Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2009 № 619, аз 1.03.2018 № 99)
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади ташаккули Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мубодилаи автоматикунонидашудаи байни мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад) ().
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- пешбурди Таснифи ягонаи умумиқуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таьмин намояд ();
- картотекаи баҳисобгирӣ ва систематизатсияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба он ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ворид намоянд, бақайдгирӣ ва нашри минбаъдаи онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин кунад ();
- хориҷ карда шуд ();
- таъсис ва пешбурди Маҳзани мутамарказӣ иттилооти ҳуқуқиро дар ҳомилҳои қогазӣ ва мошинӣ таъмин намоянд ();
- дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои қоғазӣ ва мошинӣ гирифтани иттилооти ҳуқуқиро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодаи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти худ таъмин намоянд ().
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин қарор ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад ().
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2006 № 359
ш. Душанбе
Замима
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ
Мутобиқи моддаи 79 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади ташаккули Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мубодилаи автоматикунонидашудаи байни мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- пешбурди Классификатори ягонаи умумиқуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таьмин намояд;
- картотекаи баҳисобгирӣ ва систематизатсияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, ба он ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ворид намоянд, бақайдгирӣ ва нашри минбаъдаи онҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин кунад;
- тартиб ва мӯҳлатҳои гузаронидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намояд;
- таъсис ва пешбурди Манбаи марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқиро дар ҳомилҳои қоғазӣ ва мошинӣ таъмин намоянд;
- дастурамали аз мақомоти давлатӣ дар ҳомилҳои қоғазӣ ва мошинӣ гирифтани иттилооти ҳуқуқиро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифодаи Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумқурии Тоҷикистонро дар фаъолияти худ таъмин намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин қарор ба Вазорати адлияи Ҷумқурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 августи соли 2006 № 359
ш. Душанбе
Замима