ҚАРОР
Дар бораи ба Маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф
Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор мекунад:
1. Ба Маркази сиёсати муқоисавии маорифи Вазорати маорифи Федератсияи Россия мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роқеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф дода шавад.
2. Низомнома оид ба ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба пажӯҳиш дар соҳаи сиёсати маориф тасдиқ карда шавад (замима меардад).
3. Ин Қарор аз рӯзи ба имзо расидан ва барои давлатҳое, ки қонунгузориашон ҷиҳати эътибор пайдо кардани он иҷрои расмиёти дохилидавлатиро талаб мекунанд аз рӯзи ба маҳфуздоранда супурдани огоҳнома дар бораи ба иҷро расондани чунин расмиёт, эътибор пайдо менамояд.
25 апрели соли 2003 дар шаҳри Москва дар як нусхаи асл ба забони русӣ ба имзо расидааст. Нусхаи асл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳфуз дошта шуда, нусхаи тасдиқшуда аз ҷониби он ба ҳар давлате, ки ин Қарорро ба имзо расонидааст, фиристода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус
Аз ҷониби Ҳукумати Гурҷистон
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова
Аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия
...