Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2010 аз 3 апрели соли 2006, № 135

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2006 № 135

тасдиқ шудааст

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2010

Муқаддима

Яке аз мақсадҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг - ин таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва инкишоф додани тамоми бахшҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла масъалаи тайёр кардани кадрҳо ва мустаҳкам намудани заминаи модди-техникии муассисаҳои таълимии он мебошад.

Ҷараёни паҳн намудани технологияҳои нави иттилооти ва воридшави ба раванди ҷаҳонишави, пайвастшави ба шабакаҳои ҷаҳонии Интернет зарурати компютеркунонии ҳамаи муассисаҳои таълимиро ба миён овардааст.

Тибқи сархати якуми банди 16 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2005 № 50 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2004 ва вазифаҳо барои соли 2005" Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуда буданд, ки оид ба беҳбуди заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилотии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла истифодаи технологияи навини компютери дар раванди таълим, пешниҳодҳо манзур намоянд. Ин нуқта бори дигар дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов дар вохӯри бо намояндагони ҷавонони мамлакат 21 майи соли 2005 таъкид шуд. Ин барнома дар ҳамин асос таҳия гардидааст.

Дар роҳи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ҷумҳури таҳияи "Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти умумии асоси ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 №502 тасдиқ карда шудааст, иқдоми аввалин буд. Мақсади асосии марҳилаи аввали он ба хонандагон омӯзонидани малака ва маҳорати кор бо компютер, ба стандартҳои ҷаҳони мувофиқ кунонидани сатҳи тайёрии мутахассисони оянда буд.

"Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2010" дар кори бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин намудани мактабҳои оли, коллеҷҳо ва мактабҳои фарҳангу санъат, таъсис додани марказҳо ва синфҳои компютери, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таълими донишҷӯёни соҳа мусоидат хоҳад кард.

1. Зарурат ва моҳияти Барнома

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 90 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 2 мактаби оли, 6 коллеҷ, 2 мактаб-интернати махсуси ҷумҳурияви, 36 мактаби ибтидоии санъат, 36 мактаби ибтидоии мусиқи, 8 мактаби ибтидоии рассоми амал мекунанд, ки зиёда аз 13 ҳазор хонандаву донишҷӯ доранд. Аксари кулли онҳо аз доираи "Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти умумии асоси ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007" берун монда буданд. Имрӯз шумораи хеле ками компютерҳои дар мактабҳои оли ва коллеҷҳои соҳа мавҷуд буда имконият намедиҳанд, ки донишҷӯён мувофиқи талабот аз онҳо истифода баранд. Компютерҳои дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва баъзе коллеҷҳо мавҷудбуда кӯҳнаю фарсуда ва корношоям шудаанд. Дар мактабҳои ибтидоии санъат ва фарҳанг компютерҳо умуман вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, қабул ва амали гардидани ин Барнома хеле зарур ва саривақти мебошад.

Аз рӯи ҳисоби таъмини як синфхона бо 10 компютер (9-то барои хонандагон ва 1-то барои омӯзгор) барои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 40 компютер (4 синфхонаи компютери) ва 13 принтер, аз рӯи ҳисоби 1 принтер ба 3 компютер пешбини шудаасг. Мувофиқи шумораи донишҷӯён ба ҳар компютер 18 нафар донишҷӯ рост меояд. Ҳамин тавр, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба 20 компютер (2 синфхонаи компютери) ва 7 принтер, ки ба 13 донишҷӯ як компютер рост меояд, зарурат дорад. Барои 6 коллеҷи фарҳанг ва санъат 60 адад компютер ва 18 принтер (ба ҳар коллеҷ 10 компютер ва як синфхонаи компютери рост меояд) зарур аст. Дар 2 мактаб-интернати махсуси мусиқи бояд 2 синфхонаи компютери бо 20 компютер ва 6 принтер (ба ҳар як мактаб 10 адад компютер ва 3 принтер рост меояд) таъсис дода шавад.

Дар 80 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъат зиёда аз 9800 талаба таҳсил мекунад ва барои ҳар як мактаб бояд 3 компютер ҷудо карда шавад, ки ба 41 хонанда як компютер рост меояд. Дар маҷмӯъ барои мактабҳои ибтидоии санъат ва фарҳанги ҷумҳури ва 3 кабинети методии вилояти бояд 245 компютер ва 83 принтер ҷудо карда шавад.

Азбаски алҳол дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази методи оид ба муассисаҳои таълими вуҷуд надорад, ин вазифа ба зиммаи бахши муассисаҳои таълимии Пажӯҳишгоҳи илмии фарҳанг ва иттилоот гузошта шудааст. Бинобар ин, барои таъмини муассисаҳои таълими бо мавод ва барномаҳои таълими, инчунин танзими раванди таълим дар ин Пажӯҳишгоҳ ташкил намудани маркази компютери иборат аз 3 компютер ва 1 принтер зарур аст. Ҳамин тавр мувофиқи Барномаи мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таълими 388 компютер ва 128 принтер пешбини шудааст.

Барои компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати ҷумҳури бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд:

- ҷудо намудани маблағҳои зарури барои таъсиси синфхонаҳои компютери, таъмини онҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ва маводи техники;

- тайёр кардани омӯзгорони синфҳои компютери дар марказҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини марказҳои компютери бо адабиёт ва дастурҳои илми-методии нав оид ба таълими компютер ва нашри онҳо;

- таъсис додани гурӯҳҳои махсуси хизматрасонии техникии синфхонаҳои компютерии мактабҳои оли, коллеҷҳо, мактабҳои ибтидоии фарҳанг ва санъат;

- ҳамоҳангсозии татбиқи ҳамин Барнома бо "Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти умумии асоси ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

2. Маблағгузории Барнома

Барномаи компютеркунонии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, грантҳо, маблағҳои қарзи ташкилотҳои молиявии байналмилали, маблағҳои хайрия, инчунин истифодаи қисми маблағҳои махсуси муассисаҳои таълими ва ғайраҳо амали мегардад.

3. Тайёр кардани кадрҳо ва бозомӯзии омӯзгорон

Имрӯз на ҳамаи мактабҳои оли, коллеҷҳо ва мактабҳои ибтидоии санъат ва фарҳанг бо мутахассисони фанни "Асосҳои техникаи компютери" таъмин мебошанд. Алҳол танҳо дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода кафедраи воситаҳои техники амал мекунад, ки дар он фанҳои "Воситаҳои техникии корҳои фарҳанги-фароғати" ва "Воситаҳои техникии китобдори"-ро меомӯзанд. Дар сурате ки ба воситаи ин Барнома кафедраи мазкур бо маводи таълими ва мутахассисони соҳаи компютер таъмин гардад, дар оянда метавонад барои синфҳои компютерии фарҳанг ва санъат кадрҳо тайёр намояд. Ҳали масъалаи бозомӯзии омӯзгорони фани "Асосҳои техникаи компютери" дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф ва хизматрасонии методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои такмили ихтисоси назди донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳри Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими Барнома ҳисоб меёбанд.

4. Барномаҳо ва адабиёти таълимӣ

Бо назардошти талаботи имрӯза ба донишҳои компютери аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказу созмонҳои барномасозии компютерии ғайриҳукуматии байналмилали нақшаю барномаҳои таълими, китобҳои дарси ва васоити таълими таҳия ва нашр гардида, мавриди истифода қарор мегиранд.

5. Хизматрасонии техникии компютерҳо

Мувофиқи Барномаи компютеркунонии ҷараёни таълим дар мактабҳои оли, коллеҷҳо, мактаб-интернатҳои махсуси мусиқи ва мактабҳои ибтидоии фарҳанг ва санъат гурӯҳҳои махсуси хизматрасонии техники таъсис дода мешавад. Онҳо аз рӯи ҳисоби 1 нафар хизматгузор ба 10 синфи компютери созмон дода мешаванд. Мутобиқан барои хизматрасонии 9 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъат ва кабинети методии ВМКБ, Коллеҷи санъати ба номи К. Қурбонови шаҳри Кӯлоб, 24 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъат ва кабинети методии вилояти Хатлон, Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофизи шаҳри Хуҷанд, 30 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъат ва кабинети методии вилояти Суғд, 11 синфи компютерии 2 мактаби оли, 3 коллеҷ, 2 мактаб - интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва Пажӯҳишгоҳи илмии фарҳанг ва иттилоот, 6 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъати шаҳри Душанбе, 11 мактаби ибтидоии фарҳанг ва санъати ноҳияҳои тобеи ҷумҳури, Коллеҷи фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдаки (дар маҷмӯъ барои 388 компютери 94 муассисаи таълими, методи ва илмии ҷумҳури) тайёр кардани 9 нафар хизматрасон зарур аст.

Маркази ҳамоҳангеози кормандони техники кафедраи воситаҳои техникии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода мебошад.

6. Ҳамоҳангсозии ҷараёни татбиқи Барнома

Ин Барнома аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман дар мактабҳои оли, коллеҷҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба воситаи идораю шӯъбаҳои фарҳанг) татбиқ мегардад. Роҳбари асосии татбиқи Барнома Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мӯҳлати татбиқи Барнома солҳои 2007-2010-ро дарбар мегирад.

7. Натиҷаҳои Барнома

Татбиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 4 сол чунин натиҷаҳо хоҳад дод:

- дар 90 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъати ҷумҳури, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, 3 кабинети методии вилоятҳои ҷумҳури синфхонаҳо ва нуқтаҳои компютери таъсис меёбанд;

- иҷрои Барнома дар асоси синфхонаҳои компютери, марказҳои иттилооти ба роҳ монда шуда, ба тақвияти ҷараёни таълим мусоидат менамояд;

- хонандагону донишҷӯён на танҳо аз малакаи кор бо компютер бархӯрдор мегарданд, балки дар барномасозиҳои мураккаби компютери (аз ҷумла, нотачини, сохтани барномаҳои ҳунарии мухталиф) фаъолона ширкат менамоянд;

- компютеркунони алоқаро бо дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг, Пажӯҳишгоҳи илмии фарҳанг ва иттилоот осон намуда, ба раванди таълим, фаъолияти омӯзгорон, мудирони қисми таълими, директорону деканҳо кӯмак мерасонад;

- компютеркунонии муассисаҳои таълими дар паҳнгардонии технологияҳои нави иттилооти ва воридшави ба раванди ҷаҳоникунонии фарҳанг, пайвастшави ба шабакаҳои ҷаҳонии Интернет мусоидат менамояд.