Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2005 № 508
тасдиқ шудааст
Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблағгузори ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаҳои 11, 34 ва 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ", инчунин бо дарназардошти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ва "Дар бораи ҳифзи иттилоот" таҳия шудааст.
2. Дастурамал ба лоиҳаҳо оид ба бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотони ва воситаҳои ҳифзи иттилоот, новобаста аз намуд ва шакли моликияти ташкилот ва муассисаҳое, ки таҳиясоз ва иҷрокунандаи корҳо буда, даъвогари пурра ё қисман маблағгузории давлати мебошанд, дахл дорад.
3. Фармоишгари давлатии корҳо ҷиҳати иҷрои лоиҳаҳо оид ба бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотони вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти суди, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави мебошанд, ки ба манфиати онҳо ин лоиҳаҳо таҳия мешаванд.
4. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоотонӣ" ба объектҳои дорои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотони мансубанд: иттилооти ҳуҷҷатишуда, захираҳои иттилооти, технологияҳои иттилооти, маҷмӯи воситаҳои барномавию техники, системаю шабакаҳои иттилооти.
5. Дар асоси Дастурамали мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи иттилоотони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави нақшаҳои бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои мавҷудаи иттилоотониро таҳия ва тасдиқ намуда, маблағи хароҷотро муайян мекунанд, аз рӯи зарурат бо дигар вазорату идораҳое, ки ба манфиатҳояшон дар бунёди объектҳои нав таъсир расонида мешавад, мувофиқа намуда, гузаронидани экспертизаро ташкил ва арзномаҳоро барои маблағгузории давлати тартиб медиҳанд.
II.ТАРТИБДИҲИИ АРЗНОМАҲО БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ
6. Барои таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли минбаъда (ба нақша гирифтамешуда) вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идорави дар мӯҳлати то 1-уми апрели соли қабли ба Комиссияи байниидорави оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи байниидорави) арзномаҳоро оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотоние, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори мешаванд, ирсол менамоянд.
7. Арзномаҳо дар асоси ҳисобу китоби асоснокшудаи иқтисодии хароҷот барои бунёд ва рушди ҳар як объекти иттилоотони алоҳида, бо дарназардошти тағийрёбии шартҳои пардохти музди меҳнат, нарх ва нархномаҳо, тартиб дода мешаванд.
8. Арзнома дар бар мегирад:
- ариза бо дархости барраси ва дохил намудани лоиҳа (бо фаҳмонидани зарурат ва мақсадноки) ба номгӯи объектҳои иттилоотони, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати таъсис дода мешаванд;
- бизнес - нақша бо нишондоди зарурати бунёд ва/ё рушди минбаъдаи объекти мазкур, маълумот дар бораи иҷрокунандагон, ҳисобу китоби самараи пешбинишудаи иқтисодиву иҷтимои, маълумот дар бораи даромаднокии лоиҳа, хароҷоти маблағ аз рӯи сархатҳо бо тақсимоти ҳарсола, мӯҳлати иҷро ва ғайра (замимаи 1);
- хулосаи экспертиза;
- ҳуҷҷатҳои дигар (иҷозатнома барои машғул шудан бо намудҳои муайяни фаъолият ва ғайра) аз рӯи зарурат.
9. Дар асоси ҳаҷми маблағгузории барои соли оянда пешбинишуда ва натиҷаҳои гузаронидани экспертиза Комиссияи байниидорави номгӯи умумии лоиҳаҳоро оид ба бунёди объектҳои нави иттилоотони ва рушди объектҳои иттилоотонии мавҷуда, ки барои маблағгузории давлати пешниҳод мешаванд, тартиб дода, ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи минбаъда пешниҳод менамояд (замимаи 2).
10. Ҳангоми тасдиқи Номгӯи ва ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишгарон ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдорро расман хабардор менамояд.
III. ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЛОИҲАҲО
11. Мақсади гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди минбаъдаи объектҳои иттилоотони, ки ба маблағгузории давлати довталаб мебошанд, баҳодиҳии эксперти оид ба навоварии лоиҳа (аз рӯи натиҷаҳои ҷустуҷӯи иттилооти), сатҳи илмию техники (дар асоси муқоиса бо дастовардҳои мавҷуда), мувофиқат бо стандартҳо, сиёсати давлати дар соҳаи иттилоотони, асоснокии иқтисоди, ҳифзи техникии объекти иттилоотони, риояи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнии офаридашуда, дараҷаи зарурати иҷрои лоиҳаи пешниҳодшуда ва мувофиқи мақсад будани маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлати ба ҳисоб меравад.
12. Барои ташкили экспертизаи лоиҳаҳо мақомоти идораи давлати дар соҳаи иттилоотони Шӯроҳои Эксперти ва Техникиро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони пешбари соҳаи фаъолияти иттилооти, воситаҳои алоқа ва ҳифзи техникии иттилоот, ки дар асоси Дастурамали Шӯрои эксперти ва ба роҳбари гирифтани нуқтаҳои Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, таъсис медиҳанд.
13. Гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳоро оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техники, система ва шабакаҳои иттилооти, технологияҳои иттилооти Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.
14. Гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳоро оид ба бунёд ва рушди захираҳои иттилооти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.
15. Гузаронидани экспертизаи ҳамаи лоиҳаҳоро оид ба бунёд ва рушди тамоми объектҳои иттилоотони ҷиҳати таъмини бехатарии иттилооти ва/ё сирри давлатиро ташкил медиҳанд Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.
16. Барои гузаронидани экспертизаи ҳар як лоиҳа Шӯроҳои эксперти мутахасисони баландихтисосро, ки дорои дониши амиқи касби ва таҷриба дар соҳаи мушаххаси илмию техники мебошанд, ҷалб менамояд. Мутахассисе, ки аз ҷумлаи иҷрокунандаи имконпазири лоиҳаи арзшуда аст, ба сифати эксперт баромад карда наметавонад. Шӯрои эксперти аз рӯи натиҷаи кори экспертон хулосаи дахлдорро омода ва пешниҳод менамояд.
17. То пешниҳоди арзнома ба Комиссияи байниидорави, аризадиҳанда ба мақомоти идораи давлатии дахлдор бо хоҳиши гузаронидани экспертиза ва хулосабарори оид ба лоиҳаи довталаб барои маблағгузории давлати муроҷиат менамояд. Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани экспертиза зарур ҳамроҳ гарданд, ки ба онҳо дохил мешавад: асоснок намудани зарурат ва мувофиқи мақсад будани иҷрои лоиҳа, бизнес-нақша, натиҷаи ҷустуҷӯи иттилооти, ки навоварии лоиҳаро инъикос менамояд, маълумотҳо дар бораи аналогҳо ва сатҳи техникии бадастовардашуда, стандартҳои амалкунанда ва ғайраҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти экспертиза, ё ин ки нусхаи онҳо, ки бо имзо ва мӯҳри аризадиҳанда тасдиқ шудаанд.
18. Хароҷоти гузаронидани экспертизаи лоиҳа ҳангоми тасдиқи он ба хароҷоти иҷрои он дохил шуда, ҳангоми қабул нагардидани лоиҳа аз ҳисоби аризадиҳанда пардохта мешавад.
19. Хулосаи эксперти дар асоси баҳодиҳии на камтар аз се эксперт тартиб ва бевосита ба фармоишгар дода мешавад. Мӯҳлати калонтарини гузаронидани экспертиза аз рӯзи пешниҳоди арзнома набояд аз як моҳ бештар бошад.
20. Дар мавриди бо хулосаҳои экспертиза норози будани фармоишгар вай ҳуқуқ дорад бо аризаи дахлдор ба Комиссияи байниидорави муроҷиат намояд, ки қарори он оид ба ҳамин лоиҳа қатьи мебошад.
IV. МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА
21. Баъд аз тасдиқи буҷети давлати ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молияви вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва дигар мақомоти идоракунанда, ки ҳамчун фармоишгар баромад мекунанд, иҷрокунандагонро муайян менамоянд ва барои иҷрои корҳо оид ба бунёд ва рушди минбаъдаи объектҳои иттилоотони шартномаҳо мебанданд. Шартнома бряд иҷрокунандагони аниқро муайян, мӯҳлати иҷрои ҳаҷми умуми ва зинаҳои алоҳидаи лоиҳа, ҳаҷм ва сифати корҳо, натиҷаҳои (аниқи ченшаванда) чашмдошт, масъулияти тарафҳо, арзиши лоиҳа, тартиби супоридан ва қабули корҳо, тақсимоти ҳуқуқ ба моликияти зеҳни, тақсимоти ӯҳдадориҳо оид ба бақайдгирии давлати ва пешниҳоди нусхаи ҳатми, тақсимоти ӯҳдадори ва масъулияти гузаронидани санҷиши давлати оид ба таъмини ҳифзи иттилооти пешбини намояд.
22. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда, рафти иҷрои лоиҳа ва татбиқи шартномаҳо аз ҷониби Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
23. Тамоми лоиҳаҳои оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони тасдиқшуда бояд ҳатман аз қайди давлати ва баҳисобгири гузаранд. Бақайдгирии давлатии лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағгузориҳое, ки дар сметаи хароҷоти нигоҳдории вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, дигар мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин чорабиниҳо пешбини гардидаанд, амали карда мешавад.
24. Фармоишгарони давлати барои аз қайди давлати гузаштани лоиҳаҳо масъул буда, оид ба корҳои дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷрошудаи лоиҳаҳо бо нишондоди ҳаҷм ва арзиши онҳо, натиҷаҳои бадастомада ва мувофиқати онҳо бо натиҷаҳои чашмдошт, ҳисоботи мукаммалро тартиб ва бо шакли тасдиқшуда ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
25. Хароҷоти бақайдгирии давлатии лоиҳаҳо, омодасози ва пешниҳоди ҳисоботҳо ба арзиши лоиҳа дохил мешаванд. Баъд аз анҷоми корҳо, объектҳои иттилоотони баҳисобгирии муҳосибиро гузашта, ба баланси муассисаи соҳибмулк гузаронида мешаванд.
26. Дар мавриди вайрон намудани амалиёти молияви, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, беасос вайронкунии мӯҳлатҳои иҷрои корҳо, нагузаштан аз қайди давлати, пешниҳод накардани ҳисоботҳо ва маводҳои иттилооти Комиссияи байниидорави ҳуқуқ дорад оид ба боз доштан ё қатъ гардонидани маблағгузори то бартараф намудани хатогиҳои ошкоргардида қарор қабул намояд.
27. Мақомоти идораи давлати дар соҳаи иттилоотони дар доираи салохияти худ ҳуқуқ доранд, ки аз вазорату идораҳо, фармоишгарон ва иҷрокунандагон оид ба рафти иҷрои лоиҳа, истифодаи маблағҳои ҷудошуда ва натиҷаи корҳои иҷрошуда маълумотҳои иловагиро талаб намоянд.
V. БА РОҲ МОНДАНИ НАЗОРАТ
28. Бо мақсади ба роҳ мондани назорат ва баҳисобгирии рафти иҷрои лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони, системаи бақайдгирии давлати ташкил карда мешавад.
29. Бақайдгирии давлати дар зинаи тасдиқи лоиҳаҳо дар асоси пешниҳоди арзнома ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
30. Баъд аз анҷоми лоиҳа ва ба охир расидани корҳо мутобиқи банди 24-и Дастурамали мазкур ба худи ҳамин марказ ҳисоботи мукаммал пешниҳод карда мешаванд.
31. Мақомоти идораи давлати, ки дар ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаи иттилоотони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат доранд, дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҷараёни экспертиза, тасдиқ, маблағгузори ва назорати бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони иштирок менамоянд, бо мақсади муқоиса намудани нишондиҳандаҳои миқдори ва сифатии фаъолияти зикргардида, оид ба фаъолияташон якдигарро хабардор намуда, мубодилаи маълумотҳоро байни худ ба роҳ мемонанд.
32. Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои ҷамъовари ва таҳлили ҳисоботҳои лоиҳаҳои иҷрошуда, маълумотномаи таҳлили тайёр намуда, ба Комиссияи байниидорави ва дигар мақомоти дахлдори ҳокимият ва идоракуни пешниҳод менамояд.
33. Аз рӯи натиҷаҳои бақайдгири ва баҳисобгирии давлатии лоиҳаҳо оид ба бунёди объектҳои нав ва рушди объектҳои иттилоотонии мавҷуда маводи иттилооти дар шакли хабарномаи бақайдгирии давлатии лоиҳаҳо оид ба рушди объектҳои иттилоотони, феҳрасти захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардида, ба вазорату идора, дигар мақомоти ҳокимият ва идоракуни фиристода мешаванд. Хароҷоти омодасози ва нашри маводҳои иттилооти мутаносибан ба арзиши бақайдгири ва ҳисоботдиҳи дохил карда мешаванд.
34. Дар асоси нусхаҳои ҳатмии пешниҳодшаванда захираҳои иттилоотии давлати, ки дорои маълумотҳо оид ба объектҳои иттилоотони, соҳибмулку соҳибони онҳо ва шартҳои дастраси ба захираҳои иттилоотии давлати мебошад, ташаккул меёбанд.
35. Маълумот оид ба фаъолияти Комиссияи байниидорави, натиҷаҳои иҷрои лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони, ба истиснои пӯшида, дар матбуоти ошкоро чоп ва дар шабакаи Интернет ҷойгир карда мешаванд.
36. Натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи байниидорави дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат, аммо на камтар аз як маротиба дар як сол барраси мегарданд.
Замимаи 1
ба Дастурамали тартиби ягонаи
гузаронидани санҷиш, тасдиқ, маблағгузори
ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди
объектҳои иттилоотони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори намунавии НАМУНАВИИ Бизнес-Нақша барои лоиҳаҳое, ки ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ равона гардидаанд ва барои аз маблағҳои Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шудан довталабанд, тавсия карда мешаванд
Фаслҳои бизнес - нақша иборат аст аз:
1. Маълумот дар бораи фармоишгар ва намудҳои фаъолияти он:
ном, суроғаи ҳуқуқи, тобеияти идорави, самтҳои асосии фаъолият, ҳуҷҷатҳои асосии меъёри ва ҳуқуқие, ки фаъолиятро ба низом медароранд.
2. Маълумот дар бораи лоиҳа:
ном, соҳаи истифодабари, вазифа ва мақсадҳои асосии лоиҳа.
3. Дараҷаи талабот ба лоиҳаи мазкур:
асоснокии васеи зарурати лоиҳа, доираи манфиатҳои давлат, ки дар лоиҳа дарҷ гардидаанд, истифодабарандагони эҳтимоли.
4. Саҳми иштироки худи дар татбиқи лоиҳа:
намуди корҳое, ки аз ҳисоби қувва ва воситаҳои худи иҷро мешаванд, ҳаҷми маблағҳои ба лоиҳа барои омода сохтани ои истифодашуда.
5. Муайян намудани шаклҳои афзалиятноки иштироки давлат ва дигар сармоягузорон:
шарҳи шаклҳои ширкат - саҳмгузори, лизинг, кредит, татбиқи маҳсулоти ниҳои, истифодаи муштараки тиҷорати ва ғайраҳо.
6. Шакли кафолат ва усулҳои бозгардонии маблағҳо:
шарҳи кафолатҳои имконпазири (гарави амвол, кафолати бонки, кафолати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, кафолати давлати, аз ҷумла барномаҳои мақсадноки милли ё ин ки давлати ва ғайра) фармоишгар, ки ба сармоягузорон пешниҳод карда мешавад.
7. Тасвири лоиҳа:
тасвири лоиҳа, соҳаи истифодаи он, тасвири мухтасари афзалиятҳои сифати аз лоиҳаҳои мавҷуда, тавсифҳои техники (схема ва нақшаҳо замима шуда, омилҳои техники ва дигар хавфҳо нишон дода шуда, маълумотҳо оид ба шакл ва усулҳои ҳифзи моликияти зеҳни, мавҷуд будани дигар намудҳои ҳифз (ноу-хау, литсензия, квота ва ғайраҳо) оварда мешавад, ҳуҷҷатҳои меъёри, стандартҳои истифодашаванда, сатҳи техникии бадастмеомада, самараи иҷтимои ва иқтисоди, ҷадвали ба истифодадиҳи) нишон дода мешаванд.
Лоиҳаро бо қисмҳои алоҳида аз рӯи меъёрҳое, ки дар боло оварда шудаанд, тасвир карда мувофиқи мақсад аст.
8. Баҳодиҳии бозор ва рақобатпазири:
Шакл ва усулҳои татбиқ, таҳлили муқоисавии мавҷудияти чунин маҳсулот ва хизматҳо, маълумотҳо дар бораи муассиса ва ташкилотҳое, ки соҳиби ҳамин гуна маҳсулот ва хизматрасониоанд, имконияти харидории бозор.
9. Бо назардошти дурнамо (афзуншави ё камшави) ҳисобу китоб намудани нарх ё ин ки талабот ба маблағҳои молияви.
10. Номгӯи эҳтимолии маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки баъд аз татбиқи лоиҳа пешниҳод карда мешаванд:
ҳаҷм ва намуди хизматҳо, ҳаҷми фурӯш, доираи имконпазири истифодабарандагон, роҳҳои фурӯш, мавҷудияти шабакаҳои дилери, имконияти худи фармоишгар дар фурӯши маҳсулот ва хизматҳо.
11. Зарурат ба масоҳатҳои иловаги, мавод ва таҷҳизот, захираҳои меҳнати, аз ҷумла ихтисосҳои камёфт.
12. Номгӯи чорабиниҳо оид ба дастгирии лоиҳа аз тарафи худи фармоишгар ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати.
13. Зарурати мавҷудияти литсензияҳо, квотаҳо:
оё татбиқи лоиҳа ба талаботи манъ ё маҳдудкунанда, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байналмилаливу байниҳукуматие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, муқаррар гардидаанд, дохил намешавад.
14. Ба инобатгирии низоми мавҷудаи андозбанди.
15. Тартиб додани ҷадвали хароҷот барои солҳои татбиқи лоиҳа.
16. Ҳисоби даромад ва самараи иқтисоди. Муайян намудани шакл ва усулҳои баргардондани маблағҳои гузошташуда.
17. Муайян намудани самараи иҷтимои.
18. Муайян намудани мақсадноки ва интихоби шаклҳо мувофиқи ҳифзи ҳуқуқии маҳсулоти зеҳни. Тақсимоти ҳуқуқ ба моликияти зеҳни.
Замимаи 2
ба Дастурамали тартиби ягонаи
гузаронидани экспертиза, тасдиқ,
маблағгузори ва назорати лоиҳаҳо
оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотони
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номгӯи лоиҳаҳо, ки аз тарафи Комиссияи байниидоравӣ оид ба рушди объектҳои иттилоотии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар соли 200___ тавсия шудаанд
+--------+--------+------+---------+-------+----------+-------+------ҷ
|Рақами |Фармоиш-|Номгӯи|Мӯҳлатҳои|Маблағи|Дар солҳои|Маблағи|Эзоҳ |
|бақайд- |гар |лоиҳа |нақшавии |умумии |гузашта |барои | |
|гириии | | |иҷро |лоиҳа |маблағ- |соли | |
|давлати | | | | |гузори |ҷори | |
| | | | | |шудааст |талаб | |
| | | | | | |мешуда | |
+--------+--------+------+---------+-------+----------+-------+------+

|ҲАМАГИ | | | | | | | |
+Р-------+--------+------+---------+-------+----------+-------+------+