Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд)
Мутобиқи моддаи 237 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои замимашудаи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд) тасдиқ карда шаванд.
2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии маблағҳои озодгардидаи андоз аз арзиши иловашударо аз рӯи таҳвили молҳо, (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд), таъмин намояд.
3. Нисбати маблағҳои андоз аз арзиши иловашудае, ки дар давраи аз 1 январи соли 2006 то қабули ҳамин қарор пардохта шудаанд, аз рӯи таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд) ва ба талаботи Қоидаҳои бо ҳамин қарор тасдиқшуда ҷавобгӯ мебошанд, аз ҷониби супорандагони андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи муқаррароти қисми якуми моддаи 209, қисми сеюми моддаи 227 ва моддаи 232 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тасҳеҳ гузаронида шавад. Дар ҳолати вуҷуд надоштани ӯҳдадориҳои андоз ё ин ки маблағи камтари онҳо мутобиқи моддаи 89 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи андоз аз арзиши иловашуда анҷом дода мешавад.
4. Аз муқаддимаи карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 175 "Дар бораи тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда" калимаҳои "ва 237" хориҷ карда шаванд.
5. Ба Тартиби аз буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 175 тасдиқ карда шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди якум калимаҳои "ва 237" ҳориҷ карда шаванд;
- зербанди "б" банди 2, зербанди "б" банди 3 ва банди 8 хориҷ карда шаванд;
- дар зербанди "в" банди 2 ва зербанди "в" банди 3 калимаҳои "дар зербандҳои "а" ва "б" ба калимаҳои "дар зербанди "а" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 2 ва 3 зербанди "в" зербанди "б" ҳисоб карда шавад;
- бандҳои 9 ва 10 бандҳои 8 ва 9 ҳисоб карда шаванд.
6. Ҳамин қарор аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 497
ш. Душанбе