Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503

Санаи амалкуни: 01.08.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021, № 413 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2006 № 503

тасдиқ шудааст

Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505, аз 1.08.2015 № 510)

1. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсат) мақоми давлатии назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

2. Раёсат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, татбиқи дурусти қонунгузориро аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

4. Вазифаҳои асосии Раёсат инҳо мебошанд:

- таъмини саривақтӣ, пурра ва дурусти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- такмил додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- расонидани ёрии ҳарҷониба ба танзими маросимҳо ва расму оинҳои нав ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуд ва никоҳ;

- анҷом додани назорат аз болои фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани амалҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ менамоянд.

6. Раёсат мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда:

- роҳбарии умумии кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

- доир ба такмил додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад, кори онҳоро тафтиш менамояд ва ҷиҳати беҳтар кардани он супоришҳо медиҳад;

- дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатьиян риоя кардани тартиб ва мӯҳлати муқарраршудаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро таъмин менамояд;

- ба кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани шаҳодатномаҳо, инчунин ба дуруст ситонидани боҷи давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаҳо мунтазам назорат мекунад;

- дурустии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид мешаванд, тафтиш карда, хатогиҳои дар ин аснод муайянгардидаро бартараф менамояд;

- аз хусуси бекор кардани асноди ҳолати шаҳрвандии барқароршуда ё такроран тартиб додашуда хулосаҳо медиҳад;

- мутобиқи тартиби муайянгардида дархости шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани фамилия, ном ва номи падар мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- дар бойгонии Раёсат ва бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро маҳфуз доштан ва тартиб додани нусҳаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ташкил мекунад ва кори ин бойгониҳоро назорат мекунад;

- дуруст нигоҳ дошта шудани нусхаҳои якуми сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро назорат мекунад;

- аз рӯи ҳамаи навъҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ феҳрасти ҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад ва онро мебарад;

- аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сари вақт пешниҳод кардани ҳисоботи омориро таъмин менамояд, маълумотҳои омориро меомӯзад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида фармоиши тайёр намудани бланкаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шаҳодатномаҳо ва дигар ҳуҷҷатгузориҳоеро, ки барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ заруранд, иҷро менамояд ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бо ин ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд;

- таҷрибаи пешқадами кори мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷамъбаст ва паҳн менамояд, барои баланд бардоштани тахассуси коргарони онҳо чора меандешад;

- барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонии аҳолӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чораҳо меандешад;

- дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба тартиб ва мӯҳлатҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷом медиҳад.

7. Раёсат сари вақт ва дуруст баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандонро таъмин менамояд.

8. Раёсат функсияҳои худро аз болои фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ амалӣ менамояд.

9. Раёсат ҳуқуқ дорад:

ҳисоботи шахсони мансабдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро шунавад;

аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маводҳо ва маълумотҳоеро, ки ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дахл доранд, талаб намояд;

амалияи татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷамъбаст намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани он таклифҳо пешниҳод мекунад.

10. Ба Раёсат сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505)

11. Сардори Раёсат:

ба фаъолияти Раёсат роҳбарӣ менамояд ва иҷрои вазифаҳои дар наздаш истодаро таъмин мекунад;

дар асоси омӯхтан ва ҷамъбаст кардани амалияи кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод мекунад;

кормандони дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.10.2011 № 505);

ба воситаҳои пулии Раёсат дар ҳудуди маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида ихтиёрдорӣ мекунад;

риояи интизоми молиявӣ, маҳфуз доштани воситаҳои пулӣ ва арзишҳои моддии Раёсатро таъмин менамояд.

12. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Раёсат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.

13. Амволи Раёсат моликияти давлатӣ буда бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ба Раёсат вобаста карда шудааст.

14. Раёсат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Раёсат бо забони давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои мувофиқ, штампҳо, бланкҳо, тавозуни мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

Замима

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

Шумораи штатии амалкунандаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Ниг.ба ҷадвал

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Шӯъбаи ба расмиятдарории хуҷҷатҳои такрорӣ ва санҷишии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Бахши кор бо кадрҳо ва умумӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2015 № 510)

Бахши молия ва иқтисод

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 октябри соли 2011 № 505

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо

Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе

Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

Бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳияҳо

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2006 № 503

тасдиқ шудааст

Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Раёсат) мақоми давлатии назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

2. Раёсат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

3. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, татбиқи дурусти қонунгузориро аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

4. Вазифаҳои асосии Раёсат инҳо мебошанд:

- таъмини саривақтӣ, пурра ва дурусти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- такмил додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- расонидани ёрии ҳарҷониба ба танзими маросимҳо ва расму оинҳои нав ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуд ва никоҳ;

- анҷом додани назорат аз болои фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро намудани амалҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузоштаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ менамоянд.

6. Раёсат мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда:

- роҳбарии умумии кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;

- доир ба такмил додани фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад, кори онҳоро тафтиш менамояд ва ҷиҳати беҳтар кардани он супоришҳо медиҳад;

- дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатьиян риоя кардани тартиб ва мӯҳлати муқарраршудаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро таъмин менамояд;

- ба кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани шаҳодатномаҳо, инчунин ба дуруст ситонидани боҷи давлатӣ ҳангоми додани шаҳодатномаҳо мунтазам назорат мекунад;

- дурустии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид мешаванд, тафтиш карда, хатогиҳои дар ин аснод муайянгардидаро бартараф менамояд;

- аз хусуси бекор кардани асноди ҳолати шаҳрвандии барқароршуда ё такроран тартиб додашуда хулосаҳо медиҳад;

- мутобиқи тартиби муайянгардида дархости шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани фамилия, ном ва номи падар мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

- дар бойгонии Раёсат ва бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро маҳфуз доштан ва тартиб додани нусҳаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ташкил мекунад ва кори ин бойгониҳоро назорат мекунад;

- дуруст нигоҳ дошта шудани нусхаҳои якуми сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро назорат мекунад;

- аз рӯи ҳамаи навъҳои сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ феҳрасти ҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад ва онро мебарад;

- аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сари вақт пешниҳод кардани ҳисоботи омориро таъмин менамояд, маълумотҳои омориро меомӯзад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида фармоиши тайёр намудани бланкаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шаҳодатномаҳо ва дигар ҳуҷҷатгузориҳоеро, ки барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ заруранд, иҷро менамояд ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро бо ин ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд;

- таҷрибаи пешқадами кори мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷамъбаст ва паҳн менамояд, барои баланд бардоштани тахассуси коргарони онҳо чора меандешад;

- барои баланд бардоштани маданияти хизматрасонии аҳолӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чораҳо меандешад;

- дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба тартиб ва мӯҳлатҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷом медиҳад.

7. Раёсат сари вақт ва дуруст баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандонро таъмин менамояд.

8. Раёсат функсияҳои худро аз болои фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ амалӣ менамояд.

9. Раёсат ҳуқуқ дорад:

ҳисоботи шахсони мансабдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро шунавад;

аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маводҳо ва маълумотҳоеро, ки ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дахл доранд, талаб намояд;

амалияи татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ҷамъбаст намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба такмил додани он таклифҳо пешниҳод мекунад.

10. Ба Раёсат сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сардор муовин дорад, ки онро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

11. Сардори Раёсат:

ба фаъолияти Раёсат роҳбарӣ менамояд ва иҷрои вазифаҳои дар наздаш истодаро таъмин мекунад;

дар асоси омӯхтан ва ҷамъбаст кардани амалияи кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод мекунад;

кормандони дастгоҳи Раёсатро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;