Низомномаи тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002, № 397

Санаи амалкуни: 01.10.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2002 № 397

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47, аз 01.10.2008с. № 498)

Ин Низомнома мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои танзими давлатии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ" таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсиси нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадиро муайян мекунад.

Муқаррароти умумӣ

1. Нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати муттақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯтонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя таъин гардидааст.

2. Нуқтаи тиҷоратии наздисарҳадӣ - минтақаи махсус ҷудокардашудае мебошад, ки бевосита дар назди сарҳади давлатӣ воқеъ буда, дорои маҷмӯи биноҳо ва иншоотест, ки бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он ҷо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамҳудуд аз рӯи "Номгӯи молҳое, ки барои савдои наздисарҳадӣ муқарар шудаанд" ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст, тиҷорат анҷом дода мешавад.

Нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, чун қоида дар маҳали расмии гузаргоҳи сарҳади давлатӣ таъсис дода мешавад. Қарор оид ба кушодани нуқтаи тиҷоратии наздисарҳадӣ дар минтақаи гузаргоҳи оддикардашудаи сарҳади давлатӣ дар мавридҳои истисно қабул карда мешавад.

Дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ метавонанд барои борҳо (анборҳои муваққатии нигаҳдории борҳо ва ғайра) биноҳои иловагӣ сохта шаванд.

3. Бо мақсади татбиқи ин Низомнома мақомоти салоҳиятноки ҳарду ҷониб метавонанд протоколҳоеро имзо намоянд, ки номгуи молҳои барои фурӯши тиҷорати назди сарҳади тааллуқдоштаро пешбинӣ намоянд.

4. Мутобиқи ин Низомнома таҳвили молҳо дар асоси қарордодҳои (шартномаҳо, аҳдномаҳои тиҷоратӣ)-и басташудаи байни шахсони ҳуқуқию воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамсарҳад анҷом дода шавад.

Дар қарордодҳо (шартномаҳои хариду фурӯш) метавонанд миқдор, мӯҳлат, нарх, тартиби ҳисоб ва дигар шартҳои муфассали таҳвили молҳо пешбинӣ карда шаванд.

Дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ бо кӯшишу корхонаҳои Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъияти матлуботи "Тоҷикматлубот" мағозаҳои савдои хурди яклухт ва чакана, ташкил ва кушода шаванд.

5. Мутобиқи ин Низомнома дар ташкил ва фаъолияти нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳамоҳангсоз ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон вазифаҳои бевоситаи ташкили назорат дар нуқтаҳои тиҷоратп наздисаҳадӣ ба зиммаи инҳо вогузор карда мешавад:

оид ба масъалаҳои сарҳадӣ - ба Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар қитъаҳои сарҳадие, ки дар доираи ҳуқуқии Хадамоти Федералии Сарҳадии Федератсияи Россия ба Гурӯҳи Қӯшунҳои Сарҳадии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд);

оид ба масъалаҳои гумрукӣ - ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

оид ба масъалаҳои санитарию эпидемиологӣ, фитосанитарӣ ва назорати маҳсулоти истеъмолии табобатию профилактикӣ ва ороишии воридшаванда - ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

оид ба масъалаҳои ветеринарӣ, фитосанитарию карантинӣ - ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

оид ба масъалаҳои савдо ва ташкили хӯроки умумӣ - ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъияти матлуботи "Тоҷикматлубот";

оид ба масъалаҳои бехатарӣ - ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Дар нуктаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба истиснои дар банди 5 ҳамин Низомнома номбар кардашуда анҷом додани ҳар гуна намудҳои назорат, танҳо бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тартиби кушодан, боздоштан ва аз нав барқарор намудани нуктаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ

7. Нуктаҳои тиҷорати наздисарҳадиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байнидавлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо муқаррар менамояд.

8. Қарори қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ барои ташкилоте, ки ба зиммаи он вазифаи фармоишгар, маблағгузории корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон (таҷдид), таҷҳизот ва таъминоти техникии нуқтаи савдо, инчунин таъсис ва рушди инфраструктураи иҷтимоию маишӣ (минбаъд - фармоишгар) вогузор карда шудааст, мебошад.

9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кушодани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ дар матбуот нашр мешавад, инчунин бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа расонида мешавад.

10. Нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ баъди ба итмом расонидани сохтмон (таҷдид), муҷаҳҳаз гардонидан бо таҷҳизоти техникӣ ва қабули он барои истифода бо тартиби муқарраршуда, кушода мешавад.

11. Сохтмон (таҷдид) ва таҷҳизонидани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ аз рӯи лоиҳаи мувофиқашуда бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом дода мешаванд.

12. Баъди қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқаррар намудани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, ташкилоти ташаббускор маводи зарурии таҳияи вазифаи техникии лоиҳакашии (таҷдиди) сохтмони ин биноро ба фармоишгар медиҳад.

13. Фармоишгар якҷоя бо ташкилоти лоиҳакашӣ вазифаи техникии лоиҳакашии (таҷдиди) сохтмони нуқтаи тиҷорати наздисарҳадиро бо дарназардошти шиддати ба нақша гирифташудаи савдо дар нуқтаи мазкур, таҳия менамояд.

14. Вазифаи техникии лоиҳакашии (таҷдиди) сохтмони нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ бо мақомоти идораи давлатии ҷумҳуриявӣ мутобиқи қонунҳои амалкунанда бо мақомоти манфиатдоре, ки дар банди 11 ҳамин Низомнома зикр гардидаанд, мувофиқа карда мешавад.

15. Нуқтаи тиҷорати наздисарҳадии сохтмонаш (таҷдидаш) ба итмом расидаро комиссияи давлатӣ, ки бо ташаббуси идораҳои манфиатдор таъсис дода шудааст қабул менамояд.

Ба ҳайати комиссияи давлатӣ ба ғайр аз намояндагони идораҳои манфиатдор, ҳамчунин намояндагони Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳрии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти идораи давлатии ҷумҳуриявӣ вобаста ба намудҳои назорат, ки дар нуқтаи тиҷоратӣ наздисарҳадии ба истифода доданишуда амалӣ мегарданд, инчунин намояндаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо дохил мешаванд, ки дар қаламрави онҳо нуқтаи тиҷоратӣ кушода мешавад.

16. Нуқтаи тиҷорати наздисарҳадиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории танзимкунандаи савдои хориҷӣ, инчунин дар асосҳои зерин мебандад:

- шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани робитаи нақлиётӣ аз тариқи сарҳади давлатӣ;

- қабули қарори яктарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар дар бораи қатъ намудани амали шартномаи байналхалқӣ дар бораи тиҷорати наздисарҳадӣ;

- пешниҳоди мақомоти идораи манфиатдори давлатӣ дар бораи ба мақсад мувофиқ набудан ва минбаъд ғайри кобили амал будани нуктаи тиҷорати наздисарҳадӣ;

- таҳияи хулоса дар бораи бастани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташаббуси мақомоти идораи давлатӣ, бо тартиби пешбининамудаи банди 15 ҳамин Низомнома комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад.

17. Муваққатан бастани (боздоштани кори фаъолияти) нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом дода мешавад:

1) дар ҳолатҳои вазъияти фавқуллода, офатҳои табиӣ ва вазъи хусусияти техногенӣ дошта, ки анҷом додани савдои байналхалқиро имконнопазир мегардонанд;

2) бо сабабҳои хусусияти санитарию карантинӣ дошта;

3) бо сабаби дағалона вайрон намудани қоидаю меъёрҳои нигаҳдории бино, иншоот ва таҷҳизоти технологии нуқтаи савдо.

Дар бораи қабул ва ё бекор намудани қарори муваққатан бастани нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ фавран ба давлати ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба дигар давлатҳои манфиатдор бо роҳҳои дипломатӣ хабар дода мешавад.

Ташкили кор дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ

18. Тартиби умумии кори нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо) бо мувофиқаи кувваҳои ҳифзи сарҳад, тасдик карда мешавад.

19. Мақомоти назорати давлатӣ дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, якҷоя бо ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳанд.

20. Ҳамоҳангсозии фаъолият дар чунин самтҳо анҷом дода мешавад: таҳлили вазъи баамаломада дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, пешбинии тамоюлҳои рушди он; тағйирёбии миқдори ҷараёни молҳо; вайронкунии имконпазири коидаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ; таъмин ва дастгии низоми санитарию эпидемиологӣ ва низомҳои дигар дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ; таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба такмили фаъолияти нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ ва нақшаҳои ҳамкории мақомоти давлатии назорат ва ҳокимияти иҷроияи маҳалӣ дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ.

21. Ба мақсади таъмини фаъолияти мувофиқагардидаи амалҳои мақомоти назорати давлатӣ дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ маҷлиси ҳамоҳангсозӣ даъват карда мешавад.

Дар кори маҷлиси ҳамоҳангсозӣ шахсони мансабдори мақомоти давлатии назоратии нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, мақомоти минтақавии амнияти давлатӣ ва корҳои дохилии маҳаллӣ, инчунин роҳбари (муовини роҳбари) ҳокимияти иҷроияи маҳалӣ иштирок мекунанд.

Иштирокчиёни маҷлиси ҳамоҳангсозӣ ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо ва қабули қарорҳо ҳуқуқи баробар доранд.

Ба маҷлиси ҳамоҳангсозӣ метавонанд дигар шахсони манфиатдорро даъват намоянд. Қарори даъвати онҳоро иштирокчиёни маҷлиси ҳамоҳангсозӣ қабул мекунанд.

Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ аз рӯи зарурат на камтар аз як маротиба дар семоҳа, инчунин бо ташаббуси яке аз иштирокчиёни маҷлиси ҳамоҳангсозӣ даъват карда мешавад. Маҷлиси ҳамоҳангсозӣ аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти ӯ дохил мешаванд, қарор қабул мекунад. Қарорҳо дар сурате қабулшуда ҳисоб мешаванд, ки агар ҳамаи иштирокчиёни маҷлиси ҳамоҳангсозӣ онро маъқул донанд.

22. Шахсони мансабдори дар қисми 2 банди 21 ҳамин Низомнома зикргардида иҷрои қарорро таъмин менамоянд ва дар бораи фаъолияти нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ, ки ба салоҳияти мақомоти кориашон дохил мешавад, масъули иҷрои қарор мебошанд.

23. Шахсони мансабдори мақомоти давлатиқ назоратӣ дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, ки тартиботи тиҷорати мувофиқи ҳамин Низомнома муайяншударо вайрон кардаанд, тибқи муқаррароти қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ

24. Сохтмон (таҷдид), муҷаҳҳаз гардонидан, бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудан ва таъминоти нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ дар асоси ҳиссаҳои ибтидоӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети давлатӣ нисбати мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ пешбинӣ шудаанд ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо ҷалб карда мешавад, сурат мегирад.

Ҳаҷми ҳиссаи иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар маблағгузории сохтмон (таҷдид), муҷаҳҳаз гардонидан, бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудан ва таъминоти нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ дар асноди лоиҳавию сметавӣ муайян карда мешаванд.

25. Ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо ӯҳдадоранд, ки ба мақомоти давлатии назорат дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадии кушодашаванда биноҳои хизматию маишӣ, таҷҳизоти технологиро мутобиқи ҳаҷми ҳиссаи иштироки ҷонибҳо дар сохтмони (таҷдиди) нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ диҳанд.

26. Хароҷоти таъминоти нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ, хизмати коммуналӣ ва дигар хароҷот дар асоси шартномаҳои байни хадамоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо ва мақомоти давлатии назорат дар нуқтаи тиҷоратӣ маблағгузорӣ мешавад.

27. Шахсони масъул дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ бояд меъёрҳои муқаррарнамуда ва стандартҳои таъминоти биноҳо, иншоот ва дигар иморатҳо, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳо ва дигар воситаҳои техникии барои тиҷорат тааллуқдоштаро риоя намоянд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2002 № 397

тасдиқ шудааст

Номгӯи молҳое, ки барои тиҷорати наздисарҳадӣ таъин гардидаанд

Содирот

1. Асал

2. Равғани растанӣ ва чорво

3. Намаки ошӣ

4. Шарбатҳо ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ

5. Меваю сабзавоти консерв карда шуда

6. Меваи хушк

7. Маҳсулоти кишоварзӣ

8. Маҳсулоти тайёр аз матоъҳои пахтагин ва синтетикӣ ва молҳои бофта

9. Кулоҳҳо

10.Ҷӯробҳо

11. Қолин ва маҳсулоти қолинӣ

12. Маҳсулоти заргарӣ (ғайр аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо)

13. Асбобҳои мусиқӣ

14. Асбобу анҷоми рӯзгор

15. Маҳсулоти кулолӣ

16. Маҳсулоти чиниворӣ

17. Матоъҳои пахтагин ва синтетикӣ

18. Масолеҳи бинокорӣ

Воридот

1. Орд

2. Гандуми озуқаворӣ

3. Шакар ва маҳсулотҳои қаннодӣ

4. Чой

5. Биринҷ

6. Асал

7. Равғани растанӣ ва чорво

8. Намаки ошӣ

9. Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ

10.Шарбатҳо ва нушокиҳои ғайримашруботӣ

11.Меваю сабзавоти консерв карда шуда

12.Меваи хушк

13.Маҳсулоти кишоварзӣ

14.Гӯгирд

15. Матоъҳои пахтагин ва синтетикӣ

16. Маҳсулоти тайёр аз матоъҳои пахтагин ва синтетикӣ ва молҳои бофта

17. Пойафзоли гуногун

18.Кулоҳҳо

19.Ҷӯробҳо

20.Собуни хоҷагӣ ва маводи шустушӯи синтетикӣ

21.Қолин ва маҳсулоти қолинӣ

22.Атриёт

23.Маҳсулоти заргарӣ (ғайр аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо)

24.Асбоҳои мусиқӣ

25.Асбобу анҷоми рӯзгор

26.Маҳсулот аз полиэтилин ва коғаз

27.Маҳсулоти кулолӣ

28.Маҳсулоти чиниворӣ

29.Маҳсулоти нафтӣ

30.Нуриҳои минералӣ

31.Техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо