ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии фарғона"
Мувофиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади идоракунии захираҳои обии водии Фарғона, таъмини истифодаи самараноки гранти пешниҳодшудаи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Ҷаҳони), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона" таъсис ва Оинномаи замимагардидаи он тасдиқ карда шавад.
Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро барои таъмини саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона пешбини намояд.
3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона" бинои заруриро ба сифати саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намояд.
4. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона" бо мувофиқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Ҷахонӣ) сохтор, рӯйхати штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 декабри соли 2005 № 493
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного учреждения "Центра управления Проектом по управлению водными ресурсами Ферганской долины"
В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях управления водными ресурсами Ферганской долины, эффективного использования гранта предоставленного Международной Ассоциацией Развития (Всемирный Банк) Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Центр управления Проектом по управлению водными ресурсами Ферганской долины" и утвердить прилагаемый его Устав.
Определить исполнительным агентством данного Проекта Министерство мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусматривать в Государственном бюджете необходимые средства для обеспечения вклада Правительства Республики Таджикистан в реализацию Проекта по управлению водными ресурсами Ферганской долины.
3. Государственному комитету по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан выделить необходимые помещения, в качестве вклада Правительства Республики Таджикистан для размещения Государственного учреждения "Центра управления Проектом по управлению водными ресурсами Ферганской долины".
4. Государственному учреждению "Центра управления Проектом по управлению водными ресурсами Ферганской долины" по согласованию с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Международной Ассоциацией Развития (Всемирный Банк) разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание аппарата Государственного учреждения "Центра управления Проектом по управлению водными ресурсами Ферганской долины".
Председатель
Правительства Республика Таджикистан Э. Рахмонов
от "27" декабря 2005 года № 493
г. Душанбе