ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- моҳипарварӣ - фаъолият оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, афзун гардонидан, ҳифз кардан ва ба фурӯш баровардани моҳӣ ва маҳсулоти он;
- моҳипарварии истироҳатӣ - фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ бо мақсади моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, нигоҳ доштани моҳӣ дар аквариум ва шаклҳои дигари парвариш;
- моҳипарварии молӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар шароити табиӣ ё сунъӣ офаридашудаи зист бо мақсади ба даст овардани даромад;
- моҳигирӣ - фаъолият оид ба сайди моҳӣ, инчунин коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, фурӯши моҳӣ ва маҳсулоти он;
- моҳигирии ҳаваскорӣ - сайди моҳӣ барои истеъмоли шахсӣ бе мақсади ба даст овардани даромад;
- моҳигирии варзишӣ - намуди истироҳати фаъол вобаста ба дошта гирифтани моҳӣ аз манбаъҳои об бо мақсади мусобиқа ё истироҳат бо истифодаи воситаҳои моҳигирии варзишӣ;
- захираҳои моҳӣ - сарватҳои моҳие, ки дар об ҳавзаҳои табиӣ мавҷуданд;
- моҳии зотӣ - ҳамаи фардҳои нарина ва модинаи моҳӣ, насли он, нутфа ва тухмҳои бордоршудаи (зиготаи) дорои сертификат ё шаҳодатномаи зотӣ;
...