ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ
(қарор аз 3.03.2011с. № 121)
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад)
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар сол барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятиро таҳия ва амали намоянд.
3. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 № 374 "Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъиятӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2005 № 93
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ҳар сол барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятиро таҳия ва амали намоянд.
3. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 № 374 "Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъияти" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2005 № 93
ш. Душанбе