Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, № 12, мод. 675) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.

2. Дар матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ" ва калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 5:

- қисми 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Қитъаи замини хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагии хоҷагии ёрирасони шахсӣ (минбаъд - қитъаи замини иловагӣ) иборат мебошад.";

- дар қисми 4 калимаҳои "қитъаҳои замини иловагии хоҷагии ёрирасони шахсӣ" бо калимаҳои "қитъаи замини иловагӣ" иваз карда шаванд;

- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7. Қитьаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замини иловагӣ ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб дониста мешаванд.".

4. Дар моддаи 8:

- дар қисми 3 баъд аз калимаҳои "Қитъаҳои замини" калимаи "наздиҳавлигии" илова карда шавад.

5. Ба моддаи 9 сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"-дар ҷамъбасти нимсолаи якум ва дар ҷамъбасти сол ба мақомоти худидораи маҳаллӣ оид ба фаъолияти меҳнатӣ маълумот пешниҳод намоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумхурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 28 июли соли 2006 № 201