Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ дар соли 2001 ва вазифаҳо дар соли 2002
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки соли 2001 дар доираи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ татбиқи чорабиниҳо оид ба дигаргунсозиҳои сохтории иқтисодиёт, такмили соҳаҳои пулию кредитӣ, андоз ва буҷет, системаи идораи давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дошт.
Дар натиҷа дар соли 2001 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2512.1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 10,2% афзуд, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли пахта, сабзавот, шир, тухм, пашм ва пилла 11.0% афзуд. Маблағгузории асосӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 155,3 млн. сомонӣ иҷро гардида, дар ҳаҷми 152,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад: Чунин объектҳо, ба монанди кони конденсати гази Хоҷасартез, сарбандҳои муҳофизатӣ дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Москва, хати интиқоли гази Қизилтумшук дар ноҳияи Колхозобод, навбати аввали фурӯдгоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва ғайра ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ 110,6 ҳазор метри мураббаъ хонаи истикоматӣ ба истифода дода шуд.
Муомилоти савдои хориҷӣ 1333,9 млн. долари ШМА ё нисбат ба соли гузашта 91%-ро ташкил дод. Муомилоти савдои хориҷӣ бинобар дар бозори ҷаҳонӣ афтидани нархҳои алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошанд, паст гардид. Содирот 651,5 млн. доллари ШМА ва воридот 682,4 млн. доллари ШМА-ро, бо салдои манфии баланси савдо ба маблағи 30,9 млн. доллари ШМА.
Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавии пул дар бахши истеъмолӣ 1,04%-ро ташкил дод. Музди миёнаи моҳона бо ифодаи воқеӣ 13,8% афзуд.
Дар соли 2001 қисми даромади буҷети давлатӣ 107.8% иҷро гардид, ба буҷет 381,1 млн. сомонӣ ворид шуд. Вале аз рӯи 4 намуди андоз аз 17 намуд супоришҳои солона дар ҳаҷми пурра иҷро нагардиданд, аз ҷумла андози замин аз шахсони хуқуқӣ 980.4 хаз. сомонӣ, андоз аз фурӯш
19.8 млн. сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ (беруна) - 1.2 млн. сомонӣ, аксизҳо - 888,1 хаз. сомонӣ.
Дар соли 2001 қисми хароҷоти буҷети давлатӣ 379.8 млн. сомонӣ ё 102,0% сатҳи хароҷоти нақшавии аниқгардидаро ташкил дода, зимнан маблағгузории пурраи чорабиниҳои пешбинигардида таъмин нагардид ва маблағгузории чорабиниҳои алоҳида номутаносиб анҷом дода шуд.
Ба вазъи иқтисодии кишвар омилҳое, ки дар тӯли соли 2001 ҷараён доштанд, ба монанди кӯҳнащавии фондҳои асосӣ, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда, нарасидани қувваи кории баландихтисос дар соҳаҳои гуногун, сатҳи пасти тарбияи кадрҳои роҳбарӣ таъсири манфӣ расониданд. Дар соҳаи ислоҳоти бахши аграрӣ камбудиҳои назаррас мавҷуданд. Дар натиҷаи иҷрои нодуруст, дар ҳолатҳои алоҳида бошад, инчунин аз сабаби бефаъолиятии вазорату идораҳои масъул як қатор нишондиҳандаҳои муҳими барномаҳои ҳукумати ислоҳоти иқтисодӣ сари вақт иҷро нагардиданд, ё умуман иҷро нашуданд.
Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳуқуқ ва ваколатҳои фароҳамовардаи қонунгузориро дар хаҷми пурра истифода намебаранд. Проблемаҳои зиёди хоҷагии манзилу коммуналӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбия, ташкили фароғати мадании аҳолӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандон ҳал нагардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо. корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонии хоҷагидорӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳамчун марказҳои асосӣ оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахшҳои дахлдори иқтисод, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) бояд ҳуқуқҳои ба онҳо додашударо барои ҳалли мустақилонаи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда оид ба таъмини фаъолияти соҳаҳо ва минтақаҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар ҳачми пурра истифода намоянд ва барои ин масъулияти пурра доранд. Таваҷҷӯҳи онҳо ба зарурати таъмини иҷрои бечунучарои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002, сари вақт иҷро гардидани чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барномаҳои ҳукуматии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ нигаронида шавад. Мониторинги мунтазами самарабахшии корҳои марказҳоро оид ба татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои дахлдор, ки аз ҳисоби кредитҳои ташкилотҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад, таъмин намоянд.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- маблағгузориҳои асосии дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 пешбинигардидаро танҳо барои сохтмони он объектҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номгӯи дахлдор ворид намудааст, дар навбати аввал - объектҳои ба нстифода додашавандаи сохтмонашон на камтар аз 85% тайёр ва объектҳои махсусан муҳим, равона созад. Зимнан ба эътибор гирифта шавад. ки қарзи кредиторие, ки дар натиҷаи аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) баланд намуданн лимити маблағгузориҳои асосии муттамаркази аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ба миён меояд, пӯшонида намешавад;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои манфиатдор бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ то 15 феврали соли 2002 оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инвеститсияҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи тарифи гумрукӣ" ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд;
- ҷиҳати такмил ва мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" таҳия карда, то 1 майи соли 2002 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:
- якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо бо мақсади фароҳам овардани шароит барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи иқтисодии фаъолияти корхонаҳое, ки шакли моликияташонро тағйир додаанд, дар бобати тадбирҳои иловагӣ оид ба дастгирии давлатии онҳо пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур дорад;
- бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои Буҷети давлатӣ, якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати такмили механизми доир намудани тендерҳои хариди мол, кору хизматрасонӣ пешниҳодхо таҳия ва манзур намояд:
- мониторинги доимиро таъмин намуда, ҷиҳати татбиқи созишномаҳои бисёрҷониба ва дуҷонибае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ имзо намудааст, тадбирҳо андешад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати иҷрои бечунучарои Буҷети давлатӣ барои соли 2002, зиёд намудани ҷамъоварии андозу боҷҳо. дарёфти манбаъҳои иловагии даромадҳои буҷет тадбирҳо андешад;
- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ аз ҷумла маблағҳоеро, ки аз ҳисоби ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ равона мегарданд, пурзӯр намояд;
- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дар бобати танзими андозбандии соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патент мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо манзур намояд;
- то 30 марти соли 2002 инвентаризатсияи маблағҳо ва ҳолати қарзи давлатии хориҷӣ ва қарзҳои корхонаҳои давлатиро анҷом дода, ҷиҳати таъмини мониторинги доимӣ ва такмили ҳисоботдиҳӣ оид ба карзҳои хориҷӣ тадбирхои иловагӣ андешад.
4. Ширкати давлатии ҳолдингии "Ғалла". Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Нафтрасон", Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз нав барасмиятдарории бақияи талаботи қонеънашудаи Бонки миллии Тоҷикистонро нисбати субъектҳои хоҷагидорӣ ба кредити Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои дахлдори кредитӣ ба имзо расонида, барориши вомбаргхои дарозмӯҳлати давлатиро ба маблағи қарзҳои зикргардида, бо меъёри фоизии воқеии мусбӣ, таъмин намояд.
5. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- то 1 майи соли 2002 иҷрои чорабиниҳоро оид ба хусусигардонии корхонаҳои хурд ва калони давлатӣ, ки дар Барномаи дигаргунсозиҳои сохтории иқтисод пешбинӣ гардидаанд, таъмин намуда, дар бобати сари вақт ва пурра ворид гардидани маблағҳои хусусигардонӣ ба буҷети давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- якҷоя бо Агентии давлатии оид ба сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то марти соли 2002 нақшаи амалро оид ба рафъи монеаҳои ташаккули соҳибкории хусусӣ таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонии арзиши балансии маблағҳои (фондҳои) асосӣ, ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда тибқи шароити истеҳсоли онҳо ва нархҳои амалкунанда то 30 майи соли 2002 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба азнавнархгузории маблағҳои (фондҳои) асосӣ, ашёи камарзиш ва зудфарсудашаванда таҳия ва пешниҳод намояд.
6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар бобати роҳ надодан ба бақияҳои андозӣ, таъмини воридоти муқарраргардида аз рӯи ҳама навъҳои пардохтҳои андоз аз ҷониби воҳидҳои сохтории Кумита тадбирҳо андешад;
- дар бобати беҳбуди фаъолияти Инспексияи кор бо андозсупорандагони азим тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт иҷро гардидани ӯҳдадориҳои андозиро таъмин намояд;
- мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии ҳама категорияҳои андозсупорандагон ва пурра ҷорӣ намудани усули ҳисоб-фактуравии ҳисоби андоз аз арзищи иловашударо таъмин намояд;
- бо мақсади таъмини назорати зарурӣ ҷиҳати пурра ва сари вақт иҷро гардидани ӯҳдадориҳо аз тарафи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии ба онҳо вобаста, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодиро анҷом медиҳанд, ҳамкориро бо мақомоти гумрукӣ пурзӯр намояд.
7. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- аз ҷониби ҳама воҳидҳои сохтории Кумита сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ гардидани тамоми намудҳои пардохтҳои гумрукиро таъмин намояд;
- барои такмили минбаъдаи амалияи муайян сохтани арзиши гумрукии молҳо, истифодаи муҷозоти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҳолатҳои ошкорсозии кам нишон додани он бо максадҳои ғаразнок ва пурзӯр намудани назорати асоснокии имтиёзҳо ҳангоми анҷоми пардохтҳои гумрукӣ тадбирҳо андешад;
- риояи тартиби муқарраргардидаи истифодаи низоми имтиёзноки гумрукӣ, додани преференсияҳо ва муайян намудани кишвари пайдоиши молро таъмин намояд;
- то 1 марти соли 2002 мувофиқи тартиби муқарраргардида дар бобати ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тагйироту иловаҳои аз барномаҳои ҳукуматии ислоҳоти иқтисодӣ бароянда ва бо назардошти равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди Иқтисодии Евразия, пешниҳод таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд;
- то 1 апрели соли 2002 қоидаҳои соддакардашуда ва дастурамалҳои барасмиятдарории амалиёти гумрукиро аз нав баррасӣ карда, мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд.
8. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошкор сохтан, пешгирӣ ва раъфи истеҳсоли ғайриконунӣ ва ба таври қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани молҳои пастсифат, аз ҷумла машрубот ва маҳсулоти тамоку, тадбирҳои муштарак андешанд.
9. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ю алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) барои кам кардани қарзи дебиторӣ ва кредитории корхонаҳои тобеъ барои қувваи барқ, гази табиӣ ва хизматрасонии алоқа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" дар мӯҳлати як моҳ нақшаи бозпардохти қарзи дебиторӣ ва кредиториро дар хоҷагии газ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
10. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикнафтугаз", Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" бо маҳсади гаъмини эҳтиёҷоти иншоотҳои хочагии халқ ва аҳолӣ корҳои кандани чоҳи ҷустучӯии №1 дар майдони "Хоҷабокирғон", чоҳи гази кони "Бештентак", азнавсозии қубури газрасонии Кӯлоб-Балҷувон-Данғара-Сарбандро суръат бахшанд.
11. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон, Корпоратсияи "Маводи сохтмон" барои марҳала ба марҳала иваз кардани фондҳои асосии кӯҳна ва фарсудашуда, таҷдид ва аз нав бо техника ҷиҳозонидани иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва тағйир додани соҳаи истеҳсолот барои тавлиди намудҳои ҳозирзамони маҳсулот дар заминаи манбаъҳои ашёи маҳаллӣ тадбирҳо андешида, зимнан ба сифат ва дизайни маҳсулоти нав таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.
12. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои бечунучарои корҳои дар соли 2002 ба нақша гирифташудаи сохтмони тоннели Анзобро таъмин намояд;
- якҷоя бо Роҳи оҳани Тоҷикистон барои ба тартиб овардан ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонии мусофирон дар хати ҳаракати Душанбе-Астрахан тадбирҳои зарурӣ андешад;
- якҷоя бо Ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" хариди ҳавопаймоҳои навро дар асоси лизинг таъмин намояд ва масъалаҳои кушодани хатҳои нави парвозро дар хатҳои ҳавоии маҳаллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунад.
13. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо барномаҳои радио ва телевизион фаро гирифтани ноҳияҳои дурдаст ва кӯхсори кишвар, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии ҳама намудҳои алоқа, :беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба абонентҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.
14. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барои суръатбахшии татбиқи ислоҳоти замин, ҳалли масъалаи амнияти озуқавории кишвар, зиёд кардани содироти маҳсулоти бахши агросаноатӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
- дар бобати ҳавасмандгардонии бунёди сохторҳои шакли нави ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хизматрасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол намояд;
- якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзӣ оид ба такмил додани низом ва методҳои идоракунии комплекси агросаноатӣ ва рушди самтҳои афзалиятноки таъмини илмии соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳо таҳия намояд.
15. Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади истифодаи самарабахши заминҳои обёришаванда, тайёрии пурраи насосҳои обкаш ва дигар иншоотҳои мелиоративиро то оғози мавсими обёрии соли 2002 таъмин намояд;
- оид ба навсозии сохтори идоракунии комплекси хоҷагии об, ки ҷавобгӯи муносибатҳои вусъатёбандаи бозаргони бошад, пешниҳодҳо манзур намояд;
- то 1 июни соли 2002 лоиҳаи консепсияи ҳалли мушкилоти байнидавлатии истифодаи комплексии манбаъҳои обии минтақаро дар шароити норасоии рӯзафзуни он пешниҳод намояд.
16. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марбут ба қарзҳо ва мақоми иншооти инфраструктураи корхонаҳои давлатии кишоварзӣ, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) табдил дода мешаванд, пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
- ҳангоми ҳалли масъалаҳои заминсозӣ зарурати ба тартиб овардану баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳо, пеш аз ҳама майдонҳои обёришаванда, пешгирии беасос ҷудо кардани заминҳои таъиноти кишоварзиро барои мақсадҳои ғайриистеҳсолии кишоварзӣ ба эътибор гирад;
- оид ба пурзӯр намудани назорати истифодаи заминҳо чораҳои махсус андешад.
17. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2002 оид ба таҳияи Барномаҳои миёнамӯҳлати давлатӣ ва минтақавии шуғли аҳолӣ, бо дарназардошти талаботи санадҳои нав қабулгардидаи меъёрию ҳуқуқӣ дар мавриди танзими муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол иамояд;
- якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Стандарти давлатӣ ва номгӯйи ихтисосҳои маълумоти ибтидоии касбиро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
18. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- иҷрои бечунучарои нишондиҳандаҳои буҷети тасдиқгардидаи Фондро барои соли 2002 ва маблағгузории пардохти нафақаҳоро бо дарназардошти аз 1 январи соли 2002 аз нав ҳисоб кардани онҳо таъмин намояд;
- бо мақсади таҳияи усули баҳисобгирӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи маблағҳое, ки дар ҳисобномаҳои инфиродии ҷамъкунанда захира мегарданд, то 1 июни соли 2002 мувофиқи тартиби муқарраргардида дар мавриди ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, пешниҳодҳо ирсол намояд.
19. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо. щаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо якҷоя бо Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули манбаи маълумоти пурра ва саҳеҳи Регистри давлатии корхонаҳо то 1 марти соли 2002 бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ба қайд гирифтанашуда ва аз нав ба қайд гирифтанашудаеро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъанд, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияти онҳо дар мақомоти омори давлатӣ таъмин намояд.
20. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:
- ҷиҳати таъмини қурби устувори табдили асъори миллӣ тадбирҳо андешад ва иҷрои низоми фасеҳи асъориро идома диҳад;
- оид ба ташаккули заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати барқарорсозии ташкилотҳои ғайрибонкии молиявии деҳот тадбирҳо андешад.
21. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- то 15 апрели соли 2002 оид ба тадбирҳои рафъи норасоиҳои ҷиддӣ дар таҳия ва нашри адабиёти таълимию методӣ, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати онҳо, тақвияти назорати риояи стандартҳои давлатии таълим ва такмили он пешниҳодҳо таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
- мувофиқи тартиби гуманитарикунонии ҷараёни таълим таҳияи барномаҳои нави таълимиро барои муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, мактабҳои миёна, муассисаҳои таълимии махсус ва олӣ таъмин намуда, дар заминаи онҳо адабиети таълимӣ ва методиро таҳия карда, барои чоп пешниҳод намояд;
- бо дарназардошти талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2001 № 342 "Дар бораи танзими сохтори мактабҳои олӣ, миёна ва махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон" вазъи тарбияи кадрҳои системаи маорифро ҳамаҷониба таҳлил намуда, оид ба такмили он пешниҳодхо манзур намояд;
- якҷоя бо мақомоти ҳокимияти ичроия дар маҳалхо (ҳукуматҳо) ба ҳалли масъалаҳои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, дастгирии иҷтимоии кормандон ва хонандагони онҳо ҳамаҷониба мусоидат намояд.
22. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонни тиббӣ:
- то 1 августи соли 2002 номгӯйи ҳатмии намудҳои кӯмаки тиббиеро, ки ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ройгон расонида мешаванд, муайян карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд:
- оид ба таъмини истифодаи самарабахши маблағҳое, ки барои эҳтиёҷоти тандурустӣ, таҳкими заминаи моддию техникии зинаҳои ибтидоии тандурустӣ ҷудо карда мешаванд, аз ҷумла аз ҳисоби зиёд намудани миқдори муассисаҳои тиббӣ, ки дар асоси худмаблағгузори ва худтаъминкунӣ фаъолият мекунанд, тадбирҳои иловагӣ андешад;
- бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ" лоиҳаҳои санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
23. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади татбиқи Барномаи рушди саноати полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 марти соли 2002 оид ба такмили заминаи ҳуқуқии рушди саноати полиграфӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
- оид ба таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангию таълимӣ, беҳбуди вазъи китобхонаҳо, театрҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи бо кадрҳои соҳибихтисос таьмин намудани онҳо, ғанигардонии фонди китобхонаҳо бо адабиети нав ба забони давлатӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) вазъи ёдгориҳои мавҷудаи таърихӣ ва фарҳангиро омӯхта, оид ба тадбирҳои ба ҳолати матлуб даровардани онҳо, ташкили ба таври васеъ дастрас будани онҳо ва рафъи камбудиҳо дар таъмини ҳифзи ин ёдгориҳо пешниҳодҳо манзур намояд.
24. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза зидди ҷинояткорӣ, махсусан зидди ҷинояткории муташаккил дар соҳаи иқтисодиёт, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъа, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти шаҳрвардон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
25. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз натиҷаи ҳар семоҳа оид ба ҷараёни иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 24 январи соли 2002 № 17
ш.Душанбе