ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2001
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" ва бо мақсади муқаррар намудани назорати оморӣ ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақоми ҷумҳуриявии омори давлатӣ анҷом медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи корҳои оморӣ барои соли 2001, ки Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли 2001 тасдиқшуда ҷиҳати ҷамъоварӣ ва таҳияи маълумоти оморӣ дар соли 2001 маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
3. Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди саривақтӣ ва ҳаҷман пурраи маълумоти омориро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 декабри соли 2000 № 500
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении программы статистических работ на 2001 год
В соответствии с Законом Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "О государственной статистике" и в целях установления статистических наблюдений за социально-экономическими процессами, осуществляемых республиканским органом государственной статистики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу статистических работ на 2001 год, выполняемых государственным статистическим агентством при Правительстве Республики Таджикистан.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан выделить в пределах утвержденных на 2001 год бюджетных ассигнований средства, необходимые для сбора и разработки статистической информации на 2001 год.
3. Государственному статистическому агентству при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременное и в полном объеме представление статистической информации.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 29 декабря 2000 года №500
г. Душанбе