Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021. №417 аз 01.01.2023 аз эътибор соқит дониста шавад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд
Тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва ба мақсади муқаррар кардани тартиби ягонаи ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои замимагардидаи ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷеги давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, тасдиқ карда шавад.
2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ воҳидҳои илмию тадқиқотии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда доранд, барои саривақт ва самарбахш иҷро намудани қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1999 № 392 "Оид ба таъсиси шӯъбаи экспертизаи мавзӯъҳои илмию техникӣ дар сохтори Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз этибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2006 № 525
ш. Душанбе