Тартиби истифодаи иншооти обӣ барои истгоҳ, парвозу нишаст ва ҳамчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2002, № 439

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2023 № 566 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 ноябри соли 2002 № 439

тасдиқ шудааст

Тартиби истифодаи иншооти обӣ барои истгоҳ, парвозу нишаст ва ҳамчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мафхумҳои асосӣ

1. Дар тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд

- "Аломати тамғазада" - аломати дар рӯи об гузошташуда барои додани маълумот.

- "Самтнамои шамол" - таҷҳизоти нишондиҳандаи самти шамол.

- "Лангар" - ғӯлаи оҳанини занҷирдор, ки аз тарафи муқобил ба баданаи ҳавопаймои обӣ ва дигар тарафи оҳанини он ба қаър (дарё, кӯл, баҳр) об партофта мешавад.

- "Истгоҳи лангарӣ" - ҷои истгоҳи ҳавопаймои обӣ дар лангарҳо.

- "Лангари беҳаракат" - макони лангарҳои доимӣ аз оҳану бетон.

- "Маъбар" - роҳҳои обии киштиҳо.

- "Бакен" (роҳнамо) - чалакҳои оҳанин ё чанбарҳои наҷот, ки ба якдигар мустаҳкам карда шудаанд.

- "Шиноварак" - заврақ аз пенопласт дар шакли кураи диаметраш 60 см, ки дар қисми болояш асбоб барои гузоштани парчам мавҷуд аст.

- "Равонакунандаҳои обӣ" - таҷҳизоте, ки барои аз об бардоштан ва ба об фуровардани ҳавопаймои обӣ бо кӯмаки чархҳои махсуси лағжанда таъмин гардидааст.

- "Пирс" - чой дар соҳил барои истгоҳи таҷҳизоти обӣ (ҳавопаймои обӣ)

- "Фарсангсор" - ҷойҳои маҳдуди хатарнок.

- "Акватория" - қитъаи обӣ, ки махсусан барои парвоз, фурӯд, ҳаракат, истгоҳ ва хадамоти ҳавопаймои обӣ ҳангоми шиноварӣ таъин гардидааст.

- "Ҳавзаи парвоз" - қисме аз қитъаи обии барои парвоз ва фурӯд омадани ҳавопаймоҳҳои обӣ таъингардида, ки дар он як ё якчандто майдонҳои парвозу нишаст вуҷуд дорад.

- "Бандар" - қитъаи обӣ, ки барои истгоҳ, ҳаракат ва хизматрасонӣ барои ҳавопаймои обӣ ва дигар воситаҳои шинокунанда таъин гардидааст.

- "Ҳудуди хидматию техникӣ" - қитъаи соҳилӣ, ки дар он биноҳо ва иншооти махсус ҷойгиранд, ки барои хизматрасонии ҳавопаймоҳои обӣ ва ҳамлу нақли нақлиётӣ таъин гардидаанд.

- "Ҳавопаймои обӣ" - ҳавопаймо-амфибия, ки барои парвоз аз сатҳи об на фурӯд ба сатҳи об махсусан таҷҳизонида шуда, инчунин барои дар соҳили бандар истодан таҷҳизот дорад.

2. Фурӯдгоҳҳои обӣ

2. Фурӯдгоҳҳои обӣ дарёӣ, кулӣ ва ҳамчунин доимӣ ва муваққатӣ мешаванд.

3. Фурӯдгоҳи обӣ аз қитъа (акватория) ва масоҳати хидматию техникӣ иборат аст.

4. Фурӯдгоҳҳо бояд дар мавзеъҳои аз мавҷҳои обӣ ва сатҳи мавҷдори об ҳифзшудаи назди соҳил ва ҳамчунин дар минтақаҳое, ки имкони сохтани роҳҳои рафту омад ба фурӯдгоҳҳои обӣ мавҷуд аст ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шаванд.

5. Акваторияҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

- андозаи кофӣ дар тарҳ ва чуқурии лозимӣ;

- фарватер барои ҳаракати воситаҳои шинокунанда, ки хидматрасонии ҳавопаймоҳои обиро анҷом медиҳанд ва ҳамчунин ҳангоми убури қитъаҳои киштигард барои киштиҳои дахлдор маъбарҳо дошта бошад.

- суръати ҳаракати маҷрои об аз 3 м/сон. набояд зиёд бошад.

- бояд ба хати соҳил бевосита наздик ҷойгир бошад.

3. Талабот ба фурӯдгоҳҳои обӣ

6. Дарозии хати парвоз бояд бехатарии парвоз, фурӯд ва ҳаракати ҳавопаймоҳои обии дар фурӯдгоҳҳои обӣ мавқеъдоштаро мутобиқи талаботи "Раҳнамои истифодаи ҳавоӣ"-и ҳавопаймоҳҳо таъмин намояд.

7. Чуқурии ҳадди ақали обанборҳо дар ҳудуди хати парвоз мутобиқи сатҳи чуқуртарини об муайян карда мешавад.

8. Тамоми қитъаҳои обанборҳои фурӯдгоҳҳои обӣ, ки чуқурии онҳо аз андозаи зарурӣ кам мебошад, бояд бо аломатҳои махсус, ки нишонаи хатарнокӣ доранд, ишора карда шаванд.

9. Дар вақти лаппиши шаддиди сатҳи об дар шароити дарёӣ ва баҳрии фурӯдгоҳҳои обӣ барои ҳалли масъалаи истифодаи онҳо дар уфуқҳои гуногуни об дар якчанд уфуқҳои об, аз сатҳи пасттари он сар карда то сатҳи болои он ки дар обанбор мушоҳида шудааст, доштани нақшаҳои тағйирёбанда зарур аст.

10. Дар асоси нақшаҳои тағйирёбанда сарҳадҳои ҳавзаҳои обӣ ва бандарҳо муайян карда мешаванд, ҳамчунин ба нақшаи ҳаракатҳои ҳавопаймоҳои обӣ ва васоити шинокунанда, дар сатҳҳои гуногуни об тағйиротҳо медароранд.

11. Бандар бояд дар маҳали оромтарини ҳавза, аз бод, мавҷҳои сахт, яхпораҳо ва тӯфонҳо ҳифзшуда ҷойгир бошад. Шакл ва андозаи бандарҳо дар нақша, бо теъдоди (адади) ҳавопаймоҳои обии истифодашаванда, мавҷудияти воситаҳои шинокунанда, шумораи истгоҳҳои лангардор, истгоҳҳои бандар, пирсҳо ва равонкунандаҳои обӣ муайян карда мешавад.

12. Қитъаҳои соҳил бояд дорои хати шустанашаванда, релефи мусоид ва андозаи лозимӣ барои ҳудуди хизматрасонии техникӣ бошад.

13. Ҳудуди хизматрасонии техникӣ бояд аз сатҳи баландтарини обанбор набояд аз 1 м кам ва дурии он аз соҳил набояд аз 500 м зиёд бошад.

4. Таҷҳизоти фурудгоҳҳои обӣ

14.Дар фурӯдгоҳҳои обӣ барои ҳавопаймоҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми меъёрҳо ҳавзаҳои обанборҳои Норак, Қайроққум, кулҳои Сарез ва Қароқӯл метавонанд истифода гарданд.

15.Ба таркиби таҷҳизоти фурӯдгоҳҳо инҳо дохил мешаванд:

- аломатҳои тамғазада;

- самтнамоҳои шамол;

- истгоҳҳои лангардор;

- истгоҳи бандар;

- пирсҳо (сутунҳои чубин, оҳанин);

- равонкунандаҳои обӣ ва майдончаҳои ҳаракати манёврӣ;

- воситаҳои шинокунанда.

16.Аломатҳои тамғадор ба чунин намудҳо ҷудо мешаванд.

- аломатҳои сарҳадӣ барои ифодаи сарҳадҳои ҳавзаҳои обии парвозӣ;

- аломатҳои манъкунанда барои ифодаи маҳалҳои хатарнок;

- аломатҳое, ки фурӯди ҳавопаймоҳои обиро ба сатҳи ҳамвори об таъмин мекунанд;

- аломатҳое, ки бандар ва истгоҳҳои ҳавопаймоҳои обии дар лангар бударо шабона нишон медиҳанд.

17. Аломатҳои сарҳадӣ дар атрофи ҳавзаи обии парвозӣ дар масофаи 100 м аз якдигар гузошта мешаванд. Ба сифати аломатҳои сарҳадӣ, роҳнамоҳо (бакенҳо), чалакҳои оҳанин ё чанбарҳои наҷот, ки ба якдигар мустаҳкам қабул шудаанд, истифода мегардад. Роҳнамо (бакен) аз амад иборат аст, ки дар болои он бо шакли секунҷа ё мураббаъ (чоркунҷа) пирамидаи баландии 0,8 м дошта часпонида шудааст.

18.Ҳангоми мавқеъ доштани ҳавзаи обии парвозӣ дар маъбари киштиҳо ё дар наздикии бевоситаи онҳо, аломатҳои сарҳадӣ дар вақти торикӣ, бояд бо рушноӣ муҷаҳаз шаванд, Дастури кори ин фурӯдгоҳи обӣ бошад, бояд бо дастури киштиронии дарёӣ мувофиқ гардонида шавад.

19.Барои нишон додани маҳалҳои хатарноки акватория (қитъа ё ҳавзаҳои обӣ) бакенҳо истифода мешаванд. Бо ин мақсад бакенҳо бе байрақчаҳо бо ранги норинҷии равшан ё сурх нишонагузорӣ мешаванд. Фарсангсорҳо (вехи) ҳамчун маънкунандаи мавқеъҳои хатарнок, ё аломатҳои мувакқатӣ истифода мешаванд.

20.Барои фурӯди ҳавопаймоҳои обӣ ба сатҳи ҳамвории об, акватория бо оғозшавандаи махсус муҷаҳаз гардонида мешавад, ки аз бакенҳо ё шиноварак дар як хат ва дар фосилаи 25 м аз якдигар дур буда иборат аст. Аз онҳо 6-тои асосиашро дар лангарҳои беҳаракат насб мекунанд ва дар фосилаи 50 м аз якдигар дур ҷойгир менамоянд. 5 адади дигарро, ки иловагӣ мебошанд, дар байни бакенҳои асосӣ насб намуда, онҳоро ба якдигар бо ёрии симтанобҳои фулодӣ ё бандҳо (канатҳои) дар чуқурии барои ҳавопаймоҳои обии истифодашаванда бехатар мепайванданд. Шиноварак аз завраки пенопластӣ, ки шакли кура дошт, диаметраш 60 см мебошад ва дар қисмати болоии он таҷҳизот барои насб кардани парчам мавҷуд аст.

21.Аломатҳои шинокунанда дар чойҳояшон бо кӯмаки лангарҳои бордор нигоҳ дошта мешаванд, ки ба онҳо амадчаи бакен бо ёрии каровулак часпонида мешавад. Дарозии каровулак бояд 1,5 - 2 бор аз чукурии ҷои насби бакен зиёд бошад.

22. Дар фурӯдгоҳҳои обие, ки бандар бевосита дар наздикии маъбар (фарватер) ҷой дорад, барои пешгирии зарбхӯрии ҳавопаймоҳои обӣ бандар бо шиноваракҳои (буйҳои) оҳанин ва чароғҳои чашмакзан муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

23. Ҳангоми интихоби маҳали фурӯдгоҳҳои обии доимӣ ва муваққатӣ ба сифати аломатҳои нишондиҳанда метавон аз аломатҳои соҳаи киштигардӣ, ки дар роҳҳои дохилии обӣ ба кор бурда мешаванд, истифода кард.

24. Истгоҳҳои лангарҳо барои бастан ҳангоми нигоҳ доштани ҳавопаймоҳои обӣ дар вақти шоноварӣ истифода мешаванд. Онҳо дар бандар ё истгоҳ ҷойгир карда мешаванд, фосилаи онҳо аз соҳил бояд на камтар аз 50 м буда, чуқурии онҳо бояд истифодаи бехатарии ҳавопаймоҳои обиро таъмин намоянд. Ҳамчунин фосилаи байни ҳавопаймоҳои собит ва ҳаракаткунанда бояд аз 10 м кам набошад.

25.Истгоҳи ҳавопаймоҳои обӣ барои таъмини корҳои боркунӣ ва борфурорӣ, хизматрасонии техникӣ, ҳамчунин таъмини онҳо бо маводи сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст.

Истгоҳҳои дарёӣ дар давраи тобистон кушода шуда, дар зимистон онро мекӯчонанд, дар кӯлҳо метавон истгоҳоро дар пойгоҳҳои собит сохт. Барои ҳифзи ҳавопаймоҳҳои обӣ аз зарба, ҳангоми миҳор (швартовка) ба заврақҳои ҳавопаймоҳои обӣ таҷҳизоти муҳофизаткунанда, ки онҳоро аз ҷисмҳои мулоими эластикӣ ё чархҳои ҳавопаймою мошинҳо метавон насб кард.

26.Равонакунандаҳои обӣ таҷҳизот барои фуровардан ва бардоштани ҳавопаймоҳои обӣ ба сатҳи об мебошанд. Равонкунандаҳои обӣ ду намуд мешаванд: соҳилӣ ва васлшавандаю ҷудошаванда; аз рӯи конструктсияҳои онҳо аз бетон, хок ва чуб сохта мешаванд.

27.Дарозии равонкунандаҳои обӣ дар ҳар ҳолати мушаххасӣ вобаста ба шароити маҳал муайян мегардад (иқлим, тағйири сатҳи об ва чуқурии бандар дар назди хати соҳил).

28.Майдончаи маневрӣ мустақиман ба равонкунандаҳои обӣ зич сохта мешавад ва барои шинондани ҳавопаймоҳо аз заврақҳои чархдор ба чархҳо ва баръакс, ҳамчунин барои корҳои таъмирӣ ва регламентӣ истифода мешавад.

29.Фурӯдгоҳҳои муваққатӣ бо самтнамои шамол ё парчамҳои самтнамои шамол муҷаҳҳаз мебошанд. Сарҳади ҳавзаи парвози акватория ва маҳалҳои хатарноки фурӯдгоҳи обӣ (тунукоб, монеаҳо) бо фарсангсорҳои байрақчаи сухдор ва голякҳо нишонгузорӣ мешавад, истгоҳҳои лангарҳои фурӯдгоҳҳои доимӣ низ дар инҷо истифода бурда мешаванд. Истгоҳҳои бандар бояд ҳамчунин шакли нисбатан сохташон осон росткунҷа дошта бошанд.

Ҳангоми тавақуфи кӯтоҳмуддат ҳавопаймои обӣ метавонад дар лаби соҳил миҳор бандад ва ба сутун ё дарахтҳо баста шавад, зимнан соҳил бояд ҳамвор ва аз монеаҳо (сангҳо, решаҳо ва ҳоказо) холӣ бошад.

30. Дар сурати партоби ҳавопаймо ба соҳил ҳангоми канда шудани яке аз завракҳо ё ғайригерметикӣ ҷойгиронии он, фурӯдгоҳҳои обӣ дорои майдончаҳои махсус мебошанд. Майдонча бояд нишебии аз 0,008 зиёд надошта ва сатҳаш рег, сангрезаи хурд дошта бошад.

5. Парвоз дар ҳавопаймоҳои обӣ

31.Парвоз дар ҳавопаймоҳои обӣ бо мақсади кашонидани мусофирон, бо нишаст дар фурӯдгоҳҳои обӣ сурат мегирад. Ҳангоми интиқоли почта, борҳо, ҳамчунин анҷоми корҳои ҳавопаймоӣ (аз он ҷумла интиқоли мусофирони хизматӣ ва мусофирони фармоишӣ) иҷозати нишасти интихобӣ аз ҳаво дар акваторияҳо дода мешавад.

32.Ташкили парвоз дар фурӯдгоҳҳои обӣ ва тартиби ҳаракати воситаҳои шиноварӣ тавассути дастури иҷрои парвозҳо муайян карда мешавад.

33. Руйхати лавозимот ва васоити садамавию наҷотии ҳар як ҳавопаймои обӣ тавасути "Дастури истифодаи ҳавопаймоҳо" вобаста ба мақсади вазифаи гузошташудаи парвоз муайян мешавад. Теъдоди воситаҳои обии наҷот бояд ба теъдоди ашхоси дар ҳавопаймо буда мувофиқ бошад.

6. Талаботи асосӣ

34.Иҷрои корҳои авиатсионӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ (истифодаи ҳавопаймоҳо дар ҳоҷагии қишлоқ, сохтмон, муҳофизати ҷангалҳо, хизматрасонӣ ба экспедитсияҳо ва ғайра), ҳамчунин истифодаи ҳавопаймоҳо барои кӯмаки тиббӣ расонидан ба аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои санитарӣ, таҷрибавию илмӣ-тадқикотӣ тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба воситаи қарордод бо созмонҳои таваҷҷӯҳдошта амалӣ мегардад.

35.Парвозҳо бо мақсади иҷрои корҳои ҳавопаймоӣ вобаста ба мақсадашон, қоидаи иҷро ва технологияшон ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

- ҳавопаймоию-химиявӣ;

- аксбардориҳои ҳавоӣ;

- корҳои ҳавопаймоӣ дар соҳаи ҷангал;

- корҳои сохтмону васлгарӣ, ҳамлу нақли борҳо;

- корҳои вобаста ба нақлиёт ва алоқа;

- кумакрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва гузаронидани чорабиниҳои санитарӣ;

- гузаронидани корҳои таҷрибавӣ ва илмию таҷрибавӣ.

36.Ташкил ва иҷрои парвозҳо ба мақсади иҷрои корҳои гуногуни ҳавопаймоӣ мутобиқи "Нишондод оид ба иҷрои парвозҳои авиатсияи гражданӣ", "Дастур оид ба истифодаи ҳавопаймоҳо", дастурамалҳо, технологияҳо ва дастурҳо амалӣ мегардад.

37.Дар ҳар як муассисаҳои ҳавопаймоӣ, ки дар ҳудуди он корҳои авиатсионӣ иҷро мегардад, дастурамали умумии ташкили парвозҳо, идораи онҳо ва таъмини онҳо бо дарназардошти намудҳои корҳои иҷрошаванда таҳия мегардад.

38.Ҳайати шахсии парвозӣ, мутахассисони идораи ҳаракати ҳавоӣ, ҳамчунин дигар мутахассисони барои иҷрои корҳои авиатсионӣ сафарбаркардашуда, бояд дорои ахлоқи баланд, дараҷаи баланди кордонӣ, омодагии дахлдор тибқи барномаҳои корӣ бошанд.

39.Зимни парвози авиатсионӣ ҳайати ҳавопаймо вазифадор аст, ки бо диспетчери идораи ҳаракати ҳавоӣ алоқаи радиоӣ ва замони алоқа бо вай дар ҳар 1 соат бояд дошта бошад.

40.Барои ҳар як фурӯдгоҳи обӣ (майдончаи фурӯд) нақша ва иҷрои парвозҳо тартиб дода мешавад.

41.Парвозҳои авиатсионӣ бояд ҷиддан мутобиқи вазифаи гузошташуда ва фармоиши парвозии "фармоишгар" анҷом дода шаванд. Ба сарнишини ҳавопаймо иҷрои парвозҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ (корӣ) дахл надоранд, мамнӯъ аст.

42.Корҳои авиатсионӣ ҳангоми мувофиқ будани дидашавандагии хуб ва баландии сатҳи поёни абрҳо иҷро мешаванд (Дар маҳалҳои кӯҳистон 5 км ва 300 м-ро ташкил медиҳад).

43. Сарнишини ҳавопаймо корҳои авиатсиониро иҷро мекунад, агар:

- обу ҳаво хатарнок набошад;

- обу ҳавои воқеӣ ва пешгӯии обу ҳаво аз ҷиҳати биниш ва сатҳи поёнии абрҳо, ки аз ҳадди ақали лозимӣ кам набошад;

- дар минтақае, ки парвоз манъ набошад.

44.Фармондеҳҳо, роҳбарият ва ҳайати назоратӣ, мутахасисони хадамот шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои муассисаҳо ҳавопаймоӣ, ҳамчунин Департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин корҳоро бояд анҷом диҳанд:

- ташкили кор мувофиқи талаботи "Нишондод оид ба иҷрои парвозҳои авиатсияи гражданӣ", "Дастур оид ба истифодаи ҳавопаймоҳо", дастурамалҳо ва дастурҳо оид ба ҳар як намуди фаъолият;

- шароити хуби маишӣ ва истироҳати ҳайатҳои парвозкунанда;

- интизоми баланди ҳайати шахсӣ;

- назорати доимӣ аз болои ҳайати парвозкунанда.

Максади назорат бартараф кардани нуқсонҳо, созмондиҳӣ, таъмин ва иҷрои кор мувофиқи талаботи "Нишондод оид ба иҷрои парвозҳои авиатсияи гражданӣ", дастурҳо ва технологияи намудҳои корҳои авиатсионӣ мебошад.

7. Нигоҳубини акваторияи фурӯдгоҳҳои обӣ

45.Боздиди акватория, тавассути ашхоси хадамоти фурӯдгоҳи ҳавоӣ ва хадамоти ҳаракат 1 соат то шурӯи парвозҳо, ҳамчунин пеш аз парвоз ё фурӯди ҳавопаймои обӣ, бо мақсади тоза намудани он аз ҷисмҳои нодаркор, ки рондан ва парвозу фурӯди ҳавопаймоҳо халал расониданашон мумкин аст, иҷро мешавад. Ҳамчунини ҷиҳати аз акватория дур намудани киштиҳо чорахо андешидан лозим аст. Натиҷаҳои ин кор дар "Дафтари ҳолати майдони парвоз" сабт карда мешавад.

46.Фурӯдгоҳи обӣ бояд бо пости обсанҷӣ муҷаҳҳаз гардад ва мувофиқи нишондоди он чуқурии ҳавзаи обӣ санҷида шавад. Ҷойҳои ба талаботи истифода корношоямро бо аломатҳои махсус нишонгузорӣ намудан лозим аст.

47.Ҳангоми тағйирёбии сатҳи оби обанборҳо истгоҳҳои бандарро пешу ақиб бурда, ҳамзамон воситаҳои мустаҳкам нигоҳдорандаи истгоҳҳоро бо танобҳои пӯлодин танзим намудан лозим аст.

48.Санҷиши дурустии истгоҳҳои лангарҳо, истгоҳҳои бандар, сутунҳо ва таҷҳизоти дигарро ҳар рӯз гузаронидан лозим аст. Ба рехтани маводи сӯхт, равғанҳои молиданӣ ва саҳни истгоҳҳо партофта шудани матоъҳои равғанолуд роҳ додан лозим нест.

49. Истгоҳҳо, равонакунандаҳои обӣ, майдончаҳои манёврӣ ҳамеша бояд тоза нигоҳ дошта шаванд; ҳалқаҳои истгоҳҳоро мунтазам бояд тоза ва равған молида шаванд; чуқуриҳои лангарҳоро тоза намудан лозим аст.

50. Бо тамом шудани фаъолияти (навигатсияи) тобистонаи авиатсия, тамоми таҷҳизот аз ҳам ҷудо карда шуда, ба соҳил бароварда мешавад ва ба майдончаҳои махсус ҷудокардашуда интиқол дода мешаванд.

51.Сарчашмаҳои молиявӣ ва таъминоти фурӯдгоҳҳои обӣ аз ҳисоби истифодабарандагони фурӯдгоҳҳо пардохт мегардад.

52.Тартиби истифода ва тарифҳои истифодабарии фурӯдгоҳҳои обиро мутобиқи қонунгузории зиддимонополии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти давлатии зиддимонополӣ муқаррар менамоянд.

53. Барои дар ҳолати дурусти техникӣ нигоҳ доштани фурӯдгоҳҳои обӣ, истифодабарандагони ҳамин фурӯдгоҳҳо ҷавобгар мебошанд.

54. Барои риоя накардани муқаррароти ҳамин Тартиб шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.