Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муҳоҷирати ихтиёрии марҳила ба марҳилаи оилаҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.04.2002с. № 161, аз 16.06.2004с. № 279)
Бо мақсади инкишофи минбаъдаи хоҷагии халк дар ноҳияи Қабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон, эҳё намудани заминҳои бекорхобида ва аз худ намудани даштҳои нокорам дар ин ноҳияҳо аз дарназардошти захираҳои зиёди меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонон ва мавҷуд будани минтақаҳои хавфноки экологӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муҳоҷирати ихтиёрии марҳила ба марҳилаи оилаҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ба ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон аз моҳи марти соли 2001 сар карда гузаронида шавад. Муҳоҷирони ихтиёриро банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 1999 № 344 "Дар бораи додани кредит ба хоҷагиҳо ва кӯчонидани онҳо аз минтақаҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2000-2004 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор мегиранд" фаро мегирад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 барои Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 50 оила 25700 сомонӣ, аз он ҷумла 15000 сомонӣ барои додани қарзи имтиёзнок, 700 сомонӣ барои ёрии якдафъаина, 10000 сомонӣ барои интиқоли муҳоҷирон, аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 1 ҳамин қарор зикршудааст пешбинӣ шудаанд, ҷудо намояд.
3. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намояд.
4. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкент масъалаи барои эҳтиёҷоти муҳоҷирон ҷудо намудани миқдори зарурии замини обиро дар ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкент бо тартиби муқарраргардида баррасӣ намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти дахлдор ворид намоянд.
5. Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар навбати аввал ҷойгир намудани муҳоҷирон, 50 адад хайма ҷудо намояд.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири хати барқро дар хочагии деҳқонии ,Бадахшон,-и ноҳияи Қабодиён совхозҳои ,Бешкент-2, ва ,Бешкент-5,-и ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон то июли соли 2001 ба охир расонад.
7. Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии стансияи насосии Курҷалолкумро, ки дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, таъмин карда корҳои тозакунию қубуркании шабакаҳо ва гузаронидани қубурҳои обро дар нуқтаҳои аҳолинишин то моҳи июли соли 2001 анҷчом диҳад.
8. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархости Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯчонидани оилаҳои муҳоҷирон нақлиёт ҷудо намояд, роҳҳои мошингардро барқарор карда, ҳаракати автобусҳоро аз маркази ноҳияҳо то маҳалли ҷойгиршавии доимии муҳоҷирон то июли соли 2001 таъмин намояд.
9. Консерни давлатии кооперативии ,Тоҷикдеҳсохтмон, пудратчии кулл оид ба сохтмон ва барқароркунии истиқоматгоҳҳо ва коммуникатсияхои инженерӣ муайян карда шавад ва дар ин объектҳо корҳоро то июли соли 2001 хотима диҳад.
10. Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳоҷират. ирсол ва ба қайд гирифтани оилаҳои ҷавоне, ки хоҳиши дар ноҳияҳои Қабодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон истиқомат карданро доранд, ташкил намоянд.
Ҳукумати вилояти Хатлон барои қабул, ҷобаҷокунӣ, ободонӣ ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирон чораҳои зарурӣ андешад.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров З.В. гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 11 январи соли 2001 № 10
ш. Душанбе