Бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи ба Маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф" аз 25 апрели соли 2003 тасдиқ гардидааст
Бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи ба Маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф" аз 25 апрели соли 2003 тасдиқ гардидааст
Низомномаи ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф (минбаъд - Ташкилоти базавӣ) бо мақсади гузаронидани пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф, тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мудирият ва ҳуқуқи маориф бо назардории талаботи ташаккул ва рушди фазои ягонаи таҳсилотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъсис карда мешавад.
Мақоми Ташкилоти базавӣ ба Маркази спёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия (минбаъд - Марказ), ки дар заминаи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия амал менамояд, дода мешавад.
2. Ташкилоти базавӣ фаъолияти худро мутобиқи Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Қарорҳои Шӯрои Сарони давлатҳо ва Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои Иттиҳод, созишиомаву шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, ки дар чорчӯбаи Иттиҳод қабул гардидаанд, инчунин ҳамин Низомнома, амалӣ менамояд.
3. Ташкилоти базавӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти идораи соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳод амалӣ намуда, ба онҳо ҳар сол оид ба фаъолияти худ иттилоот манзур менамояд.
II. САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТ
Мақсади асосии фаъолияти Ташкилоти базавӣ таъмини илмӣ, методӣ ва иттилоотии раванди ташаккул ва рушди фазои ягонаи таҳсилотии давлатҳои аъзои Иттиҳод тавассути гузаронидани пажӯҳиши мукоисавӣ дар соҳаи сиёсати маориф мебошад, ки аз амалҳои зерин иборат аст:
омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи мусбии ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ ва таҷрибаи байналмилалӣ;
таҳияи тавсия ва маводи таҳлилӣ, иттилоотӣ ва методӣ оид ба самтҳои фаъолияти Ташкилоти базавӣ; омӯзиши кормандон ва мутахассисони соҳаи идораи маориф.
Ҷиҳати татбиқи ин мақсад Ташкилоти базавӣ дар самтҳои асосии зерин амал менамояд:
1. Самти таҳлил:
1.1. Таҳлили мундариҷа ва рушди сиёсат дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳод муқоисаи он бо сиёсат дар соҳаи маорифи давлатхое. ки аъзои ИДМ нестанд, бо тавсияхову муқаррароти созмонхои байналмилалис. ки дар сохаи маориф фаъолмят мекунанд, бо таҷрибаи амалӣ намудани ҳамгироии байналмилалӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла раванди Болон.
...