Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991, № 374 "Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2005 № 93 беэътибор дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъиятӣ

 

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо бо иштироки Умури давлатии шуғли Ҷумҳурӣ барои ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъиятӣ чораҳо андешанд. Ҳаҷмҳои чунин намудҳои корҳои дастраси умум, ки чун қоида тайерии махсуси касбиро талаб намекунанд, дар барномаҳои дахлдори давлатии шуғл пешбинӣ карда шаванд.

Кумитаи давлатии кор ва тарбияи коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, вазорату идораҳои манфиатдор ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатии ҷумҳурии шуғл дурнамои инкишофи корҳои ҷамъиятӣ, шаклҳои ташкили онҳоро, вобаста ба категорияҳои аҳолии ҷалбшаванда ба назар гирифта, аз соли 1992 сар карда ҷудокунии мақсадноки маблағҳоро аз фонди мусоидати шуғл барои гузаронидани корҳои мазкур дар ҳудудҳои алоҳида пешбинӣ намояд.

Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо пешниҳоди Умури давлатии шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидати шуғл намудҳои мушаххас ва ҳаҷми корҳои муздноки ҷамъиятиро, бо назардошти зарурияти бокортаъминкунии шаҳрвандон дар вилоят, ноҳия (шаҳр) ва иштироки қисми бо кор машғулнабудаи аҳолӣ муайян намоянд.

Дар айни замон бекорон ва шаҳрвандони бо кор машғулнабуда, дар навбати аввал ба ободонии ҳудуди ноҳия (шаҳр); расонидани кӯмак ба ташкилотҳои бинокорӣ баҳри иҷрои корҳои сохтмони (таъмири) объектҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва дигари муассисаҳои соҳаи иҷримоӣ; расонидани кӯмак ба деҳот дар давраи гузаронидани корҳои баҳории саҳро, алафдаравӣ, ҷамъоварии ҳосил ва барои кор дар базаҳои сабзавот; нигоҳубини пиронсолону маъюбон; иҷрои намудҳои дигари кори дастраси умум ҷалб карда шаванд;

дар корхонаву ташкилотҳои тобеи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ҷойҳои махсуси иловагии корӣ, аз ҷумла дорои шаклҳои гуногуни шуғл, эҷод гарданд, инчунин шарту тартиби муҳайё намудани ҷунин ҷойҳои корӣ дар дигар корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияту хоҷагидориашон муайян карда шаванд;

ба корхонаҳое, ки корҳои муздноки ҷамъиятиро ташкил менамоянд, дар андоздиҳӣ ба буҷети маҳаллӣ имтиёзҳо муқаррар карда шаванд;

дар бобати дар вилоят, ноҳия (шаҳр) ташкил намудани корҳои ҷамъиятии музднок ва дар бораи музди меҳнат ба аҳолӣ ба таври васеъ маълумот дода шавад.

2. Шаҳрвандоне, ки ба корҳои бо хатар, омилҳои истеҳсолии зарарноку номусоид вобастабуда фиристода мешаванд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ таҳти муоинаи ҳатмии тиббӣ қарор гиранд.

Намудҳои фаъолияте, ки ба зарурияти рафъи оқибатҳои садамаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои хусусиятҳои шабеҳдошта алоқаманд мебошанд, ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ нисбат дода намешаванд.

3. Бо шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ доранд, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, чуноне, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" муқаррар карда шудааст, аҳдномаҳо ба мӯҳлати то ду моҳ, бо ҳуқуқи тамдиди онҳо мебанданд, ки дар онҳо шартҳои меҳнат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат муайян карда мешаванд. Ҳуқуқи афзалиятноки бастани аҳдномаҳои корҳои муздноки ҷамъиятиро шаҳрвандоне доранд, ки ба сифати бекорон ба қайд гирифта шудаанд. Равона кардани шаҳрвандон ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии умури давлатии шуғл, бо назардошти розигии ихтиёрии онҳо ва риоя намудани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, анҷом дода мешавад. Аҳдномаҳои мазкур дар сурати аз тарафи кормандон пайдо кардани кори доимӣ ва бо онҳо бастани аҳдномаи бемӯҳлат ба мӯҳлати номуайян бекор карда мешаванд.

Андозаҳои мукофотпулиҳои иловагӣ барои меҳнат дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо метавонанд дар аҳдномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ муайян карда шаванд.

Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" дар сурати иҷро намудани корҳои ҷамъиятӣ нисбати шаҳрвандон кафолатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи таъминоти нафақавӣ ва пардохти ёрдампулиҳо барои корношоямии муваққатӣ паҳн карда мешаванд, инчунин ба онҳо пардохти музди меҳнат аз рӯи кори иҷро мекардагиашон ва дохил кардани вақти ин корҳо ба стажи умумӣ ва бефосилаи меҳнат кафолат дода мешавад.

Ба корхонаҳо тавсия карда шавад, ки ба категорияҳои алоҳидаи кормандони дар корҳои муздноки ҷамъиятӣ машғуликорбуда (занони кӯдакони ноболиғдошта, маъюбон) имконияти бо рӯзи (ҳафтаи) кории нопурра кор карданро бо пардохти музди меҳнат, вобаста аз миқдори кор ё мутобиқи вақти кор диҳанд ва ҳамчунин шаклҳои гуногуни ташкили рӯзи корӣ ва ҳафтаи кориро истифода баранд.

5. Муқаррар карда шавад, ки бопултаъминкунии корҳои муздноки ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, аз ҳисоби истифодаи Фонди давлатии мусоидати шуғл сурат мегирад. Дар баробари ин андозаи қарз ҳар сол аз тарафи мақомоти Умури давлатии шугл муқаррар карда мешавад.

Бопултаъминкунии корҳои муздноки ҷамъиятие, ки аз тарафи кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ мувофиқи аҳдномаҳо бо корхонаҳо ташкил карда мешаванд, чун қоида аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилотҳо сурат мегирад.

6. Кумитаи давлатии кор ва тарбияи коргари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ бо иштироки Шӯрои Федерацияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шарҳномаро дар бораи тартиби истифодаи қарори мазкур таҳия ва тасдиқ намояд.

 

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        С. Маҳкамбоев

ш. Душанбе,

аз 24 декабри соли 1991, № 374