ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015
Бо мақсади рушди саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома барои ҷалб кардани сармоя чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазоратҳои манфиатдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии чумҳурӣ барои ояндаи миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмуҳлат, инчунин ҳангоми таҳияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар доираи маблағҳои ба вазорату идораҳои дахлдор пешбинишуда татбиқи муқаррарроти Барномаи мазкурро пешбинӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 октябри соли 2005 № 422
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития легкой промышленности в Республики Таджикистан на 2006-2015 годы
В целях развития легкой промышленности в Республике Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу развития легкой промышленности в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы.
2. Министерству экономики и торговли Республики Таджикистан, Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан, Министерству промышленности Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по привлечению инвестиций для реализации указанной Программы.
3. Министерство экономики и торговли Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, другим заинтересованным министерствам и местным исполнительным органам государственной власти при разработке прогнозов социально-экономического развития республики на среднесрочную и краткосрочную перспективы, а также при формировании проектов республиканского и местного бюджетов предусмотреть реализацию положений указанной Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от "31" октября 2005 года № 422
г. Душанбе