения лизинговых операций предусмотреть в бюджете республики на 2008 год 8 млн. сомони.
3.Министерству сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан в течении двух месяцев разработать Устав Республиканского государственного унитарного предприятия "Таджикагролизинг" и в установленном порядке представить в Правительства Республики Таджикистан.
4.В Перечень организаций Министерства сельского хозяйства и охрана природы Республика Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №591 "О Министерстве сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан" дополнить слова "Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 30 ноября 2007 года № 597
г. Душанбе