Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2006 № 496
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Асосҳои қонунӣ ва меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барнома
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, № 89, "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 марти соли 2006 дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат дода шуданд (аз 13 марти соли 2006, банди 17).
Омилҳое, ки дар асоси онҳо Барномаи давлатӣ таҳия шудааст
Агарчи расман дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна маҳдудият нисбати занон вуҷуд надорад ва ба онҳо ҳуқуқҳои бо мардон баробар дода шудааст, аммо дар доираи татбиқи ҳуқуқи занон барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар ҷумҳурӣ аз нерӯи зан пурра истифода карда намешавад.
Барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон дар нисбати тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда як қатор монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва афкори умумро бартараф кардан зарур аст;
-сиёсати давлатиро оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ба стратегияи умумии тараққиёти Тоҷикистон ва ба ҳамаи барномаҳои давлатии асосии мамлакат ворид кардан зарур аст;
-барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон дар хусуси тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, инкишоф додани ҳамкории иҷтимоии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ба ҷараёни мазкур ҷалб намудани имкониятҳои ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ зарур аст.
Мақсадҳои асосии Барнома
Муайян намудани сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;
-таъмини ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда;
-таъмини шароити ҳаматарафаи таълимӣ;
-ҷалби бештари духтарон ба таҳсил ба синфҳои 10-11;
-омода кардани шароити зист ва бо стипендия таъмин намудани духтарон-донишҷӯёни мактабҳои олӣ.
Вазифаҳои асосии Барнома
Таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробари иштироки занон дар ҳалли қабули қарорҳо, иштироки бевоситаи онҳо дар идораи давлат, сиёсат ва ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ;
-фароҳам овардани шароит барои ташаккули донишу касб, маҳорату малака, бедор намудани ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат ба Ватан;
-ташаккул ва мустаҳкам намудани тамоюли мусбии арзишҳо дар байни духтарон ва занон, беҳтар кардани кор дар мактаб ва оила, зиёд намудани масъулияти мактаб ва оила нисбати тарбияи фарзандон;
-ташаккул ва инкишофи асосҳои илмию назариявӣ, методӣ ва иттилоотию таҳлилӣ нисбати таъмини аслии имкониятҳо барои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд.
Натиҷаҳои ниҳоие, ки аз татбиқи Барнома ба даст меоянд
Пойдор гаштани сиёсати Президент ва давлати Тоҷикистон дар байни занон. Фаъол гардидани занон, ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
-ташаккули механизми тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;
-ташаккули механизми ҳамкории давлат бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии занон;
-васеъ гаштани инфраструктура ва хадамоти иҷтимоии занон;
-пурқувват ва воқеӣ гаштани асосҳои илмию назариявӣ, методӣ ва иттилоотию таҳлилии сиёсати давлатӣ нисбати тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;
-беҳтар гардонидани шароити кор ва истироҳати занон.
Иҷрокунандагон ва шахсони масъули чорабиниҳои Барнома
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Буҷети Барнома
Маблағи умумӣ барои амалӣ намудани Барнома таи солҳои 2007-2016 630 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Барои соли 2008 110 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2009 58 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2010 60 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2011 62 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2012 64 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2013 66 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2014 68 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2015 70 ҳазор сомонӣ
Барои соли 2016 72 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
-Маблағҳои иловагӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷалб карда мешавад.
Манбаъҳои молиявӣ
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷетҳои вазоратҳо, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ.
Ташкили назорати молиявӣ ва раванди татбиқи Барнома
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
I. Зан ва сиёсат
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ барномаи беҳгардонии шароити кор ва зиндагии занон, амалӣ кардани баробарҳуқуқии мард ва зан таҳия шудааст. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқӣ ва озодии занонро пурра кафолат медиҳанд.
Раванди демократӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ барои мардон ва занон озодии васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳайё намуда, барои ифода ва ҳаллу фасли проблемаҳояшон имконият ба вуҷуд овард. Дар баробари ин ҳоло ҳам рушди озоди иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию таълимӣ бинобар фаъолияти нобаробари сохторҳои гуногун имкониятҳои баробарро барои мардон ва занон таъмин намекунад. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии мардон ва занон аз тариқи ислоҳоти сиёсӣ ва аз роҳи татбиқи тадбирҳои мушаххас, ки ба беҳбуди вазъи занон мусоидат мекунад, дахолати давлатӣ лозим аст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид.
Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", аз 8 августи соли 2001 № 391 "Дар бораи Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010", аз 30 апрели соли 2004 № 196 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010", аз 31 октябри соли 2005 № 421 "Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010", аз 3 марти соли 2006 № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд, ки мақсади онҳо ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.
Сиёсат оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатии мамлакат мебошад, ки он дар Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини хуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо" возеҳу равшан инъикос ёфтааст.
Проблемаҳои беҳгардонии шароити кори занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов қарор доранд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияҳои байналхалқӣ "Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои таъбизи занон" (қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993, № 831), "Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан"-ро (қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999, № 769) ба тасвиб расонд.
Имрӯз барои ба дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеа ба шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва худогоҳии милли дошта, меҳнатдӯсту ботахаммул, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор ниёз дорад. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила мебошад.
Ин ақида дар маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар мулоқот бо намояндагони занони ҷумҳурӣ, ки моҳи марти соли 2006 доир гардид, зикр шуд. Дар замина супориш дода шуд, ки барнома доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд таҳия карда шавад.
Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунанд. Бояд дарк кард, ки баробарҳуқуқии сиёсӣ бо баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ зич алоқаманд буда, як бахши баробарҳуқуқии мард ва зан мебошад.
Муайян ва бартараф кардани монеаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва дигар омилҳое, ки садди роҳи таъмини баробарҳуқуқии воқеӣ мегарданд, яке аз вазифаҳои муҳими давлат ба ҳисоб мераванд.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои воло принсипҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:
- дар масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳама гуна мақомоти давлатӣ ҷиҳати гендерӣ дар назар дошта шавад. Кӯшиш ба харҷ дода шавад, ки иштироки баробари занон дар фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ҳавасманд ва таъмин гардад. Ба баробарии занон дар таъин, интихоб ва пешбарӣ кардан ба вазифаҳои баланд дар мақомоти иҷроия, намояндагӣ ва судӣ муваффақ бояд шуд;
- асосҳои ҳуқуқии маҳдудкунии гендерӣ аз байн бурда шаванд;
- такмил додани қонунҳо, ворид кардани тағйиру иловаҳое, ки имконияти ҷалби занонро ба идоракунии давлат васеъ мекунанд;
- истифода бурдани имкониятҳои дастгирии давлатии занҳо дар сиёсат ва ҷобаҷогузории кадрҳо;
- ташкил кардани махзани маълумот ва дар он ҷой додани иттилоот дар бораи занони комёбу қобилиятнок, ташаббускору таҷрибаи роҳбарӣ дошта. Ин гуна сифатҳо дар мавриди таъин, интихоб шудан ва ё пешбарӣ кардан ба вазифаҳои роҳбарикунанда меъёр шуда метавонад. Муҳимаш он аст, ки дар ин ҳолат ба фаъолияти занони роҳбар баҳои объективона дода шавад;
- шарти муҳими пешравии занон дар сиёсат ин баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо мебошад. Бе ташаккул додани фарҳанги сиёсӣ масъалаи нобаробарии гендериро дар сиёсат аз байн бурдан ғайриимкон аст;
- дигар шарти мухими пешравии занон дар сиёсат ин баланд бардоштани сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мебошад. Масъалаи ба мактаб фаро гирифтани духтарон, бештар ҷалб кардани онҳо дар синфҳои 10-11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин дар роҳи таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд мебошад;
-бо мақсади ташкили захираи кадрии амалкунанда лозим аст, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълими алоҳида барои тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавондухтарон ташкил карда шавад.
Ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ бояд бештар аз он иборат бошад, ки барои занҳо ва мардон имкониятҳои баробар дастрас бошанд.
Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, соҳаи хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил мекунанд.
Дар натиҷаи амалӣ гаштани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ зиёд шуд. Соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил доданд. Тамоюли мусбати зиёд шудани намояндагии занон дар ҳайата сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - ҷамоатҳо низ хуб арзёбӣ мешавад. Соли 2005 чор нафар зан раиси шаҳр ва ноҳия шуда кор мекарданд. 26,9 фоизи раисони ҷамоатҳо ва 27,4 фоизи муовинони раисони шаҳру ноҳияҳоро занон ташкил медоданд. То 1 июли соли 2006 аз 15718 нафар кормандони дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, 3767 нафарашон занон мебошанд, ки он 24 фоизро ташкил медиҳад.
Вале занон ҳамчун роҳбар аксаран дар зинаҳои поён ва миёнаи идоракунӣ, дар вазифаҳои сардорони шӯъбаҳою идораҳои вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ ва дар сатҳи ҷудогонаи давлатӣ фаъолият мекунанд.
Дар парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занҳо як нафар ба сифати муовини раис ва ду нафар ба сифати раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд. 4 нафар зан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зан дохил аст. 5 нафар зан ба ҳайси раисони судҳо фаъолият доранд.
Таҳлили гендерии кормандони ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ нишон медиҳад, ки дар ин сохторҳо намояндагии мардон ва занон баробар нест.
Маҳдуд будани дастрасии занон ба ҷараёни қабули қарорҳо дар ҳама зинаҳо ҷамъиятро аз истифодаи пурраи таҷрибаи иҷтимоии занон ва худи занонро аз имконияти пешниҳод кардан, ҳимоя намудани манфиатҳояшон дар он соҳаҳое, ки мардон афзалият доранд, маҳрум мекунанд. Мардон бошанд наметавонанд манфиати занонро баробари худи онҳо ифода намоянд.
Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар кори ҷалб кардани занони Тоҷикистон ба фаъолиятя ҷамъиятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа нақши калон доранд.
Нобаробарии гендерӣ махсусан дар деҳот равшан зоҳир мегардад .ва бинобар сабаби бад будани воситаҳои алоқа, нарасидани иттилоот, кам будани муошират ва равуои занони деҳот, сатҳи пасти зиндагӣ ва омилҳои дигар ин нобаробариро боз ҳам амиқтар мегардонад.
Сабабҳое, ки монеаи пешравии занон дар кори роҳбарӣ мегарданд:
- баъзе одатҳои динию миллие, ки нақши занонро дар ҷомеа маҳдуд месозад. ИН пеш аз ҳама нобаробарии тақсими вазифаҳо байни марду зан дар оила ва тарбияи фарзандон мебошад. Корҳои оила, тарбияи фарзандон ба пуррагӣ ба зиммаи зан бор аст. Аз ин рӯ зан вақт намеёбад, ки донишу малакаи худро сайқал ва инкишоф диҳад. Ин бошад монеаи ҷиддии пешравии занон дар ишғоли мансаб мегардад;
- занон нисбати мардон омодагии психологии нисбатан суст барои муборизаи сиёсӣ доранд;
- афкори омма нисбати зан, махсусан занони роҳбар, "сахтгир" ва "кунҷков" аст. Намуди зоҳирӣ, ҳаёти шахсӣ, оилавӣ мавзӯи омӯзиши атрофиён қарор мегирад. Дар шарқ бошад мафҳуми оила, махсусан барои занон мафҳуми муқаддас аст. Аз ин рӯ қисми зиёди занҳо ҷуръат намекунанд, ки вориди сиёсат шаванд.
Барои он ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатию соҳавӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа сари вақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд, бояд муносибат нисбати зан ба куллӣ тағйир дода шавад.
Барои мукаммал гардонидани сиёсати давлатии кадрҳо, махсусан тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд чунин чорабиниҳо амалӣ карда шавад;
- андешидани тадбирҳо барои тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар заминаи расму оинҳои пешқадами миллӣ ва замонавӣ бо истифодаи осори пурарзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва динӣ;
-таҳияи барномаҳои муштарак аз ҷониби вазоратҳои тандурустӣ, маориф, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим;
-таҳия намудани дастурҳо барои роҳбарон-кормандони ҳамаи соҳаҳо, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ ва савдо оид ба одоби муошират, ҳусни гуфтор, ҳифзи саломатӣ, муҳити зист;
-мунтазам ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси занони роҳбар ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои сиёсӣ ва роҳбарикунанда дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муайян намудани талаботи ҷорӣ ва дурнамо доир ба кадрҳо аз ҳисоби занон, дақиқ намудани соҳаи тарбияи мутахассисон дар алоқамандӣ бо муассисаҳои таълимӣ, татбиқи чораҳо оид ба бештар ҷалб намудани кадрҳои ҷавон дар ҳайати мақомоти давлатӣ;
-гузаронидани ташхиси гендерӣ оид ба сиёсати кадрии давлат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва дар ҳамин асос интихоб намудани занону духтарони лаёқатманд барои таълими минбаъда дар маркази таълими сарварон;
- мустаҳкам намудани алоқаи мактаб ва оила;
-муқаррар намудани имтиёзҳо ба оилаҳои камбизоате, ки фарзандони қобилиятноку ташкилотчӣ тарбия менамоянд;
-зина ба зина бартараф намудани бекорӣ дар байни занон;
-нашри маводҳо, мақолаву очеркҳо оид ба фаъолияти занони барӯманд, ташаббускору кордон ва лаёқати фавқулоддадошта;
-дастгирӣ ва рушди муассисаҳои тарбиявию фароғатӣ барои наврасону ҷавондухтарони боистеъдод;
-таъсиси ҳарчӣ бештари марказҳои компютерӣ, интернет ва алоқаи электронӣ барои духтарон бо мақсади пайваст намудани онҳо ба ҷаҳони муосир барои омӯзиши таҷрибаи сарварии ҷавондухтарони хориҷи кишвар;
-хоста гирифтан ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд, вобаста ба майлу рағбати онҳо ба соҳа ва ихтисоси дилхоҳашон.
II. Зан ва иҷтимоиёт
Ҳоло занон воқеан ҳам дар бозори меҳнат нақш ва мақоми сазовор доранд. Агар ин аз як ҷиҳат мустақилияти иқтисодии онҳоро таъмин намояд, аз дигар тараф аз нигоҳи иҷтимоӣ, нафақа, хизмати босифати тиббӣ, таъмини хонавода мустақил мешаванд. Ҳамаи ин дар ниҳоят ба инкишофи шахсияташон мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам занон ва ҷавонон ба проблемаи бекорӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Бинобар ба тарбияи фарзанд машғул будан ба кор даромадан боз ҳам душвор аст. Занон дар ҷумлаи умумии бекорони расман сабтшуда 54,5 фоизро ташкил медиҳанд. Вазъияти ҷавонзанони 20-25 солаи қобили кор боз ҳам мушкил аст. Онҳо розианд, ки ба ҳар кори камдаромад машғул бошанд. На ҳамаи занони бекор ёрдампулӣ мегиранд. Аз ин имтиёз танҳо онҳое бархурдоранд, ки расман ба рӯйхати бекорон даромадаанд. Масъалаи ҳунаромӯзии занон суст амалӣ мешавад. Дар давраи илму технологияҳои пешқадам занон бояд касбҳои замонавиро ёд гиранд.
Имрӯз дар Тоҷикистон шабакаи васеи муассисаҳои касбию техникӣ фаъолият доранд. Ҳар кас метавонад касбу ҳунари дилхоҳашро омӯзад. Ҳоло меъёру стандартҳои нави таълимӣ ҷорӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, меъёрҳои миллӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик ва мутобиқ мегарданд.
Агар таркиби фарогирии хонандагонро ба мактаб аз рӯи ҷинсият таҳлил намоем, маълум мешавад, ки аз синфи 1 то синфи 8 таносуби бачаҳо 52,3 фоиз ва духтарон 47,7 фоизро ташкил медиҳад. Баъд дар синфҳои 9-11 ин рақам бештар тафовут пайдо мекунад. Масалан, таносуби фарогирии бачаҳо ва духтарон 60 ба 40 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, чунин ҳолат дар ниҳоят ба таносуби дохилшавии духтарон дар мактабҳои олӣ бетаъсир намемонад. Аз ҷумла агар фоизи дохилшавии писарон дар ҳудуди 70-73 фоиз бошад, пас дохилшавии духтарон 27-30 фоиз аст. Фарқият, яъне нобаробарии гендерӣ баъди хатми мактабҳои олӣ боз ҳам калон мешавад. Мисол, дар аспирантура ва докторантура таносуби мардону занон 70 ба 30 фоиз аст. Таносуби номзадҳои илм баробари 74 ба 26 фоиз мебошад. Агар докторҳои илмро қиёс кунем 95 ба 5 фоиз мебошад. Аз сад доктор ҳамагӣ 5-6 нафараш зан аст. Заноне, ки ба кори илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию конструкторӣ машғуланд, ҳамагӣ 18 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар ояндаи наздик бо назардошти гуфтаҳои боло дар соҳаи маориф иқдомҳои зерин амалӣ гардонида шавад:
- сатҳи маълумотнокии мардону занон ҳадалимкон баробар карда шавад;
- кам шудани шумораи духтарон дар синфҳои болоӣ, хусусан дар деҳот боздошта шавад;
- номувозинатии байни духтарону писаронро дар мактабҳои олӣ аз байн бубарем;
- шумораи духтаронро барои гирифтани ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ, муҳандисӣ, ҳисобу информатика, ҳуқуқ ва табиатшиносӣ, энергетика, геология зиёд намоем;
- риояи сиёсати гендерӣ тақозо мекунад, ки ҳуҷҷати "Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар Тоҷикистон" таҳия карда шавад.
Давлат ба масъалаи беҳдошти рӯзғору оиладории шаҳрвандон пайваста эътибор медиҳад. Дар сурати воҳиди асосии сиёсӣ будани шахсият оила воҳиди иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ҳуқуқҳои марду зан дар оила баробар аст. Инро Конститутсия ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии тиббӣ ва маориф баробар аст. Таҳлили гендарӣ нишон медиҳад, ки далелҳои табъизи ҷинсӣ дар нисбати тақсими молу мулки хонавода ба назар намерасад. Занон фақат дар мавридҳое аз тақсими молу мулк маҳрум мешаванд, ки ақди никоҳ надоранд. Маҳз ҳамин вобастагии иқтисодӣ аз шавҳар занҳоро аз имконияти интихоби озодонаи фаъолияти иқтисодӣ ва гирифтани маълумоти дилхоҳ маҳрум мекунад.
Вақтҳои охир шумораи таваллуди фарзандон аз никоҳи қайди давлатӣ надошта афзоиш дорад, ки дар натиҷа фарзандон ва худи модарон аз бисёр ҳуқуқу имтиёзҳо маҳрум мемонанд. Давлат барои модарон ҳуқуқ додааст, ки дар давраи ҳомиладорӣ ва пеш аз таваллуд рухсатии пулакӣ гиранд. Ғайр аз ин баъди сесолагии кӯдак низ рухсатии бемузд дода мешавад ва он ба собиқаи кориаш ҳамроҳ мегардад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ бошад, баьзе ширкатҳои хусусӣ ҳангоми ба кор гирифтан ҳолатҳои биологии занонро баназар мегиранд, ки ин ҳам табъиз нисбати зан аст.
Зарур аст, ки ба сиҳатии модару кӯдак дар маҷмӯъ эътибор дода шавад. Зеро ки сиҳатии зан омили асосии муҳайё сохтани шароит барои ноил шудан ба баробарҳуқуқии занону мардон, тавсеаи имкониятҳо ва озодии доираи фаъолияти онҳо мебошад.
Дар ниҳоят қайд кардан лозим аст, ки таъмини ҳуқуқҳои гендерӣ вазифаи танҳо давлат набуда, иҷрои он ба ҳамаи аъзои ҷомеа вобастагӣ дорад. Бо кӯшишҳои ҳамаҷониба мо метавонем сиёсати давлатиро дар мавриди тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар ҳамаи соҳаҳо ҳаллу фасл намоем.