ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 706)
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 706)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил, фаъолият ва идора намудани ассотсиатсияи истифодабарандагони обро ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ҷиҳати таъмини истифода ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ барои манфиатҳои ҷамъиятӣ танзим месозад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- ассотсиатсияи истифодабарандагони об - ташкилоти ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад;
- шабакаҳои обёрӣ - маҷмӯи иншоотҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо, қубурҳо, каналҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ, пойгоҳҳо ва чоҳҳои обкашӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, кӯпрукҳо, иморатҳо ва дигар инфраструктураи марбути хоҷагии об;
- гурӯҳи истифодабарандагони об - соҳибони қитъаҳои муайяни замин, ки аз як канал, пойгоҳ ва чоҳи обкашӣ, сарбанд ва иншооти обтақсимкунанда бо об таъмин мегарданд. Ин қитъа ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва дигар хоҷагиҳо тааллуқ дошта метавонад;
...