Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 129 "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105, аз 01.08.2012 № 394)

Бо мақсади иҷрои моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105):

1. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии ҳает ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).

2. Маблағи суғуртавии суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи маоши моҳонаи вазифавӣ ҳаштмоҳа муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105, аз 01.08.2012 № 394).

3. Банди 3 аз эътибор соқит карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.05с. № 499).

4. Пули суғурта аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъминоти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад.

5. Аз пардохти суғуртавии воридгардида ба мақсадҳои зайл пардохтҳо гузаронида мешаванд:

- барои пардохти пули суғурта - 92 фоиз;

- барои ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ - 5 фоиз;

- барои коргузории ташкилоти суғурта - 3 фоиз.

6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайриқобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдафъаина ба андозаи зайл дода мешавад:

- ҳангоми вафот - дар ҳаҷми маоши вазифавии ҳаштмоҳа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 394);

- ба маъюби гурӯҳи якум - дар ҳаҷми маоши вазифавии шашмоҳа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 394);

- ба маъюби гурӯҳи дуюм - дар ҳаҷми маоши вазифавии панҷмоҳа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 394);

- ба маъюби гурӯҳи сеюм - дар ҳаҷми маоши вазифавии чормоҳа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 394).

7. Маблағҳои хароҷотнашуда, ки барои пардохти пули суғурта пешбинӣ шудаанд, ба фонди захиравии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикисгон гузаронида мешаванд.

Маблағҳои фонди захиравӣ дар ҳисоби махсуси ташкилоти суғурта дар муассисаҳои бонк нигоҳ дошта, барои пардохти талофии суғуртавии ҳамон соле истифода мешаванд, ки маблағи соли ҷорӣ барои пардохти талофии суғуртавӣ кифоя нест. Маблағи фонди захиравӣ бо қарори Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон фақат ба мақсадҳои муайяншуда истифода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).

8. Ба Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дастурамали тартиби гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба таври муайянкардашуда тасдиқ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

аз 7 апрели соли 1999 № 129

ш.Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105)

Бо мақсади иҷрои моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105):

1. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии ҳает ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).

2. Маблағи суғуртавии суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи маоши моҳонаи вазифавӣ панҷсола муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).

3. Банди 3 аз эътибор соқит карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.05с. № 499).

4. Пули суғурта аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъминоти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад.

5. Аз пардохти суғуртавии воридгардида ба мақсадҳои зайл пардохтҳо гузаронида мешаванд:

- барои пардохти пули суғурта - 92 фоиз;

- барои ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ - 5 фоиз;

- барои коргузории ташкилоти суғурта - 3 фоиз.

6. Дар мавриди ба ҳаёт ва саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ зарар расонидан, ҳамчунин дар давраи беморӣ ё ғайриқобили амал донистан ба онҳо суғуртапулии якдафъаина ба андозаи зайл дода мешавад:

ҳангоми вафот - ба андозаи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;

ба маъюби гурӯҳи якум - ҳаштод фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;

ба маъюби гурӯҳи дуюм - шаст фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола;

ба маъюби гурӯҳи сеюм - чил фоизи маоши моҳонаи вазифавии панҷсола (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.02с. № 105).