Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 498 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 397"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 397

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади ташкили тиҷорати наздисарҳадии самаранок ва афзун намудани ҳавасмандии иштирокчиёни он дар кори фаъолгардонии содироти мол (кор, хизматрасонӣ) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 397 "Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани ташкили тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

аз матни қарор калимаҳои "ва Номгӯи молҳое, ки барои савдои наздисарҳадӣ муқаррар шудаанд" хориҷ карда шаванд;

ба Низомномаи тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар сархати якуми банди 2 калимаҳои "аз рӯи "Номгӯи молҳое, ки барои савдои наздисарҳадӣ муқаррар шудаанд" ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст" хориҷ карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"3. Дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ арзиши умумии молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ва хариду фурӯш карда мешаванд, набояд аз маблағи ҳамарзиш ба 1000 доллари ШМА дар ҳар рӯзи савдо ба ҳар як иштирокчӣ зиёд бошад";

- банди 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"4. Тиҷорати наздисарҳадии молҳо метавонад миёни шахсони воқеии ватанӣ, ки дар қаламрави наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон макони доимии зист доранд ва шахсони хориҷие, ки дар қаламрави наздисарҳадии дахлдори тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад муайяншаванда макони зисти доимӣ доранд, ба амал бароварда шавад.

Ҳангоми тиҷорати наздисарҳадӣ шахсони воқеӣ метавонанд аз тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашудаи интиқоли мол, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, истифода баранд.

Дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ ҳамаи намуди молу маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, ба истиснои молҳои зераксизӣ, литсензионӣ, квоташаванда ва номгӯи молҳое, ки содирот ва воридоти онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, инчунин молҳое, ки нисбати онҳо махдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд";

- сархати дуюми банди 5 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"-оид ба масъалаҳои амният ва сарҳадӣ - ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- сархати чоруми банди 5 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"-оид ба масъалаҳои назорати санитарию эпидеомиологӣ, назорати маҳсулоти табобатию профилактикӣ ва ороишии воридшаванда - ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- сархати ҳафтуми банди 5 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"-оид ба масъалаҳои назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти истеъмолии воридшаванда - ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- ба банди 5 сархати ҳаштум дар таҳрири зерин илова карда шавад:

"-оид ба масъалаҳои сохтмон ва меъморӣ - ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2008 № 498

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 октября 2002 года №397

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", в целях эффективной организации приграничной торговли и повышения заинтересованности ее участников в деле активизации экспорта товаров (работ, услуг) из Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

В постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 октября 2002 года №397 "О мерах по улучшению организации приграничной торговли в Республике Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

из текста постановления слова "и Перечень товаров, предназначенных для приграничной торговли" исключить;

в Положение о порядке осуществления приграничной торговли в Республике Таджикистан:

- в первом абзаце пункта 2 слова "товарами предусмотренных в "Перечне товаров предназначенных для приграничной торговли", утвержденного Правительством Республики Таджикистан"исключить;

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. В пунктах приграничной торговли общая стоимость перемещаемых физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан, приобретаемых и реализуемых товаров, работ и услуг не должна превышать сумму, эквивалентную 1000 долларов США в каждый день торговли на каждого участника";

- пункт 4 изложить в следующей редакции:

"4. Приграничная торговля товарами может осуществляться между отечественными физическими лицами, имеющими постоянное место жительства на приграничной территории Республики Таджикистан, и иностранными лицами, имеющими постоянное место жительства на соответствующей приграничной территории, определяемой в международных договорах Республики Таджикистаи с сопредельными государствами.

При приграничной торговле физические лица могут использовать льготный и упрощенный порядок перемещения товаров, установленный в соответствии с нормативно-правовыми актами Реесубликм Таджикистан.

В пунктах приграничной торговли реализуются все наименования товаров, работ и услуг, за исключением подакцизных, лицензируемых и квотируемых товаров, товаров экспорт и импорт, которых запрещен нормативно-правовыми актами Республики Таджикистан, а также товаров в отношении которых имеются ограничения в соответствии с действующими нормативно-правовыми актами Республнки Таджикистан, перечень которых утверждается Правительством Республики Таджикистан";

- абзац второй пункта 5 изложить в следующей редакции:

"- по вопросам безопасности и пограничного - на Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан";

- абзац четвертый пункта 5 изложить в следующей редакции:

"- по вопросам санитарно-эпидемиологического контроля, контроля за ввозимой лечебной, профилактической и косметической продукцией - на Министерство здравоохранения Республики Таджикистан";

- абзац седьмой пункта 5 изложить в новой редакции:

"- по вопросам контроля качества и безопасности ввозимой потребительской продукции - на Агентство по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан";

- в пункт 5 добавить абзац восьмой в следующей редакции:

"- по вопросам строительства и архитектуры - на Агентство по строительству и архитектуре при Правительстве Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

от 1 октября 2008 года №498

 г. Душанбе