Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи додани кредит ба хоҷагиҳо ва кучонидани онҳо аз минтақаҳои хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2000-2004 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор мегиранд
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.05.2003с. № 213)
Бо мақсади дар навбати аввал кӯчонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои хавфнок, ки дучори ярч, фурӯравии замин, тарма ва сел мебошанд, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишине, ки дар соли 1998 дучори офатҳои табиӣ гардидаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 шурӯъ намуда, то соли 2004 ҳар сол дар буҷети ҷумҳурӣ барои ин мақсадҳо маблағ пешбинӣ намояд:
дар муддати панҷ сол аз соли 2000 шурӯъ намуда, барои кӯчонидани 7664 хоҷагиҳое, ки тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои хавфнок қарор дошта, барои онҳо ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷудо кардани маблағҳо ба шакли захираҳои кредитӣ мувофиқи замима;
расонидани кӯмаки моддӣ ба маблағи 5 ҳазор рубл ба сардори оила ва 3 ҳазор рублӣ ба ҳар як узви оила бо ҷудо намудани он ба ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо тибқи дархости асосноки бо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намудани онҳо барои оилаҳое, ки аз минтақаҳои хавфноки дучори ярч, фурӯравии замин, тарма сел шуда, ба мавзеъҳои бехатар кӯчонидашаванд;
аз соли 2001 шурӯъ намуда, ҳар сол дар буҷети ҷумҳурӣ барои кӯчонидани хоҷагиҳо ҷиҳати кредитонӣ, бо дарназардошти сатҳи беқурбшавии пул маблағ пешбинӣ карда шавад.
2. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" барои оилаҳое, ки аз мавзеъҳои хавфноки дучори ярч, фурӯравии замин, тарма ва сел шуда бо фоизи имтиёзноки муқаррар ва ҷудонамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани кредитҳои дарозмӯҳлатро барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба маблағи 300 (сесад) ҳазор рубл барои як оила пешбинӣ намояд.
Захираҳои кредитӣ барои барқарор намудани хонаҳои ғайриқонунӣ сохташуда ҷудо карда намешаванд.
Пардохти кредити мазкур баъд аз сохтмони хонаи истиқоматӣ ба маблағи 60 ҳазор рубл аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, 90 ҳазор рубл аз ҳисоби корхонаҳо ва хоҷагиҳое, (колхозу, совхозҳо ва ғайра) ки оилаҳо ба ҳудуди онҳо кӯчонида шудаанд ва қисми боқимондаи кредит ба маблағи 150 ҳазор рубл аз ҳисоби маблағҳои оилаҳои кӯчонидашаванда дар муддати панҷ сол, аз соли сеюми гирифтани кредит оғоз карда, анҷом дода мешавад.
3. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи гоназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои вилоятҳо шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати тасдиқ ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда рӯйхати аниқшудаи хоҷагиҳоеро, ки бояд аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шаванд, таҳия ва пешниҳод намуда, назорати доимии ҷараёни кӯчонидани шаҳрвандонро мувофиқи нақшаи кӯчонидан амалӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 августи соли 1999 № 344
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О кредитовании хозяйств, подлежащих переселению из опасных зон Республики Таджикистан, подверженных воздействию экзогенных процессов в период с 2000 по 2004 год
(в редакции Постановления Правительства РТ от 13.05.2003г.№213)
В целях обеспечения первоочередного переселения граждан из опасных зон, подверженных оползням, обвалам, лавинам и селевым потокам, включая населенные пункты, подвергшиеся стихийным бедствиям в 1998 году, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
I. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно, начиная с 2000 по 2004 год, предусматривать в Республиканском бюджете средства для:
переселения в течении пяти лет, начиная с 2000 года 7664 хозяйств, расположенных в опасных зонах, по данным Министерства труда и занятости населения Республики Таджикистан. Министерства по чрезвычайным ситуациям Республики Таджикистан, Главного геологического управления при Правительстве Республики Таджикистан с выделением их Государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбанк" в форме кредитных ресурсов согласно приложения;
оказания семьям, переселяемым в безопасные зоны из опасных зон, подверженных оползням, обвалам, лавинам и селевым потокам, материальной помощи в размере 20 сомони на главу семьи и по 15 сомони на каждого члена семьи с выделением их хукуматам областей, городов и районов по их обоснованным ходатайствам, согласованным с Министерством труда и занятости населения Республики Таджикистан
начиная с 2001 года ежегодно предусмотреть в Республиканском бюджете для перечисления хозяйств средства на кредитование с учетом уровня инфляции.
2. Государственному сберегательному банку Республики Таджикистан "Амонатбанк" предусмотреть выделение по льготным процентам, установленным и выделяемым Министерством финансов Республики Таджикистан, семьям, семьям. Переселяемым из опасных зон, подверженных оползням, обвалам, лавинам и селевым потокам. долгосрочных кредитов на строительство жилых домов в сумме 1500(тысяча пятьсот сомони) на семью
Кредитные ресурсы на восстановление незаконно построенных жилых домов не выделяются.
Погашение названного кредита начинается после третьего года от получения кредита и завершается в течении 5 лет в размере 50% за счет переселяемой семьи и 50% за счет республиканского бюджета
Выделяемые средства устанавливаются в пределах средств предусмотренных на эти цели государственным бюджетом на 2003 год
3. Министерству труда и занятости населения Республики Таджикистан совместно с Министерством по чрезвычайным ситуациям Республики Таджикистан. Главным геологическим управлением при Правительстве Республики Таджикистан, и хукуматам областей, городов и районов республики представить на утверждение Государственной комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям уточненные списки хозяйств, подлежащих переселению из опасных зон и осуществлять постоянный контроль за ходом переселения граждан согласно графика переселения.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 4 августа 1999 года № 344
г. Душанбе