Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 592
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 592
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 283, аз 29.04.2009 № 274, аз 30.12.2011№ 673, аз 30.12.2015 № 819)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 283, аз 29.04.2009 № 274, аз 30.12.2011№ 673, аз 30.12.2015 № 819)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат, хуқуқ озодиҳо ва амнияти шахсони воқеию хуқуқӣ ва амволи онҳоро таъмин менамояд.
2. Вазорат дар масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат менамояд.
3. Вазифаҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- таҳияи стратегияи умумии сиёсати давлатӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
- пешниҳод оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
...