Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федерация Россия
Бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва кӯмаки ҳамдигарӣ дар байни Хадамоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федерация Россия ҷиҳати татбиқи пурратари ҳамкории миёни ин идораҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунд:
1. Низомномаи замимагардидаи Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Хадамоти давлатии андози Федерация Россия тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти музди меҳнат ва таъминоти Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ пешбинӣ намояд.
3. Маҳалли ҷойгиршавии Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва муқаррар гардад.
4. Ба нақшаи идораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентября соли 1995 № 599 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Намояндаи Кумитаи андози Федерация Россия" илова карда шаванд.
5. Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки ба Хадомоти давлатии андози Федерация Россия супурда шавад, ки бо Хадамоти давлатии андози Федерация Россия оид ба масъалаҳои аз қарори мазкур бароянда Созишнома бандад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 октябри соли 1996 № 447
ш. Душанбе