Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 496 "Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии замимагардидаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016 барои таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чорабиниҳои Барномаи давлатиро таъмин карда, дар асоси он бо назардошти анъанаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи маҷмӯи тадбирҳоро таҳия намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ва рафти татбиқи Барномаи давлатӣ ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 1 ноябри соли 2006 № 496

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 № 5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии замимагардидаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2016 барои таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намоянд.