Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 601

Санаи амалкуни: 29.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 30.05.2008 № 283, аз 28.07.2017 № 367, аз 1.11.2019 № 566, аз 29.08.2023 № 401)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204, аз 30.05.2008 № 283, аз 28.07.2017 № 367, аз 1.11.2019 № 566, аз 29.08.2023 № 401)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амалӣ менамояд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиавӣ масъул буда, сиёсати мудофиавй, риояи қонунгузории соҳаи ҳарбӣ, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин менамояд.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда,  бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният ва тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳамкорӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

4. Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2017 № 367).

II. Ваколатҳо

6. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 601

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиа мебошад, ки роҳбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идораи ҳарбиро амалӣ менамояд. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду омодагии онҳо дар иҷрои вазифаи мудофиавӣ масъул буда, сиёсати мудофиавй, риояи қонунгузории соҳаи ҳарбӣ, фаъолияти самарабахши мақомоти идораи ҳарбиро таъмин менамояд.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро дар доираи ваколатҳои муқарраршуда иҷро намуда, дар айни замон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаҳои амният ва тартиботи ҳуқуқиро идора мекунанд, инчунин бо дигар сохторҳои ҳарбии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳамкорӣ мекунад.

4.Маблағгузории хароҷоти таъминоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

II. Ваколатҳо

6. Вазифаҳои асосии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

- таъмини рафъи ҳамлаи душман ва мағлуб намудани он;

- таъмини ҳифзи фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таьмини муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

- таъмини ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

- таъмини омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарии гарнизонҳои ҳарбӣ;

- ҳифзи хуқуқ, озоди ва манфиатҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;

- мубориза бар зидди терроризм, хариду фурӯши одамон, таъмини иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

7. Ғайр аз ваколатҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" пешбинӣ гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба соҳаи мудофиаро омода менамояд;

- риояи қонунгузориро дар бораи мудофиа таъмин менамояд, мувофиқи тартиби муқарраргардида дар хусуси такмили қонунгузорӣ дар бораи мудофиаи кишвар таклифҳоро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

- ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷомеаи ҷумҳури дар хусуси фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаҷми захираҳои моддию техники, амволи махсусе, ки барои мудофиа ҷудо шудаанд, таклифҳо пешниҳод намуда, ба истифодаи самараноки онҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;

- барои давраи махсус захираҳои эҳтиетии моддию техникиро бунёд намуда, мӯҳлати нигоҳдории онҳоро муайян месозад;

- ҷойгиркунии қӯшунҳо, сохтмон ва истифодаи иншооти махсус, мудофиавӣ ва умумиҳарбиро амалӣ менамояд;

- бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳарбӣ нашр намуда, иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамоҳангсозии саъю кушишҳо ҷиҳати хифзи истиқлолият ва тамомияти арзи таклифу тавсияҳо пешниҳод менамояд;

- барои гузаронидани сиёсати ягонаи ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва кадрӣ пешниҳодхо таҳия мекунад;

- тибқи тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории эхтиёҷоти мудофиа ва дигар масъалахои ҳарбӣ пешниҳодхо омода месозад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси истифодаи маблағҳои ба мудофиа ҷудошуда ҳисобот медиҳад;

- барои сохтан, истеҳсол ва таъмири техникаи харбӣ ва дигар амволи ҳарбӣ, ҳамчунин харидории онҳо фармоишҳои давлатиро ташкил менамояд;

- дар гарнизонҳои ҳарбӣ тартиби муқарраргардидаро таъмин месозад ва бо ин мақсад дар асоси мувофиқа қувва ва воситаҳои дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода мебарад;

- бо тартиби муқарраргардида интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро амалӣ менамояд ва барои ҳолати интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад;

- бо идораҳои ҳарбии давлатҳои дигар ҳамкорӣ менамояд, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иҷозати Маҷлиси Олии Ҷумқурии Тоҷикистон иҷрои ӯхдадориҳои байналмилалиро берун аз ҷумҳурӣ таъмин менамояд;

- ҳамкории доимиро бо мақомоти корӣ ва оинномавии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (дар доираи барномаҳои "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ") ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамояд;

- иҷрои чорабиниҳоро оид ба тайёрии сафарбаркунӣ дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг сохта, назорат мекунад;

- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва сирри давлатӣ дар соҳаи мудофиа ҳамоҳанг месозад;

- иҷрои конунҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолати санитарию беҳдоштиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- консепсия ва нақшаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

- дар аёсоси намояндагӣ барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти (комиссияҳои) ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва Шӯрои ҳарбии фармондеҳи навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла байниидоравӣ таъсис диҳад, ҳангоми зарурат бо тартиби муқарраргардида мутахассисонро ҷалб менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204).

8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳама намуди таъминот тавассути Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

III. Ташкили фаъолият

9. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ки бо тартиби муқарраргардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита роҳбарӣ намуда, барои омодагии ҷангӣ ва сафарбаркунӣ, дигар вазифаҳои ба зиммаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда масъулияти пурра дорад.

10. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи доктринаи ҳарбӣ, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои мудофиа пешниҳодҳо манзур менамояд;

- барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома ва нақшаҳои сохтмони ҳарбӣ, нақшаҳои ҷобаҷокунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбаркунӣ, стратегӣ ва дигар нақшаҳои марбут ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавсозӣ ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, лоиҳаи Низомномаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар низомномаҳоеро, ки тасдиқи онҳо ба ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, пешниҳод менамояд;

- барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии идораи ҳарбӣ, тартиби адои хизмати ҳарбӣ ва дигар низомномаҳоеро, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, пешниҳод мекунад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми захираҳои моддию техникӣ, озуқа, амволи шайъӣ ва дигар амвол барои эҳтиёҷоти мудофиа, инчунин оид ба дигар масъалаҳое, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, пешниҳод менамояд;

- сари вақт ба Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳама намуди таъминот дархост пешниҳод менамояд;

- ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи масъалаҳои ҳарбиро пешниҳод мекунад;

- дар сурати ҳуҷуми ногаҳонии мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони ҳолати ҷангӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омодагии пурраи ҷангӣ оварда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад;

- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи сафарбарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;

- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, дар ҳудуди ваколатҳои хеш музокирот доир мекунад ва ба шартномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад;

- дар ҳудуди ваколатҳои худ иҷрои созишномаҳои байнидавлатиро оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти дастаҷамъӣ таъмин месозад;

- дар кори Шӯрои Вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад ва ҳамкории Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистонро бо Ситоди ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъмин мекунад;

- нақшаи ташкили таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчунин роҳнамо, дастурамал ва қоидаҳои танзимкунандаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204);

- низомномаҳои раёсатҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- сохтори ташкилӣ ва теъдоди ҳайати шахсии мақомоти идорӣ, ҷузъу томҳо ва қисмҳоро дар ҳудуди меъёри шумораи муқарраргардидаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, мувофиқи қонунгузорӣ маоши ҳайати шахсиро муайян месозад;

- шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ қабул мекунад, ё ин ҳуқуқро ба муовини аввали худ вогузор менамояд. Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мансаб таъин намуда, то рутбаи полковник рутбаҳои навбатии ҳарбӣ медиҳад, онҳоро аз хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ва дастурҳо бароварда, дар мавридҳои зарурӣ якҷоя бо дигар вазорат ва идораҳо фармонҳо мебарорад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчуиин аз дигар ҳуқуқҳое, ки санадҳои меъерии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, истифода менамояд.

11. Бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

Муовинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири мудофиа тобеъ буда, сардорони бевоситаи ҳамаи ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳое, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардори Раёсати разведкаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.05.2008 № 204).

12. Сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамот ва дигар воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Онҳо барои дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шудани вазифаҳои махсусе, ки ба салоҳияти онҳо шомиланд, инчунин ба омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ, ҳолати интизоми ҳарбӣ дар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои бевосита ба онҳо тобеъ масъулият доранд.

13. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои солона ва семоҳаи чорабиниҳои асосӣ амалӣ менамояд.

14. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара дар ҳайати Вазир (Раис), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, инчунин дигар шахсони мансабдори Вазорат, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои тасдиқ карда мешаванд, ташкил дода мешавад. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

15. Ба штати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбӣ, коргарон ва хизматчиён дохил мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ гувоҳномаи шахсият дода, ба нигохдорӣ, гирифта гаштани яроқи оташфишони штатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

16. Қабули коргарону хизматчиён ба кор, инчунин аз вазифа озод намудани онҳо дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди генаралии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо фармони ӯ аз тарафи яке аз муовинонаш сурат мегирад. Фармонҳои шабонарӯзии қисми сафӣ дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби яке азмуовинони ӯ имзо карда мешаваыд.

17. Фаъолияти меҳнатии коргарону хизматчиён дар ҷузъу томҳо, қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мешаванд.

18. Бо мақсади амалй гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро ташкил диҳад, ҳақ дорад, ки авиатсияӣ ҳарбии нақлиётиро бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода барад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

19. Фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

20. Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва теъдоди штатии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

21. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои номи воқеӣ ва шартӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳрҳои дахлдор, инчунин суратҳисобҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда мебошад.

22. Суроғаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе кӯчаи Бохтар 59 мебошад.