ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006"
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, мод.627; соли 2006, № 7, мод. 337) қисмҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои маъмурӣ бо меҳмонхона воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, маҷмааи меҳмонхонаҳо воқеъ дар кӯчаи Бухоро, меҳмонхонаи панҷситорадор воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, Маркази фарҳангии Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, меҳмонхонаи "Сирена Душанбе" дар хиёбони Рӯдакӣ ва корхонаи ресандагию бофандагӣ бо сехи рангубор дар шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳои зерин, ки бевосита ба сохтмони иншоотҳои дар боло номбаршуда дар шаҳри Душанбе алоқаманданд, озод карда мешаванд:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабаравдагони роҳҳои автомобилгард;
- авдоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
- андоз аз замин;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз амволи ғайриманқул;
- андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони иншоотҳои мазкур банд мебошавд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.
Воридоти молҳо барои сохмтони иншоотҳои дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ тибқи номгӯй ва дар ҳаҷмҳое, ки аз ҷониби Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, озод карда мешаванд.
Дигар иштирокчиёни сохтмони иншоотҳои дар боло номбурдашуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки бояд бевосита нисбати сохтмони (вобаста ба сохтмони) иншоотҳои дар боло номбаршуда ҳисоб карда шаванд, инчунин аз пардохти андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони иншоотҳо банд мебошанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, озод карда мешаванд. Ба сифати дигар иштирокчиёни сохтмони ин иншоотҳо шахсони ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки бевосита бо фамоишгар ё пудратчии асосии сохтмони ин иншоотҳо тавассути аҳд (амалиёт, қарордод, шартнома, созишнома)-ҳо, ки таҳвили молҳо, хизматрасонӣ ва иҷрои кор вобаста ба сохтмони (барои сохмтони) иншоотҳои дар боло номбаршударо пешбинӣ менамоянд, алоқаманд мебошанд. Аҳд (амалиёт, қарордод, шартнома, созишнома)-ҳое, ки ба сохтмони иншоотҳои мазкур алоқаманданд, аҳде эътироф карда мешавад, ки дар давраи сохмони иншоотҳо анҷом ёбанд ва аз ҷониби фармоишгари сохтмони иншоотҳо тасдиқ гардидааст.
Нисбати амалиёти байни фармоишгар, пудратчии асосӣ ва дигар иштирокчиёни сохтмони иншоотҳое, ки дар қисмҳои сеюм ва панҷуми ҳамин модда зикр шудаанд, талаботи моддаи 220 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешавад. Нисбати амалиёти байни фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони иншоотҳое, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаанд, талаботи моддаи 164 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда намешавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
31 октябри соли 2006 № 204