НИЗОМНОМАИ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 451, аз 18.05.2012 № 247)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ва мелиоратсияи замин, мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳукуқӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои обёришаванда, истифода ва нигахдошти объектҳои хоҷагии об, ташакулёбӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, сохтмон фаъолиятро анҷом медиҳад ().
2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои таҳти тобеияташ қарордоштаро анҷом медиҳад.
3. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунии дигар ташкилот анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои лоиҳаҳои қонунҳо, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод менамояд;
- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти воҳидҳои системаро муайян менамояд;
- мустақилона ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои обёришаванда, истифода ва ҳифзи захираҳои об, сохтмони иншооти хоҷагии об, корҳоро анҷом медиҳад ();
- идоракунии ҳамгироишуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои обии навъҳои ҳавзавӣ;
- пешбурди баҳисобгирии ташакулёбӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, рушди милиоратсияи замин, ҳифзи ҳудуд аз таъсири зиёновари об ();
- таҳия намудани тарифҳои тафриқашудаи хизмати обрасонӣ, бо дарназардошти арзиши Бозаргонии хароҷот барои нигаҳдошт ва истифодаи иншооти хоҷагии об;
- таҳияи пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар доираи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониториги ҳолати Захираҳои об, назорати вазъи техникии иншооти обӣ;
- тасдиқи нақшаҳои бисёрсола ва солонаи корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба баланд бардоштани самарабахшии истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- пешбурди сиёсати судманди инвеститсионӣ ва мутаносибгаронии маблағгузории муттамаркази давлатӣ ва маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳои система бо мақсади рушди мелиоратсияи замин, нигаҳдошт ва истифодаи иншооти хоҷагии об ();
- мусоидат ба ҷалби инвеститсия барои навсозӣ ва рушди иншооти хоҷагии об, ҷорӣ намудани технологияи муосири идора вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- мусоидат ба дастгирии давлатӣ барои нигахдошт ва истифодаи иншооти обёрии мошинӣ;
- муайян намудани тартиби фароҳам овардани ҳуқуқи идоракунии раёсатҳои хоҷагии оби давлатӣ ва воҳидҳои махсусгардонидашуда;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатии хоҷагиҳои обистифодабаранда, корхонаю ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ, лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, илмию тадқиқоти ва дигар корхонаю ташкилоти система;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти худ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилот сарфи назар аз шакли моликият оид ба масъалаҳои истифодаи судманд ва ҳифзи захираҳои обӣ, баланд бардоштани эътимоднокии кори иншооти ҳоҷагии об, гузаронидани мелиоратсияи замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи муқараргардидаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилоти вазорату идораҳо дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба масъалаҳои обтаъминкунӣ машғуланд;
- таҳлил ва пешбурди баҳисобгирии истифодаи судманд ва ҳифзи захираҳои об, меъёрҳо ва лимитҳои муқарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби обистифодабарандагон, сарфи назар аз шакли моликият ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи об аз ҷониби соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, инчунин дигар маълумот оид ба захираҳои об ();
- таҳияи баланси захираҳои об ва нақшаи истифодаи маҷмӯии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо, ҳудудҳо ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ;
- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ гузаронидани мониторинги иншооти обӣ;
- ташкили истифодаи судманди замини фонди давлатии об;
- таъсиси фонди суғурта аз ҳисоби пардохтҳо барои хизмати обрасонӣ ҷиҳати барқарорсозии фондҳои асосӣ ва аз байн бурдани офатҳои табиӣ;
- иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати нигаҳдошт ва беҳбуди ҳолати иншооти обӣ, оид ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зиёновари об, инчунин ифлосшавии об, барқарорсозии объектҳое, ки дар натиҷаи садама, обхезӣ, сел ва дигар офатҳои табии зарар дидаанд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳо;
- дастгирии машваратии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;
- барои обистифодабарандагон муқаррар намудани лимит барои истифодаи захираҳои обӣ;
- ба мувофиқа расонидан ва додани иҷозат барои сохтмони иншооти хоҷагии об ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- пешбурди баҳисобгирии истифодаи об барои эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт, муқаррар намудани мутобиқати миқдори ва сифатии нишондиҳандаҳои истифодаи об ба талаботи меъёрӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии об;
- пешбурди Реестри давлатии иншооти хоҷагии об, ки маҷмӯи маълумоти ба система даровардашудаи шиносномадиҳӣ ба иншооти хоҷагии об мебошад;
- таъсис ва истифодаи маҳзани маълумот ва системаи иттилоотонӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об;
- ҳамоҳансозии фаъолият оид ба рушди системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази ();
- ба мувофиқа расонидан ҷойгиронӣ ва истифодаи иншоот, корхонаҳо ва объектҳо, пешбурди кор дар объектҳои хоҷагии об дар хатҳои муҳофизатии наздисоҳили;
- ба мувофиқа расонидани маҳали сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳое, ки холати дахлдори техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин менамоянд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодаи онҳо;
- ба мувофиқа расонидани шартҳои пур кардан ва истифодаи обанборҳо, инчунин истифодаи дигар иншооти обӣ барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикӣ;
- додани иҷозат барои истифодаи иншооти обӣ ҷиҳати партофти обҳои олудаи саноатӣ, маишию коммуналӣ, дренажӣ, обҳои борон ва дигар обҳои ҷоришаванда ва истифодаи махсуси об тибқи тартиби муқарраргардида;
- халли баҳсҳо оид ба истифодаи захираҳои обӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии система;
- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилот ва корхонаҳои система;
- маҳдуд сохтани додани об ба обистифодабарандагон, тасҳеҳи нақшаи додани об бо дарназардошти низоми тағйирёфтаи оби манбаи обёрӣ, шароити иқлимӣ, вазъҳои садамавӣ дар иншооти обӣ, таҳдиди хуруҷи эпидемия ва дигар ҳолатхо, инчунин бо мақсади таъмини шароити истифодаи иншооти обӣ барои эҳтиёҷоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва максадҳои маишӣ;
- дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ таъсис додани комиссияҳо;
- гузаронидани озмун ва бастани қарордодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷойгиркунии фармоиш барои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- таҳлили татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолият;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигаҳдошти Вазорат ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;
- ташкили қабули шаҳрвандон, пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, қабули қарор оид ба онҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;
- таъмиии омодагии сафарбарии Вазорат, инчунии назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилот оид ба омодагии сафарбарӣ, ки дар системаи он қарор доданд;
- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;
- иҷрои дигар ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, агар чунин ваколатҳо мутобиқи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои пешбини шуда бошанд.
6. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат заруранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ройгон дархост намояд ва ба даст орад;
- ҳуқуқи обистифодабарандагонро ҳангоми андешидани чораҳои таъхирнопазир оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани оқибатои офатҳои табиӣ, ки аз сабаби таъсири зиёновари об рух додааст, маҳдуд намояд;
- ҳангоми мунтазам пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ истифодаи обро қисман ё пурра маҳдуд намояд;
- истифодабарии обро барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои мунтазам вайрон кардани шартҳои шартномаи обистифодабарӣ, гузаронидани мӯҳлати дар иҷозатнома барои обистифодабарии махсус зикргардида, инчунин ҳангоми ба миён омадани зарурати давлатии баргашта гирифтани иҷозатнома барои обистифодабарии махсус қать гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ ва дигар мукофоти идоравӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шаҳрвандонро сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи фаъолият ташкилоти илми ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат ва корхонаю ташкилоти система қарордошта воситаҳои чопии иттилооти умум таъсис диҳад;
- дигар амалҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро анҷом диҳад.
7. Вазорат дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва инчунин функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқи муқаррар намудаанд.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбини нашшудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудаии чунин маҳдудиятҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ менамояд, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон дорад, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаваид.
Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ҳайати мушовараи Вазорат аз Вазир, муовинони он (вобаста ба вазифа), инчунин дигар аъзо иборат аст, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
9. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо шомиланд.
10. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Вазоратро тасдиқ менамояд;
- оид ба таъини муовинони Вазир ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- кормандони Вазорат ва воҳидҳои сохтории системаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали штатии Вазоратро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигахдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаю муассиса ва дигар ташкилоти система, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- сметаи хароҷот ва ҷадвали штатии воҳидҳои системаро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва воҳидҳои система пешниҳод манзур медорад;
- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба корхонаю муассиса ва ташкилоти система супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳои корхонаю муассиса ва дигар ташкилоти системаро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат, корхонаю муассиса ва ташкилоти система, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат бошад фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад.
11. Маблаӯгузории хароҷоти нигахдории Вазорат аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, анҷом дода мешавад.
12. Вазорат дорои амволе мебошад, ки бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба он дода шудааст.
13. Вазорат шахси ҳуқуқӣ, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти ном, мӯҳрҳои дигар, штампҳо ва намунаи бланки муқарраргардида буда, аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
14. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат - Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 734064, кӯчаи Шамси 5/1 мебошад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 451
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати истифодабарии иншооти обёрӣ
Раёсати захираҳои об, илм ва техника
Раёсати иқтисод ва ояндабинӣ
Раёсати ҳуқуқ ва кадрҳо
Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молия
Раёсати мониторинги пойгоҳҳои обкашӣ ва объектҳои хоҷагии об
Шӯъбаи равобити байналмилалӣ
Шӯъбаи сохтмони асосӣ ва корҳои пудратӣ
Шӯъбаи механизатсия, нақлиёт ва саноат ()
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 451
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон
Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Суғд
Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилояти Хатлон
Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Душанбе
Раёсати байниноҳиявии захираҳои оби Ҳисор ()
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 451
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
Хориҷ карда шуд ()
Муассисаи давлатии "ТоҷикНИИГиМ" (Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия)
Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали "Дӯстлик"-и
Даштҳои ташналаб
Раёсати болодарёи иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби "Амударё"
Муассисаи давлатии "Экспедитсияи гидрогеологию мелиоративӣ"
Муассисаи давлатии шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо
Муассисаи давлатии истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ
Муассисаи давлатии "Обёрии мошинӣ" - и Душанбе
Муассисаи давлатии "Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табиӣ"
Маркази такмили ихтисос
Котиботи комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об
Муассисаи давлатии сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ
ташкилотҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикоблоиҳакашӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Суғдобсохтмон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Вахшобсохтмон"
Корхонаи воҳиди давлатии сохтмонию истифодабарии "Тоҷикселмуҳофизат"
Корхонаи воҳиди давлатии нақби обии Данғара
Корхонаи воҳиди давлатии "Канали Чубеки" - ноҳияи Фархор
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикобавтоматика"
Корхонаи воҳиди давлатии "Масолеҳи оҳану бетонӣ"-и шаҳри Сарбанд
Корхонаи воҳиди давлатии сохтмону комплектатсияи системаҳои мелиоративӣ
Корхонаи хурди воҳиди давлатии "Пешрав"
Корхонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи № 10 шаҳри Ваҳдат
Корхонаи воҳиди давлатии канали "Хоҷабоқиргон"