ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи моҳипарварӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилиро бо мақсади инкишофи ҳамаҷониба, нигоҳдорӣ ва афзун намудани захираҳои моҳӣ, зиёд кардани маҳсулоти моҳии обҳавзаҳо, қонеъ гардонидани талаботи аҳолиро бо маҳсулоти моҳӣ ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- моҳипарварӣ -соҳаи хоҷагии халқ, ки системаи чорабиниҳоро оид ба истеҳсол кардан, афзун гардонидан, ҳифз кардан ва ба фурӯш баровардани моҳӣ ва маҳсулоти онро дар бар мегирад;
- ҳавзҳои моҳипарварӣ - иншооти махсус сохта шуда, ки тамоми раванди истеҳсол ва афзоиши моҳӣ то ба даст овардани маҳсулоти молӣ дар он ба анҷом расонида мешавад;
- махсулоти моҳӣ - моҳии зинда ва мурда, моҳии шӯр, моҳии хушк, моҳии дудхӯрда, консервкардашуда, тухми моҳӣ;
- моҳии зотӣ - ҳамаи намудҳои нарина ва модинаи моҳӣ, насли он, нутфа, тухмҳои бордоршудаи дорои сертификат ё худ шаҳодатномаи зотӣ, ки барои наслгирӣ пешбинӣ шудаанд;
- моҳии молӣ - моҳии дусола, ки барои фурӯш мувофиқ аст;
- воситаҳои моҳигирӣ - дастгоҳ ва асбобу олоти моҳигирие, ки барои сайди моҳӣ дар обанборҳои табиӣ ва сунъӣ мувофиқи қонун иҷозат дода шудааст.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.
Моддаи 3. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ аз инҳо иборат аст:
- ба амал баровардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ;
-қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ва истифодаи захираҳои моҳӣ;
- муайян намудани мақомоти ваколатдор;
- амалӣ кардани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, таҳқиқ, инкишоф, истифода ва муҳофизати захираҳои моҳӣ;
- дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти ваколатдор
Мақомоти ваколатдор дорои чунин салоҳиятҳо мебошанд:
- ташкили низоми махсуси ихтиологӣ дар обҳавзаҳои истеҳсолӣ, таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрию методӣ, стандартҳо, сертификатҳо, ба расмият даровардани иҷозатнома, муайян намудани роҳҳои инкишоф, истифода ва муҳофизати захираҳои моҳӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок ривоҷ додани моҳипарварӣ;
- гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаи сохтмонҳо, навсозии корхонаҳо, таҷҳизоти техникӣ, дигар объектҳое, ки ба ҳолати захираҳои моҳӣ таъсир мерасонанд;
- танзими муносибати байни корхонаю ташкилотҳои соҳаи моҳипарварӣ ва тартиби риояи бечунучарои ӯҳдадориҳои тарафайн оид ба парвариш, истифодаи зотҳои мувофиқ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии соҳа ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- дастрас намудани маълумоти зарурӣ аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
- манъ кардани фурӯши маҳсулоти моҳӣ ҳангоми риоя нашудани меъёрҳои технологии парвариш ва истеҳсоли он;
- дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд.
Моддаи 5. Вазифаҳои субъектҳои соҳаи моҳипарварӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, субъекти соҳаи моҳипарварӣ ҳисоб ёфта, вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:
- афзунгардонӣ ва муҳофизати захираҳои моҳӣ;
- нигоҳ доштани маҳсулнокии обанборҳо;
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчи моҳиҳо;
- муҳофизат намудани намуди моҳиҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
- пешгирӣ кардани тағйироти номатлуб дар системаи экологии обҳо ҳангоми парвариши сунъии моҳӣ (минбаъд-моҳипарварӣ);
- истифодаи самаранок ва оқилонаи майдони обанборҳо барои парвариши моҳии молӣ аз насл ва тухми он;
- беҳсозии захираҳои моҳии обҳавзаҳо;
- ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисобот дар ҳар се моҳ оид ба захираҳои моҳӣ ва миқдори сайди он.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ МОҲИИ ОБҲАВЗАҲО
Моддаи 6. Объектҳои соҳаи моҳипарварӣ
Объектҳои соҳаи моҳипарварӣ инҳо мебошанд:
- ҳавзҳо, обанборҳо, кӯлҳо, дарёҳо, моҳӣ, насли моҳӣ, тухми моҳӣ;
- сайди моҳӣ, муҳофизати моҳӣ, коркарди моҳӣ, парвариши моҳиҳои молӣ ва зотӣ, воситаҳои моҳигирӣ.
Захираи табиии моҳии ҳар гуна обҳавзаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти ҷумҳурӣ мебошад.
Моддаи 7. Идоракунии соҳаи истифода ва муҳофизати захираҳои моҳии обанборҳо
Ба идоракунии соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифода ва муҳофизати захираҳои моҳӣ амалҳои зайл мансубанд:
- ихтиёрдории захираҳои моҳӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварии дорои аҳамияти давлатӣ ва обанборҳои истифодаи умумӣ, муқаррар кардани тартиби истифода ва муҳофизати онҳо;
- муайян намудани истифодабарандаи асосии обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварии дорои аҳамияти давлатӣ.
БОБИ 3. ТАШКИЛИ МОҲИГИРӢ ВА МОҲИПАРВАРӢ
Моддаи 8. Ба истифода додани обҳавзаҳо ва қитъаҳои онҳо
Обҳавзаҳо ё қитъаҳои онҳо мумкин аст барои мақсадҳои моҳигирӣ ё моҳипарварӣ ба истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шаванд.
Тартибу қоида ва шартҳои идоракунии сайди захираҳои моҳӣ ва моҳипарварӣ, ба истифода додани обҳавзаҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ё қитъаҳои онҳо, муҳофизати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд дар обҳавзаҳо ё қитъаҳои вобасташудаи онҳо барои беҳсозии ҳолати обҳавзаҳо ва шароити афзоиши моҳиҳо ва дигар организмҳои обӣ чорабиниҳои муҳофизати моҳӣ ва моҳипарварии мелиоративӣ гузаронанд, барои барқарор ва афзун намудани моҳиҳои сайдшаванда корҳоро анҷом дода, қитъаҳои соҳили ҳавзаҳоро дар асоси талаботҳои санитарӣ нигоҳ доранд.
Моддаи 9. Моҳигирии ҳаваскорона ва варзишӣ
Тартиби ташкил ва қоидаи гузаронидани моҳигирии ҳаваскорона ва варзиширо мақомоти ваколатдор, муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Ҳуқуқи афзалиятноки истифодаи обҳавзаҳо
Ба субъектҳои махсусгардидаи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ки ба сайд ва парвариши моҳӣ машғуланд, барои ба истифода гирифтани обҳавзаҳо, қитъаҳо барои фаъолияти моҳипарварӣ ҳуқуқи афзалиятнок дода мешавад.
Моддаи 11. Моҳипарварӣ ба мақсадҳои илмӣ
Истифодабарандаи асосии обҳавза вазифадор аст, ки барои ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи моҳипарварӣ монеъ нашавад.
Моддаи 12. Мохигирӣ дар обҳавзахои минтақаи муҳофизатии мамнӯъгоҳҳо
Субъектҳои хоҷагидоре, ки бо моҳигирии саноатӣ машғуланд, метавонанд дар обанборҳои минтақаи муҳофизатии мамнӯъгоҳҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор моҳӣ сайд кунанд.
Моддаи 13. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ
Сохтмони иншоотҳои истеҳсолӣ ва дигар иншоотҳое, ки ба ҳолат ва афзоиши захираҳои моҳӣ таъсири манфӣ мерасонанд, танҳо баъди гирифтани хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологии мақомоти ваколатдор анҷом дода мешавад.
БОБИ 4. МАҲДУДИЯТҲОИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Моддаи 14. Муқаррар кардани маҳдудият
Дар ҳолати таҳдид кардани хатар ба вазъи захираҳои моҳӣ (нобудшавии саросари моҳиҳо, касалӣ, заҳролудшавӣ, ифлосшавии муҳити об ва ғайра) мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа ҳуқуқ дорад ба мӯҳлати муайян моҳигириро манъ кунад.
Моддаи 15. Мутобиқкунӣ ва ҷойгир намудани намудхои алоҳидаи моҳиҳо дар обҳавзаҳо
Мутобиқкунӣ ва ҷойгир намудани намудҳои алоҳидаи моҳиҳо ва дигар организмҳои обӣ дар обҳавзаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти дахлдори давлатӣ роҳ дода мешавад.
БОБИ 5. ФОНДИ РУШДИ ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРӢ
Моддаи 16. Таъсиси фонди рушди хоҷагии моҳипарварӣ
Фонди рушди хоҷагии моҳипарварӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин таъсис дода мешавад:
- маблағгузори аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои максадноки хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
- хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои рушди хоҷагии моҳипарварӣ;
- пардохти маблағҳои хизматрасонӣ;
- маблағҳои хазинаи экологӣ;
- мадохилоти дигаре, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 17. Таъминоти фонди рушди хоҷагии моҳипарварӣ
Бо мақсади афзунгардонӣ, муҳофизати захираҳои моҳӣ ва истеҳсоли моҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маблағгузории иловагӣ барои таҳқиқи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ ва ғайридавлатии рушди хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд.
БОБИ 6. МУҲОФИЗАТИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОН
Моддаи 18. Чораҳои таъмини муҳофизати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он
Муҳофизати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
- муқаррар намудани қоидаҳо, меъёрҳо, мӯҳлат ва дигар талаботи муҳофизат, истифода ва барқароркунии захираҳои моҳӣ;
- дидани чора барои муҳофизати захираҳои моҳӣ, ки дар лоиҳаҳои сотмони объектҳо ва иншоотҳои таъсиррасонанда ба ҳолат ва барқароршавии захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он пешбинӣ шудаанд;
- баҳисобгирии захираҳои моҳӣ;
- маҳдуд намудани сайди моҳӣ дар обҳавзаҳое, ки дар онҳо намудҳои нави моҳиҳо мутобиқ кунонида мешаванд;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба истифодаи оқилона ва барқароркунии захираҳои моҳӣ;
- муҳофизат, беҳдошти муҳити зист ва шароити барқароркунии захираҳои моҳӣ;
- пешгирии бемориҳои сирояткунандаи моҳиҳо;
- ҷуброн кардани зиёни расида ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
22 декабри соли 2006 № 220
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
22 ноябри соли 2006 № 400
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи моҳипарварӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 декабри соли 2006 № 250
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О рыбоводстве
Настоящий Закон регулирует правовые, экономические и организационные основы в целях всемерного развития, сохранения и увеличения рыбных запасов, повышения рыбопродуктивности водоемов, удовлетворения потребностей населения в рыбной продукции.
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:
рыбоводство - отрасль народного хозяйства, охватывающая систему мероприятий по производству, воспроизводству, охране и реализации рыб и рыбной продукции;
- пруды для рыбоводства - специальные сооружения, где выполняется весь процесс производства от размножения рыб до получения товарной продукции;
- рыбные продукты - рыба живая, снулая, солёная, вяленая, копчёная, консервированная, икра;
- племенная рыба - самки и самцы всех видов рыб, их потомство, эмбрионы, оплодотворенная икра, имеющие сертификат или племенное свидетельство для разведения:
- товарная рыба - двухлетняя рыба, пригодная для реализации;
- рыболовные средства - устройства и приспособления, разрешенные законом для лова рыбы в естественных и искусственных водоёмах.
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о рыбоводстве
Законодательство Республики Таджикистан о рыбоводстве основано на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.
Статья 3. Полномочия Правительства Республики Таджикистан в отрасли рыбоводства
Полномочия Правительства Республики Таджикистан в отрасли рыбоводства состоят из:
- осуществления единой государственной политики в области рыбоводства;
- принятия нормативных правовых актов в области рыбоводства и использования рыбных запасов;
- определения уполномоченного органа;
- осуществления международного сотрудничества в отрасли рыбоводства, исследование, развитие, использование и охрана рыбных запасов;
- других полномочий, определенных нормативными правовыми актами.
Статья 4. Компетенция уполномоченного органа
В компетенцию уполномоченного органа входят:
- организация специальной ихтиологической системы в производственных водоемах, разработка и утверждение нормативно-методических основ, стандартов, сертификатов, оформление лицензий, определение путей развития, использования и охраны рыбных запасов и развития рыбоводства на научной основе;
- проведение государственной экспертизы проектов строительства, перестройки предприятий, технического оборудования, других объектов, влияющих на состояние рыбных запасов;
- регулирование отношений между предприятиями и организациями отрасли рыбоводства и порядка беспрекословного соблюдения обязательств сторон по разведению, использованию племенных сортов, повышению качества и эффективности отрасли и защите прав потребителей;
- получение необходимой информации от рыбоводческих хозяйств;
- запрещение реализации рыбной продукции при несоблюдении норм технологии разведения и их производства;
- другие полномочия, определенные нормативными правовыми актами.
Статья 5. Задачи субъектов отрасли рыбоводства
Физические и юридические лица, независимо от форм собственности, являются субъектами отрасли рыбоводства и выполняют следующие задачи:
- разведение и охрана рыбных запасов;
- сохранение производительности водоемов;
- охрана среды обитания, условий размножения и путей миграции рыб;
- охрана видов рыбы, занесенных в Красную книгу Республики Таджикистан;
- предотвращение нежелательных изменений в водных экологических системах при искусственном разведении рыб (далее - рыбоводство);
- эффективное и рациональное использование прудовых площадей для выращивания товарной рыбы из мальков и икры;
- улучшение рыбных запасов водоемов;
- представление в уполномоченный орган ежеквартальных отчетов по рыбным запасам и количеству улова.
ГЛАВА 2. УПРАВЛЕНИЕ РЫБНЫМИ ЗАПАСАМИ ВОДОЕМОВ
Статья 6. Объекты отрасли рыбоводства
Объектами отрасли рыбоводства являются:
- пруды, водоемы, озера, реки, рыбы, мальки, икра;
- улов, защита, переработка, разведение товарной и племенной рыбы, рыболовные средства.
Естественный рыбный запас любого водоема на территории Республики Таджикистан является собственностью республики.
Статья 7. Управление в области использования и охраны рыбных запасов водоемов
Управлению в области регулирования отношений по использованию и охране рыбных запасов подлежат:
- распоряжение рыбными запасами в рыбохозяйственных водоемах государственного значения и водоемах общего пользования, установление порядка их использования и охраны;
- определение основного пользователя рыбохозяйственных водоемов государственного значения.
ГЛАВА 3. ОРГАНИЗАЦИЯ РЫБОЛОВСТВА И РЫБОВОДСТВА
Статья 8. Передача водоемов и их участков в пользование
Водоемы или их участки могут быть предоставлены в пользование юридическим и физическим лицам в целях рыболовства или рыбоводства.
Порядок, правила и условия управления добычей рыбных запасов и рыбоводством, предоставления в пользование рыбохозяйственных водоемов или их участков, охраны рыбных запасов и среды их обитания устанавливает уполномоченный орган.
Физические и юридические лица на закрепленных водоемах или их участках обязаны осуществлять рыбоохранные и рыбоводомелиоративные мероприятия по улучшению состояния водоемов и условий воспроизводства рыбы и других водных организмов, проводить работы по воспроизводству промысловых рыб, а также содержать в надлежащем санитарном состоянии береговые участки рыболовства.
Статья 9. Любительское и спортивное рыболовство
Порядок организации и ведения любительского и спортивного рыболовства устанавливает уполномоченный орган.
Статья 10. Преимущественное право пользования водоемами
Преимущественное право на использование водоемов, их участков для рыбохозяйственной деятельности имеют специализированные рыбохозяйственные субъекты, занимающиеся добычей и разведением рыбы.
Статья 11. Рыболовство в научных целях
Основной пользователь водоема обязан не препятствовать использованию водоема для организации и проведения научных исследований.
Статья 12. Рыболовство в водоемах охранной зоны заповедников
Хозяйствующие субъекты, осуществляющие промысловое рыболовство, могут производить добычу рыбы в водоемах охранной зоны заповедников по согласованию с уполномоченным органом.
Статья 13. Проведение государственной экологической экспертизы
Возведение производственных и иных объектов, отрицательно влияющих на состояние и воспроизводство рыбных запасов, осуществляется только после получения положительного заключения государственной экологической экспертизы уполномоченного органа.
ГЛАВА 4. ОГРАНИЧЕНИЯ ПРИ ПОЛЬЗОВАНИИ РЫБНЫМИ ЗАПАСАМИ
Статья 14. Установление ограничений
В случае угрозы состоянию рыбных запасов (массовая гибель рыбы, болезни, отравление и загрязнение водной среды и т.д.) государственный орган по охране окружающей среды имеет право по согласованию с уполномоченным органом отрасли устанавливать на определенные сроки запрет на лов рыбы.
Статья 15. Акклиматизация и вселение в водоемы отдельных видов рыб
Акклиматизация и вселение в водоемы Республики Таджикистан отдельных видов рыб и других водных организмов допускаются при наличии специального разрешения соответствующего государственного органа.
ГЛАВА 5. ФОНД РАЗВИТИЯ РЫБОВОДЧЕСКОГО ХОЗЯЙСТВА
Статья 16. Образование фонда развития рыбоводческого хозяйства
Фонд развития рыбоводческого хозяйства образуется за счет:
- финансирования из республиканского и местного бюджетов для реализации целевых программ рыбоводческих хозяйств;
- добровольных пожертвований физических и юридических лиц на развитие рыбного хозяйства;
- средств оплаты услуг;
- средств экологического фонда;
- прочих поступлений, не запрещенных действующим законодательством Республики Таджикистан.
Статья 17. Обеспечение фонда развития рыбоводческого хозяйства
В целях воспроизводства, охраны рыбных запасов, производства рыбы в Республике Таджикистан, а также дополнительного финансирования исследований рыбоводческих хозяйств могут создаваться целевые государственные и негосударственные фонды развития рыбоводческого хозяйства.
ГЛАВА 6. ОХРАНА РЫБНЫХ ЗАПАСОВ И СРЕДЫ ИХ ОБИТАНИЯ
Статья 18. Меры по обеспечению охраны рыбных запасов и среды их обитания
Охрана рыбных запасов и среды их обитания обеспечивается путем:
- установления правил, норм, сроков и других требований по охране, использованию и воспроизводству рыбных запасов;
- осуществления мер по охране рыбных запасов, предусмотренных в проектах по строительству объектов и сооружений, влияющих на состояние и воспроизводство рыбных запасов и среды их обитания;
- учета рыбных запасов;
- ограничения добычи рыбы в водоемах, где проводится акклиматизация новых видов рыб;
- проведения научных исследований по рациональному использованию воспроизводству рыбных ресурсов;
- охраны и улучшения среды обитания и условий воспроизводства рыбных ресурсов;
- профилактики инфекционных болезней рыб;
- возмещения ущерба, причиненного рыбным запасам и среде их обитания.
ГЛАВА 7. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 19. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 20. О введении в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
22 декабря 2006 года № 220
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О рыбоводстве"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О рыбоводстве".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 22 ноября 2006 года № 400
Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан
"О Законе Республики Таджикистан "О рыбоводстве"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О рыбоводстве", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О рыбоводстве".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе,15 декабря 2006 года № 250