Тартиби ҳисоби маблағи иҷора барои истифодаи амволи давлатӣ аз 31 декабри соли 2004, № 515

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2004 № 515

тасдиқ шудааст

Тартиби ҳисоби маблағи иҷора барои истифодаи амволи давлатӣ

1. Муқаррароти умумӣ

Тартиби мазкур муносибатҳои иҷораро ба танзим медароранд, таҳия шуда, тартиби ҳисоб кардани музди иҷора барои истифодабарии амволи давлатиро муайян мекунад.

1. Шартномаи иҷораи амволи давлати бояд андозаи иҷорапулиро пешбини намояд. Дар ҳолати набудани ризояти хаттии тарафҳо оид ба шартҳои андозаи иҷорапули шартномаи иҷораи амволи давлати бе эътибор дониста мешавад.

2. Иҷорапули барои истифодаи амволи давлати бо дарназардошти шакли моликият: барои амволи ҷумҳурияви ба буҷети ҷумҳурияви ва барои амволи коммунали ба буҷети маҳаллии дахлдор пардохта мешавад.

II. Иҷорапули барои истифодабарии амволи давлатӣ

3. Андозаи иҷорапули бо розигии тарафҳо муқаррар карда мешавад ва он набояд аз маблағи солонаи фарсудашавии амволи ба иҷора додашуда кам бошад.

4. Арзиши амволе, ки ба иҷора дода мешавад, ба тариқи зайл муқаррар карда мешавад:

АИ - Арзиши ибтидои бо нархи соли ба истифода додан;

СИ - соли баистифодадиҳи;

СҲ - соли ҳисоботи;

АБ - арзиши барқароркардашуда бо дарназардошти коэффитсиентҳои азнавҳисобкунии солҳои 1991 (К1), 1993 (К2), 1996 (К3), 1998 (К4), 2002 (К5), табдили асъори милли дар солҳои 1995 (Кк-95) ва 2000 (Кк-00);

АБ=АИ х К1хК2 : Кк-95 х КЗ х К4: Кк-00 х К5;

МКА - меъёри солонаи камшавии арзиш;

КАС - камшавии арзиши солона (КАС=АБ х МКА : 100);

ДУИ - давраи умумии истифодабарии воқеи (ДУИ=СҲ-СИ);

ДФВ - дараҷаи фарсудашавии воқеи дар тамоми давраи истифодабари (ДФВ=ДУИ х МКА);

АВФ - арзиши воқеии фарсудашави дар тамоми давраи истифодабари (АВ=АБ х ФХ : 100);

АББ - арзиши боқимондаи барқароршаванда (АББ=АБ-АВФ);

КФО - коэффитсиенти омилҳои бозори;

МҶ - мавқеи ҷойгиршави аз 2 то 8;

КК - коэффитсиенти комфорт аз 2 то 7;

АПБ - арзиши пурраи барқароршаванда бо дарназардошти коэффитсиентҳои бозори (АПБ=АББ х (МКА +КК)+КАС).

5. Дар ҳолате, ки пардохт барои иҷораи бино ва ё иншоот ба воҳиди масоҳати бино (иншоот) муқаррар шудааст ва ё бо дигар нишондод, пардохти иҷорапули бо дарназардошти масоҳати воқеии бино ба иҷора додашуда (иншоот) муайян карда мешавад.

6. Иҷорапули барои истифодабарии амвол бо намуди зерин муқаррар карда мешавад:

1) маблағи устувори пардохтҳо дар шаклҳои, ки мунтазам ва ё яквақта ворид карда мешаванд;

2) ҳиссаи муқарраршуда, ки дар натиҷаи истифодабарии амволи иҷорагирифта, маҳсулот, ҳосил ва ё даромад гирифта шудааст;

3) аз ҷониби иҷорагир пешниҳод гардидани хизматҳои муайян;

4) ба зиммаи иҷорагир вогузоштани хароҷотҳо барои беҳтар намудани ҳолати амволи ба иҷора гирифта;

Тарафҳо метавонанд дар шартнома шаклҳои номбаршуда ва ё барои истифодаи амволи иҷора дигар намудҳои пардохтро муайян кунанд.

7. Ҳамаи шаклҳои номбаршудаи иҷорапули, арзиши ҳар як навъи мушаххаси онҳо бояд аз рӯи андозаи худ ба арзиши иҷорапули, ки тибқи банди 4 тартиби мазкур муайян карда шудааст, баробар бошад.

8. Андозаи иҷорапули, ки дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома метавонад тағйир ёбад, вале танҳо як маротиба дар давоми сол.

III. Иҷорапулӣ барои истифодабарии корхонаҳои давлатӣ

9. Андозаи иҷорапули бо розигии тарафҳо муқаррар карда мешавад ва он набояд камтар аз маблағи солонаи истеҳлок барои пурра барқароркунии воситаҳои асоси ва миқдори муайяни даромади софе, ки дар баланси корхонаи давлати аст, бошад.

10. Арзиши иҷорапулии корхона, ки ҳамчун маҷмӯи амвол, дар асоси маълумотҳои баланси корхона бо дарназардошти замимаи ҳатмии воситаҳои асоси, ки дар ҳисоби 01 "Воситаҳои асоси" дохил шудааст, муайян карда мешавад.

11. Ба арзиши иҷорапули маблағи солонаи фарсудашавип воситаҳои асоси, ки дар ҳисоби 01 "Воситаҳои асоси" ба қайд гирифта шудаанд, дохил карда мешавад. Зимнан маблағи солонаи фарсудашавии воситаҳои асоси дар асоси меъёри ягонаи ҳисобкунии фарсудашавии воситаҳои асоси, ки бо фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1997 № 86 тасдиқ карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.

12. Андозаи иҷорапули мумкин аст бо розигии тарафҳо дар мӯҳлати муқарраркардаи шартнома дигаргун карда шавад, вале на бештар аз як маротиба дар давоми сол.

13. Андозаи иҷорапули мумкин аст пеш аз мӯҳлат бо талаби иҷорадеҳ дар ҳолати татбиқи азнавнархгузории воситаҳои асоси дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.