Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, № 126 "Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда"

Санаи амалкуни: 30.06.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.02.2014 № 102 аз эътибор соқит дониста шуд.  

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 189, аз 30.06.2012 № 348)

Мутобиқи моддаи 247 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои андози аксиз барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мутобиқи замима муқаррар карда шаванд.

2. Қарори мазкур аз 1 майи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда Котиботи Кумитаи ҳамгироии Идтиҳоди иқтисодии Евразияро оид ба қабули Қарори мазкур огоҳ намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №153 "Дар бораи муқаррар намудани меъёри андози аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда" аз 1 майи соли 2005 беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон         Э. Раҳмонов

аз 2 апрели соли 2005 № 126,

 ш. Душанбе

Ниг. ба Замима

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ МЕЪЁРҲОИ АНДОЗИ АКСИЗ БАРОИ БАЪЗЕ МОЛҲОИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛШАВАНДА ВА БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИДШАВАНДА