Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо аз 7 сентябри соли 2006, № 414

Санаи амалкуни: 01.03.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

аз 1 январи соли 2023 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 506 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 414

тасдиқ шудааст

Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо (минбаъд - Дастурамал) ҷиҳати иҷрои талаботи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005, № 100 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" бо мақсади таъминоти оморӣ ва иттилоотии раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" таҳия шудааст.

2. Дастурамали мазкур тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба натиҷаҳои назорати прокурорӣ доир ба татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баррасии аризаҳо ва маълумот бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, категорияи шахсони чунин ҷиноят содирнамуда, натиҷаи баррасии судии ин парвандаҳои ҷиноятӣ, татбиқи ҷазои ҷиноятӣ ва категорияи шахсони барои содиркунии чунин ҷиноятҳо маҳкумшударо муқаррар менамояд.

II. Шакл, сохтор, субъектҳо ва заминаҳои ҳисобот

1. Шакл ва сохтори ҳисобот

3. Намунаи Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия (минбаъд - Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия") ба Дастурамали мазкур замима шудааст.

4. Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз фаслҳои зерин иборат аст:

- Фасли 1 - "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия";

- Фасли 2 - "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳа ва самтҳои фаъолият";

- Фасли 5 - "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта"

- Фасли 6 - "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд";

- Фасли 7 - "Баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 8 - "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта"

- Фасли 9 - "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда".

2. Субъектҳо ва заминаҳои таҳияи ҳисобот

6. Субъектони Ҳисоботи омории Шакли 1 - коррупсия мақомоти зерин мебошанд:

- мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - - мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти дигари таҳқиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқи пешакӣ доранд.

Доираи субъектони қисмҳои мушаххаси Ҳисоботи омории Шакли №1 - коррупсия ва субъектон оид ба таҳияи ҳисоботҳои ҷамъбастии умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи қисмҳои мушаххас бо боби 2 фасли IV Дастурамали мазкур муайян карда шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

7. Нишондиҳандаҳои Ҳисоботи мазкур доир ба ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, шахсони онҳоро содирнамуда ва барои содиркунии чунин ҷиноятҳо маҳкумшуда дар асоси ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ибтидоӣ - варақаҳои омории шаклҳои № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда), № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот), № 2.0 (дар бораи шахси ҷиноятсодиркарда ва № 3.0 (дар бораи ҳаракати парвандаи ҷиноятӣ) ва дар бораи натиҷаи судии баррасии парвандаи ҷиноятӣ (маълумотномаи шакли № 6) ташаккул меёбанд.

8. Бақайдгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд, тибқи Тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2009, № 676 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

III. Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

1. Меъёрҳои мансубияти ҷиноятҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

9. Зимни таҳияи Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия бояд дар назар дошт, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фасл ё боби махсуси ба ҷиноятҳои коррупсионӣ бахшидашуда надорад. Ин ҷиноятҳо дар таркиби фаслу бобҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.

Муайян намудани доираи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо дарназардошти мавҷудияти нишонаҳои коррупсия дар кирдори мушаххас анҷом дода мешавад.

10. Мутобиқи мафҳуми дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" додашуда "Коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳукуқӣ истифода мебаранд."

Аз мафҳуми мазкур аломатҳои зерини таркиби ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бармеоянд;

Субъекти ҷиноят - шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне мебошанд, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиро ваъда, таклиф ё пешниҳод менамоянд.

Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор инҳо мебошанд;

шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;

шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ҳиссаи давлат дар моликияти онҳо на кам аз нисфро ташкил медиҳад.

Ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробар карда шудаанд - шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ; шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун ба сифати номзад ба вазифаҳои давлатии интихобӣ ва аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд.

Тарафи субъективии ҷиноят - кирдорҳои коррупсионии қасдона буда, аз рӯи ғараз ё дигар манфиатдории шахсӣ содир карда мешаванд.

Объекти ҷиноят - фаъолияти муътадил ва бо қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзимшудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои давлати, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, давлат ва ҷамъият мебошад.

Тарафи объективии ҷиноят - истифода бурдани вазъи хизматӣ ё имкониятҳои он бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ.

2. Оид ба феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

11. Дар сурати мавҷуд будани ҳама нишонаҳои дар банди 10 қайдгардида, бо риояи қоидаҳои дар бандҳои 12 ва 13 ин Дастурамал пешбинишуда, ҷиноятҳои зерини дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро метавон ба гурӯҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мансуб донист ва ба Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дохил намуд:

аз боби 26 "Ҷиноятҳо ба муқобили моликият"

- азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ (банди "г" қисми 2 моддаи 245, қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда - агар кирдорҳои дар ин бандҳо зикршуда бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошанд);

- тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда (моддаи 246)агар он бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад;

- қаллобӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "г" қисми 2 моддаи 247, инчунин қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур - агар кирдорҳои дар ин бандҳо зикршуда бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд;

- тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ (моддаи 257);

аз боби 27 "Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ"

- монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ (моддаи 258);

- бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин (моддаи 261);

- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85);

- ғайриқонунӣ гирифтани кредит (моддаи 264) - агар он аз ҷониби роҳбари ташкилоту корхона новобаста аз шакли моликият содир шуда бошад;

- ғайриқонунӣ додани кредит (моддаи 265);

- ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ (моддаи 268);

- кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "в" қисми 3 моддаи 273);

- бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ, тендер ё музоядаҳо (ауксион) (моддаи 274);

- ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ (моддаи 278):

- ришвадиҳии тиҷоратӣ (моддаи 279);

- ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ (моддаи 280);

- аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ (моддаи 287);

- контрабанда (қочоқ) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "б" қисми 3 моддаи 289), инчунин қисми 4 ҳамин модда агар дар гурӯҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад;

- саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "б" қисми 2 моддаи 291);

- саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ (моддаи 292);

- саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андоз (моддаи 293) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- сӯистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо (моддаи 295);

- сӯистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ (моддаи 296);.

аз боби 30. "Ҷиноятҳо муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ".

- сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314);

- беамалӣ дар иҷрои вазифа (моддаи 315) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316);

- соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор (моддаи 317);

- иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 318);

- гирифтани пора (моддаи 319);

- додани пора (моддаи 320);

- иғвои порадиҳӣ (моддаи 321)

- сохтакории хизматӣ (моддаи 323);

- гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ (моддаи 324);

- додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325);

- ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории яроқи оташфишон (моддаи 326) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад (моддаи 327);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

аз боби 32 "Ҷиноятҳо муқобили адолати судӣ"

- монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шудааст (қисми 3 моддаи 345);

- дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ (моддаи 348);

- дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ (моддаи 349);

- сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 359);

- ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 360);

- ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ, хизматчии мақоми худидораи маҳаллӣ, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин барои иҷрои онҳо монеъ шудан (моддаи 363).

аз боби 33 "Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ"

- сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият (моддаи 391);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

12. Бояд дар назар дошт, ки баъзе ҷиноятҳои дар боло номбурда аз ҷумла: "Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" (моддаи 316), "Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор" (моддаи 317), "Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар" (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 359 ) ва "Ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ" (моддаи 360) дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда, на ҳамеша хусусияти коррупсионӣ дошта метавонанд.

Аз ин ру, зимни ҳалли масъалаи ҳамчун ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дохилкунии онҳо бояд ҳолатҳои мушаххаси кор, ангезаи коррупсионӣ, инчунин ҳама аломатҳои дигари таркиби ҷиноятҳои коррупсиониро доштан ё надоштани онҳо ба назар гирифта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

13. Кирдорҳои дар қисми 1 моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада" пешбинишуда ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ фақат дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар он ба қонунигардонии (барасмиятдарории) даромадҳои дар натиҷаи кирдорҳои коррупсионӣ бадастомада вобаста бошад.

Кирдори дар банди "в" қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, новобаста аз манбаъ ва шакли ғайриқонунӣ ба даст овардани даромадҳо, ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Кирдорҳои дар бандҳои дигари қисми 2, инчунин кирдорҳои дар қисми 3 моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар ҳолате ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки агар онҳо бо қонунигардонии (барасмиятдарории) даромадҳои дар натиҷаи содир намудани ҷинояти коррупсионӣ вобаста бошанд ё аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

IV. Тартиби ташаккул ва пешниҳод намудани ҳисобот

1. Ташаккули маълумот аз рӯи қисмҳои Ҳисобот

14. Фасли 1 - "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураро дар ин самт инъикос намуда, аз рӯи қоидаҳои барои таҳияи ҳисоботи омори шакли № П "Ҳисобот оид ба фаъолияти прокурор" муқарраршуда тартиб дода мешавад.

Маълумоти дар қисми мазкур инъикосшаванда бояд аз маълумоти ҳуҷҷатҳои ибтидоии зерин, ки ба ҳисобот замима мешаванд, асос ёбанд;

- руйхати санҷишҳои вазъи иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия";

- руйхати санадҳои эътиноии прокурорӣ доир ба вайроншавии Қонуни мазкур;

- руйхати шахсони дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалбкардашуда;

- руйхати парвандаҳои ҷиноятии дар натиҷаи ин санҷишҳо ва дигар чорабиниҳо оғозкардашуда;

- маълумотнома оид ба миқдори зарари бо санадҳои эътиноии прокурорӣ барқароршуда бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.

Дар сутуни 1-уми фасли мазкур миқдори санҷишҳои умумии вазъи иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" нишон дода мешаванд.

Дар сутуни 2-и фасл ҳамчун "дигар чорабиниҳо" миқдори санҷишҳо аз рӯи аризаҳо ва маълумот, инчунин чорабиниҳои бо мақсади дар ҷои ҳодиса бо далели шайъӣ дастгиркунии шахсон гузаронидашуда нишон дода мешаванд.

Ҳама рақамҳои дар сутунҳои 1-12 муқобили сатри ҷамъбастии 1-ум нишондодашаванда, минбаъд дар сатрҳои 2-38 аз рӯи навъи мақомоти идоракунӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти назоратӣ ва соҳаҳои фаъолият тақсим карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

15. Фасли 2 - "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" фаъолияти ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта инъикос менамояд.

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

16. Фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" аз рӯи маълумоти варақаҳои омории шаклҳои № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда) ва № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот) пур карда шуда, миқдори ҷиноятҳои бақайдгирифта, парвандаҳои ҷиноятии оғознамуда ва миқдори маводи бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз оғози парвандаи ҷиноятӣ раднамудаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85);

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

17. Фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаҳо ва самтҳои фаъолият" аз рӯи маълумоти варақаҳои омории шакли № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда) ва шакли № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот) пур карда шуда, мансубияти соҳавии ҷиноятҳои ошкоршударо ташкил медиҳад.

Дар сутуни 1 ин фасл ҳама ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки дар давраи ҳисоботӣ парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст, бо асосҳои ғайрисафедкунанда парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда ё аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо чунин асосҳо аз тарафи мақомоти барои мубориза бар зидди коррупсия ваколатдор рад карда шудааст, нишон дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

18. Фасли 5 "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" аз рӯи маълумотҳои Ҳисоботи давлатии омории шакли №1Е "Оиди кори тафтишот" пешбинишуда ва рӯйхатҳои ба он замимашаванда пур карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

19. Фасли 6 "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд" дар асоси маълумоти варақаи омории шакли № 2.0 (дар бораи шахси ҷиноят содиркарда) пур карда шуда, мансубияти идоравӣ ва мансабҳои ишғолнамудаи шахсони ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содирнамударо инъикос менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки ба гурӯҳи шахсони ҷиноят содирнамуда ҳама шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст, бо асосҳои ғайрисафедкунанда парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда ё аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо чунин асосҳо рад карда шудааст, дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Миқдори умумии чунин шахсон дар давраи ҳисоботӣ дар сутуни 1-уми фасл дарҷ карда мешаванд.

Дар сутуни 2 миқдори шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд, нишон дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Рақамҳои дар сутуни 1 овардашуда аз рӯи категорияи шахсони мансабдор дар сутунҳои минбаъда тақсим карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

20. Фаслҳои 7, 8 ва 9 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дар асоси маълумоти варақаи оморӣ "Дар бораи натиҷаи баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ" (маълумотномаи шакли № 6), ки шакли он аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бо ҳамбастагии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ташкил дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

21. Дар фасли 7 "Баррасии судии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ҷамъи сутунҳои 1 ва 3 ба ҷамъи сутунҳои 5, 22, 23, 24, 25 бояд баробар бошанд.

Ба монанди ин ҷамъи сутунҳои 7, 9, 11 ва 15 бояд ба нншондиҳандаи сутуни 5 баробар бошанд.

22. Фасли 8 Ҳисобот "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" давоми фасли 7 буда, маълумоти он на миқдори парвандаҳои ҷиноятии дар судҳо баррасишуда, балки миқдори шахсони дар давраи ҳисоботи аз ҷониби судҳо маҳкумшударо инъикос менамоянд. Аз ин рӯ, ҷамъи маълумоти дар сутунҳои 1-8 фасли 8 бақайдгирифташуда бояд ба миқдори умумии маҳкумшудагон, ки дар сутуни 16 фасли 7 нишон дода мешаванд, баробар бошанд.

Дар фасли 8 ҳамчунин ҷамъи маълумоти дар сутунҳои 9-13 қайдшаванда бояд бо маълумоти сутуни 8-и худи ҳамин фасл баробар бошанд.

Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима, маҳрум кардан аз хуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян метавон ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазои иловагӣ татбиқ шаванд.

Аз ин рӯ, дар ҳолате, ки ҷазоҳои мазкур ба сифати ҷазоҳои асосӣ таъин шуда бошанд, ҷаримаро фақат дар сутуни 2 ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро фақат дар сутуни 3 нишон дода, такроран онҳо дар сутунҳои 17 ва 19 нишон дода намешаванд.

23. Фасли 9 "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда" мансубияти идоравӣ, соҳавӣ ва вазифаҳои ишғолнамудаи шахсони барои содир намудани чунин ҷиноятҳо маҳкумшударо инъикос менамояд.

24. Ба ғайр аз фаслӣ-4 дар тамоми фаслҳои боқимоидаи Ҳисобот сатрҳои 1- 41 номгӯи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро инъикос намуда, ҷамъи рақамҳои дар муқобили ин сатрҳо овардашаванда дар ҳар як саҳифаи ҳисобот бояд ба маълумоти сатри 42 ва танқо фасли 2 ба маълумотҳои сатри 43 нишондодашуда баробар бошанд.

25. Дар сатри 25 фасли 1 ва дар ҳама фаслҳои дигари ҳисобот таҳти мафҳуми "Сохторҳои низомӣ" ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудаанд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

2. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисобот

26. Субъекти Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз рӯи фасли 1 "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" фақат мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

27. Субъектҳои ҳисобот аз рӯи фасли 2- "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ" тамоми субъектҳои дар банди 6 Дастурамал нишон дода шуда, ба истиснои Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

28. Фаслҳои 1 ва 2 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия ҳар семоҳа ва солона пешниҳод шуда, аз ҷониби мақомоти прокуратура ҷамъбаст ва дар ин замина ҳисоботи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ тартиб дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

Субъектони фаслҳои 1-2 ҳисобот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисоботи худро барои ҷамъбаст ба ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз санаи 1-уми моҳи навбатии баъди семоҳаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ) прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, инчунин мақомоти марказии (ҷумҳуриявии) субъектони ҳисоботҳои мазкур ҳисоботи омориро аз рӯи фаслҳои 1-2 ба шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз санаи 5уми моҳи навбатии баъди семоҳаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва омори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ва солона дар муҳлати на дертар аз санаи 10уми моҳи аввали баъди давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаслҳои 1-2 ҳисоботи ҷумҳуриявиро тартиб дода, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва истифода дар таҳияи ахбор ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

29. Субъектҳои Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз рӯи фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ва фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаҳо ва самтҳои фаъолият" ҳама субъектҳои бақайдгирии ҷиноятҳо буда, онҳо ҳар моҳ оид ба бақайдгирии ҷиноятҳо ва фошкунии онҳо, инчунин оиди шахсони ҷиноятсодиркарда ба сармаркази иттилоотӣ - таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъи афзуншаванда бо нишон додани минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо пешниҳод мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти гирифташуда, вобаста ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва паҳншавии онҳо дар соҳа ва самтҳои фаъолият тибқи фаслҳои 3-4 ҳисоботи мазкур ҳар семоҳа ва солона бо дарназардошти маълумоти афзуншаванда бо тақсим намудан ба субъектҳои бақайдгирӣ ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти ҷамъбастӣ тартиб дода ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

30. Субъектҳои  Ҳисоботи омории шакли №1-коррупсия аз рӯи фасли 5 - "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ва фасли 6 "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд" Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, Агентии вазорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

Фаслҳои 5-6 Ҳисоботи омории шакли №1-коррупсия ҳисоботп ҳармоҳа бо ҷамъи афзуншаванда буда, аз рӯи тартиб ва мӯҳлатҳое, ки барои ҳисоботи омории шакли № 1-Е "Ҳисобот оид ба кори тафтишотӣ" муқаррар шудаанд, таҳия гардида, ба мақомоти прокуратура пешниҳод, аз рӯи он дар мӯҳлатҳои номбаршуда ҷамьбаст карда, ҳисоботҳои минтақавӣ (вилоятӣ ва ш.Душанбе) ва ҷумҳуриявӣ тартиб дода мешаванд.

31. Субъектони Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия аз рӯи фасли 7 "Баррасии судии ҷиноятиҳои хусусияти коррупсионидошта", фасли 8 "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии

ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта", фаслн 9 "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда" судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аз рӯи маълумоти ҷамъшуда мутобиқи шаклҳо ҳисоботи худро ҳар семоҳа ва солона таҳия менамоянд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастиро аз рӯи фаслҳои номбурда ҳар семоҳа ва солона дар муҳлати на дертар аз санаи 5-уми моҳи навбатии баъди давраи (семоҳаи, соли) ҳисоботӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

32. Сармаркази иттилооти таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии маълумот оид ба бақайдгирии ҷиноятҳо, шахсони ҷиноятсодиркарда, шахсони маҳкумшуда ва ҳаракати парвандаҳои ҷиноятӣ ҳар семоҳа ва солона ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули пешбурди мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия мебошад барои таҳлил ва муқоиса аз рӯи фаслҳои 3-9 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия маълумотномаи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600, аз 1.03.2019 № 85).

33. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85)

 

Эзоҳ: Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия дигар шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз ё бекор намекунад.

Маълумоти ба Ҳисоботи омории Шакли № 1 - коррупсия дохилшаванда иловагӣ буда, бояд ба маълумоти дигар шаклҳои амалкунандаи ҳисоботи омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба меъёрҳои дигари баҳисобгирии ҷиноятҳо ва шахсони онҳоро содирнамуда асос ёфтаанд, такя намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85).

 

Замима

ба Дастурамали баҳисобгирии

омории ҷиноятҳои хусусияти

коррупсионидошта ва феҳристи

чунин ҷиноятҳо, ки бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 414 тасдиқ шудааст

 

Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2019 № 85

 

Замима

 

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 414

тасдиқ шудааст

Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо (минбаъд - Дастурамал) ҷиҳати иҷрои талаботи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005, № 100 "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" бо мақсади таъминоти оморӣ ва иттилоотии раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" таҳия шудааст.

2. Дастурамали мазкур тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба натиҷаҳои назорати прокурорӣ доир ба татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баррасии аризаҳо ва маълумот бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, категорияи шахсони чунин ҷиноят содирнамуда, натиҷаи баррасии судии ин парвандаҳои ҷиноятӣ, татбиқи ҷазои ҷиноятӣ ва категорияи шахсони барои содиркунии чунин ҷиноятҳо маҳкумшударо муқаррар менамояд.

II. Шакл, сохтор, субъектҳо ва заминаҳои ҳисобот

1. Шакл ва сохтори ҳисобот

3. Намунаи Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия (минбаъд - Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия") ба Дастурамали мазкур замима шудааст.

4. Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз фаслҳои зерин иборат аст:

- Фасли 1 - "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои татбиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия";

- Фасли 2 - "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳа ва самтҳои фаъолият";

- Фасли 5 - "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта"

- Фасли 6 - "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд";

- Фасли 7 - "Баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта";

- Фасли 8 - "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта"

- Фасли 9 - "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда".

2. Субъектҳо ва заминаҳои таҳияи ҳисобот

6. Субъектҳои Ҳисоботи омории шакли №1-коррупсия мақомоти зерин мебошанд:

- мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Сарраёсати полиси андоз ва Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муассисаҳои ислоҳии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳама зинаҳои судҳои тобеияти умумӣ ва судҳои ҳарбӣ;

- Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Доираи субъектҳои қисмҳои мушаххаси Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия ва субъектҳои барои таҳияи ҳисоботҳои ҷамъбастии умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи қисмҳои мушаххас бо қисми 2 фасли IV ин Дастурамал муайян карда шудаанд.

7. Нишондиҳандаҳои Ҳисоботи мазкур доир ба ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, шахсони онҳоро содирнамуда ва барои содиркунии чунин ҷиноятҳо маҳкумшуда дар асоси ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ибтидоӣ - варақаҳои омории шаклҳои № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда), № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот), № 2.0 (дар бораи шахси ҷиноятсодиркарда ва № 3.0 (дар бораи ҳаракати парвандаи ҷиноятӣ) ва дар бораи натиҷаи судии баррасии парвандаи ҷиноятӣ (маълумотномаи шакли № 6) ташаккул меёбанд.

8.Бақайдгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд, тибқи Дастурамал "Дар бораи баҳисобгирии ягонаи ҷиноятҳо" № 11-29-05 аз 23 июни соли 2005, ки бо ҳама субъектҳои бақайдгирии ҷиноятҳо мувофиқа карда, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва бо фармоиши № 11-33-05 аз 28 июни соли 2005 мавриди амал қарор дода шудааст, амалӣ карда мешавад.

III. Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

1. Меъёрҳои мансубияти ҷиноятҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

9. Зимни таҳияи Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия бояд дар назар дошт, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фасл ё боби махсуси ба ҷиноятҳои коррупсионӣ бахшидашуда надорад. Ин ҷиноятҳо дар таркиби фаслу бобҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.

Муайян намудани доираи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо дарназардошти мавҷудияти нишонаҳои коррупсия дар кирдори мушаххас анҷом дода мешавад.

10. Мутобиқи мафҳуми дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" додашуда "Коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳукуқӣ истифода мебаранд."

Аз мафҳуми мазкур аломатҳои зерини таркиби ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бармеоянд;

Субъекти ҷиноят - шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне мебошанд, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиро ваъда, таклиф ё пешниҳод менамоянд.

Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор инҳо мебошанд;

шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;

шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ҳиссаи давлат дар моликияти онҳо на кам аз нисфро ташкил медиҳад.

Ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробар карда шудаанд - шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ; шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун ба сифати номзад ба вазифаҳои давлатии интихобӣ ва аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд.

Тарафи субъективии ҷиноят - кирдорҳои коррупсионии қасдона буда, аз рӯи ғараз ё дигар манфиатдории шахсӣ содир карда мешаванд.

Объекти ҷиноят - фаъолияти муътадил ва бо қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзимшудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои давлати, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, давлат ва ҷамъият мебошад.

Тарафи объективии ҷиноят - истифода бурдани вазъи хизматӣ ё имкониятҳои он бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ.

2. Оид ба феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта

11. Дар сурати мавҷуд будани ҳама нишонаҳои дар банди 10 қайдгардида, бо риояи қоидаҳои дар бандҳои 12 ва 13 ин Дастурамал пешбинишуда, ҷиноятҳои зерини дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро метавон ба гурӯҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мансуб донист ва ба Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дохил намуд:

аз боби 26 "Ҷиноятҳо ба муқобили моликият"

- азонихудкунӣ ё исрофкорӣ бо истифодаи ваколати мансабдорӣ (банди "г" қисми 2 моддаи 245, қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда - агар кирдорҳои дар ин бандҳо зикршуда бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошанд);

- тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда (моддаи 246)агар он бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад;

- қаллобӣ, бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "г" қисми 2 моддаи 247, инчунин қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур - агар кирдорҳои дар ин бандҳо зикршуда бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд;

- тасарруфи воситаи фондҳои кӯмаки хориҷӣ (моддаи 257);

аз боби 27 "Ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ"

- монеъ шудан ба фаъолияти қонунии соҳибкорӣ (моддаи 258);

- бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин (моддаи 261);

- ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда (моддаи 262);

- ғайриқонунӣ гирифтани кредит (моддаи 264) - агар он аз ҷониби роҳбари ташкилоту корхона новобаста аз шакли моликият содир шуда бошад;

- ғайриқонунӣ додани кредит (моддаи 265);

- ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ (моддаи 268);

- кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) ва маҳдуд кардани рақобат бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "в" қисми 3 моддаи 273);

- бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ, тендер ё музоядаҳо (ауксион) (моддаи 274);

- ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ (моддаи 278):

- ришвадиҳии тиҷоратӣ (моддаи 279);

- ришвадиҳӣ ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобиқаҳои касбии варзишӣ ва озмунҳои намоишии тиҷоратӣ (моддаи 280);

- аз хориҷа барнагардонидани воситаҳо ба асъори хориҷӣ (моддаи 287);

- контрабанда (қочоқ) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "б" қисми 3 моддаи 289), инчунин қисми 4 ҳамин модда агар дар гурӯҳи муташаккил субъекти ҷинояти коррупсионӣ иштирок дошта бошад;

- саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ (банди "б" қисми 2 моддаи 291);

- саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ (моддаи 292);

- саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андоз (моддаи 293) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- сӯистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо (моддаи 295);

- сӯистифодаи ваколат аз ҷониби аудиторҳо, судяҳои ҳакамӣ (моддаи 296);.

аз боби 30. "Ҷиноятҳо муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ".

- сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314);

- беамалӣ дар иҷрои вазифа (моддаи 315) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316);

- соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор (моддаи 317);

- иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 318);

- гирифтани пора (моддаи 319);

- додани пора (моддаи 320);

- иғвои порадиҳӣ (моддаи 321)

- сохтакории хизматӣ (моддаи 323);

- гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ (моддаи 324);

- додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325);

- ғайриқонунӣ иҷозат додан ба гирифта гаштан ва нигоҳдории яроқи оташфишон (моддаи 326) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600);

- ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад (моддаи 327);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

аз боби 32 "Ҷиноятҳо муқобили адолати судӣ"

- монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, ки бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шудааст (қисми 3 моддаи 345);

- дидаю дониста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ (моддаи 348);

- дидаю дониста ғайриқонунӣ баровардани ҳукм, ҳалнома ё дигар актҳои судӣ (моддаи 349);

- сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 359);

- ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ (моддаи 360);

- ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ, хизматчии мақоми худидораи маҳаллӣ, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, инчунин барои иҷрои онҳо монеъ шудан (моддаи 363).

аз боби 33 "Ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ"

- сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият (моддаи 391);

- хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

12. Бояд дар назар дошт, ки баъзе ҷиноятҳои дар боло номбурда аз ҷумла: "Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" (моддаи 316), "Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор" (моддаи 317), "Сохтакории далелҳои парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахси таҳқиқи ибтидоӣ гузаронанда, муфаттиш, прокурор ё ҳимоятгар" (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 359 ) ва "Ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ" (моддаи 360) дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда, на ҳамеша хусусияти коррупсионӣ дошта метавонанд.

Аз ин ру, зимни ҳалли масъалаи ҳамчун ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дохилкунии онҳо бояд ҳолатҳои мушаххаси кор, ангезаи коррупсионӣ, инчунин ҳама аломатҳои дигари таркиби ҷиноятҳои коррупсиониро доштан ё надоштани онҳо ба назар гирифта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

13. Кирдорҳои дар қисми якуми моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда "Ба расмият даровардани (қонуни гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда" ҳамчун ҷинояти коррупсионӣ фақат дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар он бо барасмиятдарории (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дар натиҷаи коррупсия бадастовардашуда вобаста бошад.

Кирдорҳои дар банди "в" қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё дигар амволи бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардашуда аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ) новобаста аз манбаъ ва шакли ғайриқонунӣ ба даст овардани маблағи пулӣ ё амволи ба расмият даровардашуда (қонунӣ гардонидашуда) ҳамчун ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ба ҳисоб гирифта мешавад.

Кирдорҳои дар бандҳои дигари қисми дуюм, инчунин ҳама кирдорҳои дар қисми сеюми моддаи 262 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар ҳолате ҳамчун ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки агар бо барасмиятдарории (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дар натиҷаи коррупсия бадастовардашуда вобаста бошанд ё аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд.

IV. Тартиби ташаккул ва пешниҳод намудани ҳисобот

1. Ташаккули маълумот аз рӯи қисмҳои Ҳисобот

14. Фасли 1 - "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураро дар ин самт инъикос намуда, аз рӯи қоидаҳои барои таҳияи ҳисоботи омори шакли № П "Ҳисобот оид ба фаъолияти прокурор" муқарраршуда тартиб дода мешавад.

Маълумоти дар қисми мазкур инъикосшаванда бояд аз маълумоти ҳуҷҷатҳои ибтидоии зерин, ки ба ҳисобот замима мешаванд, асос ёбанд;

- руйхати санҷишҳои вазъи иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия";

- руйхати санадҳои эътиноии прокурорӣ доир ба вайроншавии Қонуни мазкур;

- руйхати шахсони дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалбкардашуда;

- руйхати парвандаҳои ҷиноятии дар натиҷаи ин санҷишҳо ва дигар чорабиниҳо оғозкардашуда;

- маълумотнома оид ба миқдори зарари бо санадҳои эътиноии прокурорӣ барқароршуда бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.

Дар сутуни 1-уми фасли мазкур миқдори санҷишҳои умумии вазъи иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" нишон дода мешаванд.

Дар сутуни 2-и фасл ҳамчун "дигар чорабиниҳо" миқдори санҷишҳо аз рӯи аризаҳо ва маълумот, инчунин чорабиниҳои бо мақсади дар ҷои ҳодиса бо далели шайъӣ дастгиркунии шахсон гузаронидашуда нишон дода мешаванд.

Ҳама рақамҳои дар сутунҳои 1-12 муқобили сатри ҷамъбастии 1-ум нишондодашаванда, минбаъд дар сатрҳои 2-37 аз рӯи навъи мақомоти идоракунӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти назоратӣ ва соҳаҳои фаъолият тақсим карда мешаванд.

15. Фасли 2 - "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" фаъолияти ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта инъикос менамояд.

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

16. Фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" аз рӯи маълумоти варақаҳои омории шаклҳои № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда) ва № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот) пур карда шуда, миқдори ҷиноятҳои бақайдгирифта, парвандаҳои ҷиноятии оғознамуда ва миқдори маводи бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз оғози парвандаи ҷиноятӣ раднамудаи мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Хорич карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

17. Фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусиятн коррупсионидошта дар соҳаҳо ва самтҳои фаъолият" аз рӯи маълумоти варақаҳои омории шакли № 1.0 (дар бораи ҷинояти ошкоршуда) ва шакли № 1.1 (дар бораи фошкунии ҷиноят ва натиҷаҳои дигари тафтишот) пур карда шуда, мансубияти соҳавии ҷиноятҳои ошкоршударо ташкил медиҳад.

Дар сутуни 1 ин фасл ҳама ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки дар давраи ҳисоботӣ парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристода шудааст, бо асосҳои ғайрисафедкунанда парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда ё аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо чунин асосҳо аз тарафи мақомоти барои мубориза бар зидди коррупсия ваколатдор рад карда шудааст, нишон дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

18. Фасли 5 "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" аз рӯи маълумотҳои Ҳисоботи давлатии омории шакли №1Е "Оиди кори тафтишот" пешбинишуда ва рӯйхатҳои ба он замимашаванда пур карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

19. Фасли 6 "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд" дар асоси маълумоти варақаи омории шакли № 2.0 (дар бораи шахси ҷиноят содиркарда) пур карда шуда, мансубияти идоравӣ ва мансабҳои ишғолнамудаи шахсони ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содирнамударо инъикос менамояд.

Бояд дар назар дошт, ки ба гурӯҳи шахсони ҷиноят содирнамуда ҳама шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст, бо асосҳои ғайрисафедкунанда парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда ё аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо чунин асосҳо рад карда шудааст, дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Миқдори умумии чунин шахсон дар давраи ҳисоботӣ дар сутуни 1-уми фасл дарҷ карда мешаванд.

Дар сутуни 2 миқдори шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд, нишон дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Рақамҳои дар сутуни 2 овардашуда аз рӯи категорияи шахсони мансабдор дар сутунҳои минбаъда тақсим карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

20. Фаслҳои 7, 8 ва 9 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дар асоси маълумоти варақаи оморӣ "Дар бораи натиҷаи баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ" (маълумотномаи шакли № 6), ки шакли он аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бо ҳамбастагии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ташкил дода мешаванд.

21. Дар фасли 7 "Баррасии судии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ҷамъи сутунҳои 1 ва 3 ба ҷамъи сутунҳои 5, 22, 23, 24, 25 бояд баробар бошанд.

Ба монанди ин ҷамъи сутунҳои 7, 9, 11 ва 15 бояд ба нншондиҳандаи сутуни 5 баробар бошанд.

22. Фасли 8 Ҳисобот "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" давоми фасли 7 буда, маълумоти он на миқдори парвандаҳои ҷиноятии дар судҳо баррасишуда, балки миқдори шахсони дар давраи ҳисоботи аз ҷониби судҳо маҳкумшударо инъикос менамоянд. Аз ин рӯ, ҷамъи маълумоти дар сутунҳои 1-8 фасли 8 бақайдгирифташуда бояд ба миқдори умумии маҳкумшудагон, ки дар сутуни 16 фасли 7 нишон дода мешаванд, баробар бошанд.

Дар фасли 8 ҳамчунин ҷамъи маълумоти дар сутунҳои 9-13 қайдшаванда бояд бо маълумоти сутуни 8-и худи ҳамин фасл баробар бошанд.

Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 48 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима, маҳрум кардан аз хуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян метавон ҳам ба сифати ҷазоҳои асосӣ ва ҳам ба сифати ҷазои иловагӣ татбиқ шаванд.

Аз ин рӯ, дар ҳолате, ки ҷазоҳои мазкур ба сифати ҷазоҳои асосӣ таъин шуда бошанд, ҷаримаро фақат дар сутуни 2 ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайянро фақат дар сутуни 3 нишон дода, такроран онҳо дар сутунҳои 17 ва 19 нишон дода намешаванд.

23. Фасли 9 "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда" мансубияти идоравӣ, соҳавӣ ва вазифаҳои ишғолнамудаи шахсони барои содир намудани чунин ҷиноятҳо маҳкумшударо инъикос менамояд.

24. Ба ғайр аз фаслӣ-4 дар тамоми фаслҳои боқимоидаи Ҳисобот сатрҳои 1- 41 номгӯи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштаро инъикос намуда, ҷамъи рақамҳои дар муқобили ин сатрҳо овардашаванда дар ҳар як саҳифаи ҳисобот бояд ба маълумоти сатри 42 ва танқо фасли 2 ба маълумотҳои сатри 43 нишондодашуда баробар бошанд.

25. Дар сатри 25 фасли 1 ва умуман дар ҳама фаслҳои дигари ҳисобот таҳти мафҳуми "Сохторҳои низомӣ" ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудаанд.

2. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисобот

26. Субъекти Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз рӯи фасли 1 "Вазъи назорати прокурорӣ аз болои иҷро ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" фақат мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

27. Субъектҳои ҳисобот аз рӯи фасли 2- "Баррасии аризаҳо ва маълумот оид ба ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ" тамоми субъектҳои дар банди 6 Дастурамал нишон дода шуда, ба истиснои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

28. Фаслҳои 1 ва 2 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия ҳар нимсола ва солона пешниҳод шуда, аз ҷониби мақомоти прокуратура ҷамъбаст ва дар ин замина ҳисоботи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ тартиб дода мешаванд.

Субъектҳои фаслҳои 1-2 ҳисобот дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисоботи худро барои ҷамъбаст ба шӯъбаҳои омор ва таҳлили прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба Шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералӣ на дертар аз санаи 1-уми моҳи навбатии баъди нимсолаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Шӯъбаҳои омор ва таҳлили прокуратураҳои вилоятҳо (ВМКБ, шаҳри Душанбе,), инчунин мақомоти марказии (ҷумҳуриявии) субъектҳои ҳисоботи мазкур ҳисоботи омориро аз рӯи фаслҳои 1-2 ба Шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз санаи 5-уми моҳи навбатии баъди нимсолаи (соли) ҳисоботӣ пешниҳод менамоянд.

Шӯъбаи омор ва таҳлили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ва солона дар мӯҳлатҳои на дертар аз санаи 10- уми моҳи аввали баъди давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаслҳои 1-2 ҳисоботҳои ҷумҳуриявиро таҳия намуда, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифода дар таҳияи ахборот ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

29. Субъектҳои Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз рӯи фасли 3 - "Маълумот оид ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ва фасли 4 - "Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар соҳаҳо ва самтҳои фаъолият" ҳама субъектҳои бақайдгирии ҷиноятҳо буда, онҳо ҳар моҳ оид ба бақайдгирии ҷиноятҳо ва фошкунии онҳо, инчунин оиди шахсони ҷиноятсодиркарда ба Раёсати ахбори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъи афзуншаванда бо нишон додани минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо пешниҳод мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти гирифташуда, вобаста ба ошкоршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва паҳншавии онҳо дар соҳа ва самтҳои фаъолият тибқи фаслҳои 3-4 ҳисоботи мазкур ҳар нимсола ва солона бо дарназардошти маълумоти афзуншаванда бо тақсим намудан ба субъектҳои бақайдгирӣ ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти ҷамъбастӣ тартиб дода ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

30. Субъектҳои Ҳисоботи омории шакли №1-коррупсия аз рӯи фасли 5 - "Ҳолати тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта" ва фасли 6 "Дар бораи шахсоне, ки ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта содир кардаанд" Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, Агентии вазорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Фаслҳои 5-6 Ҳисоботи омории шакли №1-коррупсия ҳисоботп ҳармоҳа бо ҷамъи афзуншаванда буда, аз рӯи тартиб ва мӯҳлатҳое, ки барои ҳисоботи омории шакли № 1-Е "Ҳисобот оид ба кори тафтишотӣ" муқаррар шудаанд, таҳия гардида, ба мақомоти прокуратура пешниҳод, аз рӯи он дар мӯҳлатҳои номбаршуда ҷамьбаст карда, ҳисоботҳои минтақавӣ (вилоятӣ ва ш.Душанбе) ва ҷумҳуриявӣ тартиб дода мешаванд.

31. Субъектҳои Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия аз рӯи фасли 7 "Баррасии судии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта", фасли 8 "Оид ба ҷазоҳои таъиннамудаи судҳо барои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта", фасли 9 "Оид ба шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маҳкумшуда" ҳамаи зинаҳои судҳои тобеияти умумӣ ва судҳои ҳарбӣ мебошанд. Ин мақомот ҳисоботи худро аз рӯи ин шаклҳо ҳар нимсола ва солона аз рӯи маълумоти ҷамъшуда ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастиро аз рӯи фаслҳои номбурда ҳар нимсола ва солона дар мӯҳлатҳои на дертар аз санаи 5-уми моҳи навбатии баъди давраи (нимсолаи, соли) ҳисоботӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

32. Раёсати ахбори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии маълумот оид ба бақайдгирии ҷиноятҳо, шахсони ҷиноятсодиркарда, шахсони маҳкумшуда ва ҳаракати парвандаҳои ҷиноятӣ ҳар нимсола ва солона ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули пешбурди мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия мебошад барои таҳлил ва муқоиса аз рӯи фаслҳои 3-9 Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия маълумотномаи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

33. Ҷиноятҳои зерин аз рӯи тартиби дар ҳамин Дастурамал пешбинишуда дар ҳисоботи омории шакли "№ 1-коррупсия"-и мақомоти Агентӣ дарҷ карда шаванд:

- соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259);

- истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғанашуда" (моддаи 2591);

- соҳибкории сохта (моддаи 260);

- бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин (моддаи 261);

- ба расмият даровардани (қонунн гардонидани) маблағҳои пулӣ ё амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда (моддаи 262);

- ҳаракати ғайриқонунӣ ҳангоми муфлисшавӣ (моддаи 269);

- муфлисшавии бадқасдона (моддаи 270);

- муфлисии сохта (моддаи 271);

- сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатӣ ва ё истифодаи онҳо (моддаи 3401) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 600).

Эзоҳ: Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дигар шаклҳои амалкунандаи ҳисоботҳои омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иваз, бекор ё дигар намекунад.

Маълумоти ба Ҳисоботи омории шакли № 1-коррупсия дохилшаванда иловагӣ буда, бояд ба маълумоти дигар шаклҳои ҳисоботи амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба меъёрҳои дигари баҳисобгирии ҷиноятҳо ва шахсони онҳоро содирнамуда асос ёфтаанд, такя намоянд.

Замима

ба Дастурамали баҳисобгирии

омории ҷиноятҳои хусусияти

коррупсионидошта ва феҳристи

чунин ҷиноятҳо, ки бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 414 тасдиқ шудааст

ҲИСОБОТИ ОМОРИИ Шакли №1-коррупсия

+--------------------+---------------+--------------+-----------ҷ
| 1                  |2              | 3            |  4        |
+--------------------+---------------+--------------+-----------+
| Ташкилоти тахияку- |  Вазоратхо    |   Шаклхои    | Махалхо   |
| нандаи хисобот     |  (идорахо)    |   моликият   |           |
+--------------------+---------------+--------------+-----------+
|            Рамзхоро макомоти омор мегузоранд                  |
+---------------------------------------------------------------+

Моҳона, нимсола ва солона

______________________________ барои соли 200

 * Намунаи Ҳисоботи омории шакли № 1 - коррупсия, ки  аз фаслҳои 1-9 иборат аст, дар нусхаи аслӣ оварда шудааст