ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с. № 130)
Ҷиҳати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 № 48 "Дар бораи таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 5 январи соли 2000 № УП , 84 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчоя бо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди пардохти музди меҳнат ва хароҷоти вобаста ба таъминоти Шӯрои зикргардидаро муайян намояд.
2. Шумораи штатҳои Идораи судҳои дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 10 воҳид ва воҳидҳои сохтории он мувофиқи замима, шумораи штатҳои дахлдори судҳои ҳарби, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилояти, суди шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳои ва воситаҳои нақлиёт бо лимитҳои дахлдору хароҷоти таъминоташон ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.
Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба руйхати штатҳо тағйироти дахлдор ворид намояд.
3. Ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрав ба теъдоди 4 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Ба Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки шумораи штатҳо, воситаҳои нақлиётро бо лимитҳои дахлдор ва хароҷоти таъминоти судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, ба сохтор ва рӯйхати штатҳо тағйироти дахлдор ворид намояд.
5. Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як воҳид штати муовини вазир, як воҳид штати ронандаи мошнаи сабукрави хизмати ва як лимит барои таъминоти мошини сабукрави хизмати ихтисор карда шавад.
6. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намудҳои фондҳо ва маблағҳоеро, ки тибқи буҷет барои нигоҳдори, таъминоти ташкили ва моддию техиикии фаъолияти судҳои додашаванда то ҳолати 1 январи соли 2000 пешбини гардидаанд, ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланс ба баланс диҳад.
7. Ба сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 тасдиқ шудааст, тағйироти зайл ворид карда шавад:
- дар банди 1 рақами "91" бо рақами "79" иваз карда шавад;
- дар банди 2 рақами "4" бо рақами "3" иваз карда шавад;
- аз сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 3. "Идораи судҳо" хориҷ карда шуда, бандҳои "4-14" мутаносибан бандҳои "3 - 13" маҳсуб дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 январи соли 2000 № 2
ш. Душанбе
Замима ба
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 5 январи соли 2000 № 2
Шумораи штатҳои идораҳои вилоятии адлия, ки ба Шӯрои адлия дода мешаванд
+----------------------+------------------------+------------Т-------ҷ
| Номи вилоятҳо | Мансаби додашаванда | Теъдоди воҳид |
+----------------------+------------------------+--------------------+
| ВМКБ | Сармутахассис | 1 |
| | Мутахассиси пешбар | 1 |

| Вилояти Ленинобод | Муовини сардори идора | 1 |
| | Сармутахассис | 1 |
| | Мутахассиси пешбар | 2 |

| Вилояти Хатлон | Сармутахассис | 1 |
| | Мутахассиси пешбар | 2 |
| | Муовини сармуҳосиб | 1 |
| | Машваратчии калон | 1 |
| | Машваратчи | 1 |

| | | 12 |
| Дар маҷмӯъ: | | |