Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2006-2010
Мутобиқи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешгирии алангаи эҳтимолии зукоми парранда дар байни аҳолӣ ва мубориза бо он дар ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистрн қарор мекунад:
1. Нақшаи миллии замимагардида оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Гурӯҳи корӣ ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 таьсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхона ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият барои татбиқи бомуваффақияти мақсад ва вазифаҳои пешбининамудаи Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2006-2010 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо зукоми паррандаро дар байни паррандагон ва одамон барои давраи то соли 2010 таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- маблағгузории Нақшаи мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ пешбинишуда ва маблағҳое, ки аз тарафи донорҳо ҷалб карда мешаванд, амалӣ намоянд;
- якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори умум таблиғи муқаррароти асосии Нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
Раиси
ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 июли соли 2006 № 300
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2006 № 300
тасдиқ шудааст
Нақшаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Душанбе-2006
РУЙХАТИ ИХТИСОРОТ
АИ ҶТ - Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон
БЭБ - Бюрои эпизоотии байналмилалӣ
ВК ҶТ - Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМ ҶТ - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВТ ҶТ - Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВҲФ ва
МГ ҶТ - Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждаиии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЗП - Зукоми парранда
ИА - Иттиҳоди Аврупо
ПИТТПТ - Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон
КФЭ - Комиссияи фавқулоддаи эпизоотӣ
КҶФЗЭ - Комиссиям ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ
КДҲМЗ ХҶ - Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
МСМ - Маводи сӯхту молиданӣ
МҶНДСЭ - Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
СБ - Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байторӣ
ТУТ - Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ
ТОК СММ - Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид
ТҒҲ - Ташкилоти ғайриҳукуматӣ
ШҲФ ВТ ҶТ- Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистои
I. Пешгуфтор
Робитаҳои густаришёбандаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ эҳтимоли воридшавӣ ва густариши бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва одамро ба қадри эҳсоншаванда зиёд намуданд.
Ҳолати мураккаби эпизоотӣ ва эпидемии дар ҷаҳон нисбат ба зукоми парранда бамиёномада барои соҳаҳои паррандапарварӣ ва тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин амнияти милии мамлакат таҳдиди воқеиро ба вуҷуд овард.
Дар як қатор кишварҳои ҷанубу шарқии Осиё, Хитой, Россия, Туркия ва кишварҳои алоҳидаи Аврупо хурӯҷи идомаёбандаи зукоми парранда (ЗП) ба паррандапарварии ин кишварҳо зарари беандоза расониданд ва ба саломатии аҳолии тамоми ҷаҳон таҳдиди ҷиддие ба миён овард.
Ба тадбирҳои пешгиркунандае, ки аз тарафи бисёр кишварҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ (ТОК СММ, БЭБ ва ТУТ) амалӣ карда шудаанд нигоҳ накарда, хурӯҷи беморӣ идома ёфта, ба тарақкиёти паррандапарварӣ ва тиҷорат дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ садди ҷиддӣ ба вуҷуд меорад. Тибқи баҳои додаи экспертҳои ТОК зарари иқтисодии соҳаи паррандапарварии танҳо Осиё зиёда аз 10 млрд. долларро ташкил додааст. Машваратҳои байналмилалӣ (Малайзия, Белгия, Хитой) бо иштироки намояндагони даҳҳо мамлакатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро таҳдиди пайдо кардани қобилияти аз одам ба одам гузаштани вируси ЗП ҷиддан ба ташвиш овардааст.
Зукоми парранда метавонад иқтисодиёти мамлакатро тамоман фалаҷ гардонад ва муҳимтар он аст, ки ба одам таҳдиди марговар дорад.
Вируси зукоми парранда ба оилаи Orthomyxoviridae, авлоди Influenzavirus А. мансуб аст. Намудҳои хатарноктарини онҳо Н5 ва Н7 мебошанд.
Паррандаҳои ваҳшӣ дар густариши зуком нақши хоса мебозанд, зеро дар онҳо зеринси гемагглютининҳои Н1,Н2, НЗ ва нейраминидазаҳои N1 ва N2, ки дар байни одамон гардиш доранд, ошкор карда шудаанд. Чунин мешуморанд, ки махзани вирусҳои зукоми ҷинси А паррандаҳои муҳоҷири гуногун, ки ба отрядҳои Anseriformes (мурғобӣ ва ғозхои ваҳшӣ) ва Charadriformes (лаклакҳо) мансубанд мебошанд. Вирусҳои зукоми ҷинси А. метавонанд якчанд намуди ҳайвон, аз ҷумла паррандаҳо, хук ва аспҳоро сироят кунанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи Осиёимарказию Ҳиндустонӣ ва Шарқиосиёиву Австралиягии муҳоҷирати паррандаҳо аҳамияти калон дорад, зеро онҳо парвози паррандаҳоро аз Сибир тавассути Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ба Малайзия ва аз Сибири Ғарбӣ ба Хитой дар бар мегиранд.
Дар ин робита маълумоти мушоҳидахои орнитологӣ нисбат ба муҳоҷирати ғози кӯҳӣ (Anser indicus) қобили таваҷҷӯҳ аст. Ин намуди ғоз дар ҳудуди Афғонистон, Бангладеш, Бутон, Хитой, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистони Ғарбӣ, Мянма (Бирма), Непал, Покистон, Россияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон вомехӯрад. Маҳали лонасозии ғози кӯҳӣ васеъ буда дар шимол аз Қазоқистони шарқиву Қирғизистон то ҷануби Сибиру Муғулистони Ғарбӣ ва дар ҷануб аз Кӯҳистони Тибет то Тоҷикистону шимолу ғарбии Ҳиндустонро дар бар мегирад. Ин ғоз зимистонро дар Покистон, Ҳиндустон, Непал Бангладеш, Мянма ва ҷануби Хитой мегузаронад.,
Гардиши пайвастаи вируси зукоми парранда ва ғайриимкон будани пешгӯии мутатсия ва дурагашавии (рекомбинасия) он зарурати доимо ва мунтазам омӯхтани масъалаҳои экологии вируси зукоми паррандаро дар минтақаҳои муайян ва хусусан дар маҳали буриши роҳҳои мухоҷирати паррандаҳои ваҳшӣ, ҷойҳои лонагузорӣ ва зимистонгузаронӣ, ҳамчунин ҷойҳои имконпазири тамоси паррандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ, муайян месозад. Дар ин минтакаҳо имконияти пайдо шудани фариқаҳои (вариантҳои) нави тағйирёфтаи вируси зукоми парранда бо хосиятҳои номаълум ё камомӯхташуда вуҷуд дорад.
Зукоми парранда бемории сарҳадгузар аст. Дар робита бо ин хадамоти марбутаи давлатиро зарур аст, ки бо мақсади сари вақт ошкор, инҳисор ва решакан кардани беморӣ дар марзи Тоҷикистон тадбирҳои зиддиэпизоотӣ ва зиддиэпидемии пешгирии сироятро беҳтар намоянд, низоми муоинаи харрӯзаи (оперативии) вазъи эпизоотӣ ва эпидемиро, хусусан дар ноҳияҳон сарҳадӣ,ташкил намоянд.
Бояд чунон кард, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ ва аҳолӣ дар ҳоли ғафлат намонанд. Ҳама чиз ба пандемияи имконпазири зукоми парранда дар ҷумхурӣ бояд омода бошад.
Дар ин ҷода, таҳия ва амалӣ сохтани барномаи стратегии миллии илмию техникӣ оид ба пешгирии пайдоиш ва густариши зукоми парранда дар навбати аввал дар байни паррандаи хонагӣ аҳамияти калон дорад, зеро усули боэътимодтарини пешгирии ин беморӣ дар байни одамон роҳ надодани он дар байни парранда аст. Зукоми парранда бояд на ҳамчун вазифаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, балки ҳамчун вазифаи ҳифзи саломатии ҳайвонот ва одамон баррасӣ гардад. Аз ин рӯ байни мақомоти тандурустӣ, кишоварзӣ ва байтории ҷумҳурӣ ҳамкории зич зарур аст. Давлат ин мақомотро дар мубориза бо зукоми парранда бояд доиман аз ҷиҳати конунгузорӣ, техникӣ ва молиявӣ дастгирӣ намояд. Бедастгирӣ аз тарафи давлат ва ташкилоти байналмилалӣ татбиқи Нақшаи миллӣ воқеан ғайриимкон мегардад.
Ноил гардидан ба мақсади ҳамин Нақша ба кам шудани тахдиди пайдоиши эпидемия, баландшавии сатҳи бехатарии маводи озуқа, биобехатарии хоҷагиҳои паррандапарвар, устувории истеҳсоли маҳсулоти паррандапарварӣ ва тиҷорат дар сатҳи минтака ва ҷаҳон, инчунии ба болоравии сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунад.
II. Мақсад ва вазифаҳои Нақша
Мақсади Нақшаи мазкур муайян кардани мақомоти давлатӣ, масъул кардани онҳо ба ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои корҳо оид ба пешгирии ба ҷумҳурӣ воридшавии вирусҳои зукоми парранда (хусусан хайли Н5 N1), ташкили базаи махсуси моддию техникии ҷумҳуриявӣ, ки гузаронидани мониторинг ва ташхиси бемории номбурда, инчунин инҳисор ва решакансозии бемориро. дар сурати пайдо шудани он, таъмин карда тавонад, мебошад.
Вазифаҳои асосӣ аз инҳо иборатанд:
1. Таҳияи барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо вирусҳои ЗП дар байни паррандагон барои давраи то соли 2010.
2. Таҳияи барномаи комплексии пешгирӣ ва мубориза бо вирусҳои ЗП дар байни одамон барои давраи то соли 2010.
3. Таҷҳизонидани Озмоишгоҳи байтории ҷумҳуриявӣ ва Озмоишгоҳи вирусологии -Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санаторию эпидемиологӣ, инчунин пажӯҳишгоҳи байторию тиббии дахлдор бо таҷҳизот ва воситаҳои ташхисие, ки барои ташхиси серологӣ ва вирусологии вирусҳои ЗП лозиманд.
4. Гузаронидани мониторинги мунтазами мавсимии зукоми парранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба ғайр аз мурғҳои хонагӣ ва одамон бояд хурӯсҳои ҷангӣ ва паррандаҳои хушхон ва ваҳшии муҳоҷир, роҳҳои ҳиҷрати паррандаҳои ваҳшии Тоҷикистон, макони лонагузорӣ ва зимистонгузаронии онҳо ва инчунин мавзеъҳои имкоппазири алоқаи онҳо бо мурғони хонагӣ ҳатман объектҳои мониторинг бошанд.
5. Таҳкими амнияти санитарию эпидемиологӣ ва биологии фермаҳои мурғпарварӣ ва ҳудуди ҳамшафати онҳо.
6. Назорат аз рӯи харакати мурғон ва махсулоти он, ки метавонанд ҳомили вирус бошанд ва ҳамчунии назорат аз болои талаботи хариду фурӯши мурғони зинда.
7. Ворид кардани тағйирот дар қонунгузорӣ бо мақсади паст кардани хавфи ба миён омадан ва паҳн шудани ЗП дар ҷумҳурӣ.
8. Бунёди захираҳои зарурии давлатии ваксинаҳо, маводи сироятнопозирӣ, сӯхт ва либоси махсус.
9. Зуд нобуд кардани паррандаҳои сироятёфта ва ё хавфи сироятёбидошта, ҷасад ва маводи сироятшуда бо роҳи бехатар.
10. Гузаронидани эмкунии ҳалқагӣ дар маҳали эҳтимолии сироят.
11. Бунёди шабакаи иттилоотӣ ва маркази маълумот оид ба зукоми парранда.
12. Ташкил ва гузаронидани корҳои санитарию равшаннамоӣ дар байни аҳолӣ ва баланд бардоштани малакаи мутахассисони байторӣ ва тиббӣ.
III. Механизми татбиқи вазифаҳои гузошташуда
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байторӣ нақшаи комплексиро оид ба мубориза бо вируси ЗП дар байни паррандаҳо дар давраи то соли 2010 тартиб дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар нақшаи комплексӣ ҳамаи талаботи БЭБ, ТУТ ва ТОК оид ба пешгирӣ ва назорати ЗП ба назар гирифта мешавад;
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистои, МҶНДСЭ нақшаи комплексиро оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вируси ЗП дар байни аҳолӣ дар давраи то соли 2010 тартиб дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар нақшаи мазкур тамоми талаботи ТУТ оид ба пешгирӣ ва назорати ЗП ба назар гирифта мешавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ (ТОК СММ, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналмилалии дигари давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ) бо пешниҳод оид ба кӯмак дар ҷиҳозонидани Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ, Озмоишгоҳи вирусологии Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, инчунин пажӯҳишгоҳҳои байторию тиббии дахлдор бо таҷҳизот ва воситаҳои ташхисис, ки барои ташхиси серологӣ ва вирусологии вирусҳои ЗП лозиманд, инчунин либоси махсус муроҷиат мекунад.
Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мониторииги ҳар семоҳаи ҳудуди ҷумҳуриро оид ба зукоми парранда ташкил менамоянд ва онро амалӣ месозанд, Зимнан, диққати асосӣ ба риояи талаботи байторию санитарии Бюрои эпизоотии байналмилалӣ (БЭБ), Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ТОК СММ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, ташхиси маводи иллатнок ва нобуд кардани он дода мешавад. Объектҳои асосии мониторинг қабл аз ҳама фабрика ва фермаҳои мурғпарварӣ, истеҳсолоти майдамолии паррандапарварӣ, дар навбати аввал наздиҳавлигӣ, минтақаҳои наздисарҳадӣ, мошинҳои ҳамлу нақли мурғ, паррандаҳои ваҳшии мухоҷир, ҷойҳои лонасозӣ ва зимистонгузаронии онҳо, инчунин ҷойҳои имконпазири тамоси онҳо бо паррандаҳои хонагӣ, паррандаҳои ваҳшии мурда, паррандаҳои шиновари хонагӣ, хурӯсхои ҷангӣ, паррандахои хушхон ва бозорҳои паррандафурӯшӣ хоҳанд буд. Ҳангоми мониторинги хурӯсҳои ҷангӣ ва паррандаҳои хушхон танҳо ҳодисаҳои фавқулоддаи марги онҳо таҳқиқ қарда мешаванд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиби намудӣ ва роҳҳои муҳоҷирати паррандаҳои ваҳшии Тоҷикистон, ҷойҳои лонагузорӣ ва зимистонгузаронӣ, инчунин ҷойҳои имконпазири тамоси онҳоро бо паррандаҳои хонагӣ меомӯзанд. Маълумоти бадастомада ба Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистри барои тартиб додани нақшаи фаъолият дар амалӣ сохтани Нақшаи мазкур ва ташкили маркази маълумот оид ба зукоми парранда, фиристода мешавад
Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати доимиро оид ба:
- риоя ва таҳкими амнияти биологӣ ва санитарию эпидемиологии хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва ҳудуди назди онҳо, аз ҷумла ҳаракати кормандони онҳоро мувофиқи талаботи ташкилоти байналмилалӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистрн ташкил менамоянд;
- харакати бехатари паррандаҳои зиндаи хонагӣ, маҳсулот ва ашёи хоми аз парранда ба дастомада, ки шояд вирус дошта бошад, бо риояи талаботи ташкилоти байналмилалӣ (БЭБ, ТУТ, ТОК) ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд;
- манъи фурӯши паррандаҳои ваҳшӣ дар бозорҳои паррандаҳои хонагӣ бо мақсади ҳимояи саломатии ҳайвон ва одамонро ташкил мекунанд.
Захираҳои давлатии ваксинаҳои зидди зукоми парранда, маводи сироятнопазир ва сӯхт барои нобуд кардани паррандаҳои бемор аз ҳисоби маблағҳои давлатии ба Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон ҷудошаванда ва аз ҳисоби донорҳо ташкил карда мешаванд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба даровардани тағйирот ба қонунгузорӣ таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Тағйирот масъалаҳои ҷуброни пулии паррандаи бо сабаби зукоми парранда нобуд кардашуда, талабот ба истехсолоти паррандапарварӣ (манъи бунёди фермаҳои паррандапарварӣ дар маҳали аҳолинишин, дар назди мактабҳо, шоҳроҳҳо ва бозорҳо), нигоҳдории мурғ дар шаҳрҳо ва минтақаҳои саноатӣ дар бар хоҳад гирифт. Тағйирот инчунин ба заминаи саноатӣ гузаронидаии хоҷагиҳои мурғпарвариеро, ки зиёда аз 500 мурғи тухмдеҳ ва ё ки зиёда аз ҳазор мурғи гӯштӣ доранд, дар бар хоҳад гирифт.
Барои мубориза бо хурӯҷи эҳтимолии ЗП қаблан ташкил намудани захираи давлатии миқдори муайяни ваксина барои эмкунии ноилоҷи парранда дар минтақаҳои хатарнок, маводи сироятнопазир барои сирротнопазирии биноҳо ва ҳудуди лонаи сироят, маводи сӯхт барои сӯзонидани ҷасадҳо ва дигар маводи сироятнок, дорувори зиддивирусӣ, маводи инфиродии муҳофизат барои одамон, зарур аст.
Дар сурати ошкор кардани ҳодисаҳои сирояти парранда бо вирусҳои ЗП, ҳамаи паррандаҳои сироятёфта ва паррандаҳои хавфи сироятёбидошта, ҷасади паррандаҳо ва маводи эҳтимол сироятёфта дар ҳудуди 3 километр аз маркази хурӯҷи сироят новобасга аз шакли моликият, аз тарафи гурӯҳи корӣ нобуд карда мешавад. Дар ин ҳолат принсипҳои инсоппарваронаи бехатари нобуд кардани ҳайвонот, санадҳои меъёрии хукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистои эътироф кардааст, талаботи Кодекси байторию санитарии БЭБ, ТУТ, оид ба назорати бемориҳои махсусан хатарноки хайвонот ва одамон, ҳатман риоя карда мешаванд.
Тамоми паррандаҳои дар маркази хурӯҷи ЗП ва дар ҳудуди 5 километр дар атрофии он ҷойгиршуда, сарфи назар аз шакли моликияташон аз ҳисоби захираи давлатии ваксинаи зидди зукоми паррранда, ройгон эм карда мешавад (эмкунии ҳалқагӣ).
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати таидурустии Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷоя бо ташкилоти байналмилалӣ (ТОК, ТУТ, БЭБ) шабакаи миллӣ ва байналмилалии иттилоотиро оид ба табодули маълумот дар бораи ЗП ва маркази маълумотро оид ба зукоми парранда созмоно медиҳанд.
Иттилооте, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи Нақшаи мазкур ҷамъоварӣ мешавад дар шабакаи компютерикунонидаи иттилоотӣ ҳифз карда мешавад. Чунин шабака барои ворид кардани маълумот ва инчунин гирифтани маълумоти зарурӣ истифода мешавад. Масъулияти пурсамар кор кардани шабакаи иттилоотиро Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байторӣ ва Маркази ҷумҳуриявии назорати санитарию эпидемиологӣ бар дӯш доранд.
Маркази маълумот бояд ахбори тадқиқотии хадамоти расмии байторӣ, тишкилоти давлатии ҳифзи тандурустии омма, озмоишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, хадамоти орнитологӣ ва омори давлатиро бояд дар бар гирад.
Шабакаи миллии иттилоотиро оид ба ЗП ҳамоҳангсози миллӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад, идора менамояд. Дастгирии молиявии шабакаи миллии иттилоотӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии ҷумхуриявӣ, ки ба СБ ва Маркази ҷумҳуриявии назорати санитарию эпидемиологӣ ҷудо мегарданд, амалӣ карда мешавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалӣ (ТОК, ТУТ) курсҳои мунтазами такмили ихтисоси кормандони байторӣ ва тиббиро, ки барои амалӣ шудани барномаи мазкур ҷалб шудаанд, ичунин корҳои сапитарию равшаннамоиро дар байни аҳолӣ бо роҳи паҳн кардаии варақаву китобчаҳо оид ба ЗП, баромади якҷоя ба воситаи радио, матбуот ва телевизиони ҷумҳуриявӣ, ташкил менамояд.
IV. Сиёсат ва стратегияи Нақша
Сиёсат ва стратегияи Нақща мувофиқи вазъи эпизоотӣ ва эпидемии ҷумҳурӣ, бо тавсия ва пешниҳоди илмию амалӣ ва дастгирии молиявии ТОК, ТУТ ва БЭБ, ташкилоти дигари ҳукуматӣ ва ғайрихукуматии баайналмилалӣ, инчунин бо дастгирии ҳуқуқӣ, техникӣ ва молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Асоси сиёсати Нақшаро принсипҳои зерин ташкил медиҳанд:
- тасдиқ ва дастгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштироки бевоситаи шахсони аз тарафи ҳукумат таъин ва ваколатдоргардида, вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият;
- дастгирии аз тарафи ТОК СММ, ТУТ, БЭБ ва дигар ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии байналмилалии мамфиатдор. Стратегияи Нақша ба муқаррароти зерин асос ёфтааст:
- иҷрои самтҳои асосии стратегии Нақша, ҳамоҳангсозии хамкории минтақавӣ ва байналмллалӣ аз тарафи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии якҷояи раиси Комиссияи фавқулоддаи эпизоотӣ, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- иҷрои Нақша бо дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТОК СММ, ТУТ, БЭБ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
V. Вазорат ва идораҳои ваколатдор
Татбиқи Нақшаи мазкур аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои дар Нақша пешбинишуда, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда равона шудаанд, амалӣ карда мешавад.
Барои татбиқи Нақша инҳо масъуланд:
- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистои;
- Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Комиссияи фавқулоддаи эпизоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Комиссияи ҷумҳуриявии фавқулоддаи зиддиэпидемиявӣ;
- Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявиаш;
- Маркази ҷумҳуриявии назорати санитарию эпидемоологӣ бо идораҳои вилоятӣ ва нохиявиаш;
- Воситаҳои давлатии ахбори умум;
- Хадамоти орнитологӣ
VI. Захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо
Нақша дар доираи воситаҳои аз буҷети давлатӣ барои вазорату идораҳои ваколатдор пешбинигардида маблағгузорӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои иловагии маблағгузориро маблағҳои барномаҳои фавқулоддаи ТОК СММ, СУТ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар донорҳо ташкил медиҳанд.
Маблағгузории Нақша барои солҳои 2006-2010 734.000 доллари ШМА-ро ташкил медиҳад, ки он дар ҷадвали ҳаҷми зарурии маблағгузории Нақша барои солҳои 2006-2010 нишон дода шудааст (замима мегардад).