ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати дипломатӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи хизмати дипломатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №13, мод. 666) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 18. Рутбаҳои дипломатӣ
Ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дипломатӣ дода мешавад.
Рутбаҳои дипломатии кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
2. Моддаҳои 19,20 ва 21 хориҷ карда шавад.
З. Банди "г" қисми 1 моддаи 24 хориҷ карда шавад.
4. Қисми 3 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ барои рутбаи дипломатӣ ва барои донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
21 ноябри соли 2006 № 210