Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 135 "Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010

Бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумот, истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ дар ҷараёни таълим дар муасиссаҳои фарҳанг ва санъат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда барои амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз имкониятҳои буҷет маблағ пешбинӣ намояд.

3. Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсия, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионии беруна талаботи маблағгузории Барномаро ба афзалият доштани ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грант, кӯмакҳои бебозгашт ва ҳамчунин қарзҳои дарозмӯҳлати бефоиз ба назар гиранд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2006 № 135

ш. Душанбе