Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ кардани номгӯйҳои объектҳое, ки ба консессия супорида намешаванд, ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия супорида мешаванд
Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Номгӯйҳои замимагардидаи объектҳое, ки ба консессия супорида намешаванд, ва объектҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия супорида мешаванд, тасдиқ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 феврали соли 2000 № 49
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 49
тасдиқ шудааст
Номгӯи объектҳое,ки ба консессия супорида мешаванд
Объектҳо ва амволи Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти амният ва қушунҳои сарҳадӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои гумрук ва ондози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаҳои хадамоти геология, геодезия, харитасозӣ, обуҳавосанҷи ва хадамоти назорати ҳолати муҳити зист ва ҳифзи табиат
Корхонаю муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ.
Корхонаҳою муассисаҳои хадамоти ветеринарӣ
Корхонаҳои идораҳои ислоҳи меҳнатӣ
Корхонаҳои оид ба истеҳсоли заҳрҳои зудтаъсиркунанда, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои заҳролуд, инчунин бо корҳои киштукор, парвариш ва коркарди зироатҳое, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар ва заҳрдор доранд, машғул мебошанд
Корхона ва объектҳое, ки бо тадқиқотҳои илмӣ ва истеҳсол, коркард ва гӯронидани элементҳо ва партовҳои радиоактивӣ, таҷҳизоту асбобҳои бо истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо машғуланд
Маркази давлатии илмии экспертиза ва сертификацияи маҳсулоти фармацевтикӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, ғизои табобатию профилактикӣ ва косметикӣ
Корхонаҳои мудофиа, ки ба коркард, истеҳсол, таъмир ва фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, инчунин асбобҳои махсус ва таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо машғуланд
Корхонаҳое, ки идораи ҳаракати хавоиро таъмин менамоянд
Объектҳои тобеи Роҳи оҳани Тоҷикистон
Роҳҳои автомобилгард ва иншооти инженерӣ (пулҳо, тунелҳо ва ғайраҳо)
Иншоот ва моликияти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи таъмини амволи махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иншооти мелиоративӣ, обёрӣ, хоҷагии об ва ҳифзи соҳилӣ, обанборҳо, корхонаю объектҳое, ки таъмини зисти ин системаҳоро иҷро менамоянд, ғайр аз объектҳои мелиоративӣ, обёрӣ ва хоҷагии об, ки фаъолиятиашонро дар минтақаи маҳдуд иҷро мекунанд ва ба фаъолияти кории системаи об таъсири аслӣ намерасонанд
Ташкилоту корхонаҳое, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши силоҳи оташфишони шикорию варзишӣ ва муҳимот барои онҳо машғӯланд
Объектҳое, ки ба коркарду истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ва ранга алоқаманданд
Корхонаҳои алоқаи почта, хадамоти давлатии фельдегерӣ, бозрасии давлати алоқа, марказҳои пахши барномаҳои телевизиону радио, ки тобеи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ва иншооти онҳо
Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии барӯйхатгирии техникии Концерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" ва корхонахои тобеи он.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 49
тасдиқ шудааст
Номгӯи объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия супорида мешаванд
Объектҳои ниҳоят муҳим ва муҳими комплекси хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла корхонаҳои тобеи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин объектҳое, ки барои иқтисодиёти соҳаҳои алоҳида аҳамияти муҳим дошта онҳо бо пешниҳоди мақомоти соҳавии идораи далатӣ ба консессия супорида мешаванд
Объектҳои мелиоративӣ, обёрию хоҷагии об, корхонаҳои системаи хоҷагии об, ки фаъолияташонро дар минтақаи маҳдуд иҷро менамоянд ва ба фаъолияти кории системаи хоҷагии об таъсири аслӣ намерасонанд, иттиҳодияи Ҷумҳуриявии таъмини об ва рафъи партовобҳои "Тоҷикводоканал" ва корхонаҳои тобеи он
Объектҳо, корхонаҳо ва дастгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои сахти саноатӣ ва маишӣ ва ҷойҳои гӯронидани чорво
Корхонаҳо ва объектҳои соҳаҳои илмӣ ва истеҳсолию таҷрибавие, ки ба ҳайати Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва Академияи, илмҳои кишоварзӣ дохил мешаванд (ғайр аз хизатрасон).
Хоҷагиҳои тухмӣ ва зотпарварии давлатӣ
Ҳоҷагиҳои боғуниҳолпарварӣ
Иншооти фурудгоҳҳо
Ташкилоту корхонаҳое, ки тадқиқот, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро таъмин мекунанд
Станцияҳои барқи ва гармӣ, шабакаҳои магистралӣ ва тақсимоти барқ ва объектҳое, ки ба онҳо хизмат мерасонанд, кубурҳои нафту газ, корхонаҳои хоҷагии газ, ки бо таъмини гази табиӣ ва моеъ машғуланд
Объектҳое, ки ба коркарду истихроҷи металлҳои киматбаҳо ва ранга алоқаманданд
Объектҳои нафту газ, майдонҳои аз ҷиҳати доштани конҳои нафт ва газ ояндадор.
Корхонаҳои махсусгардондашудаи истеҳсоли ғизои кӯдакон барои муассисаҳои тандурусти.