Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2006 № 189 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои соли 2006"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Точикистон барои соли 2006"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, мод. 627) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 5 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд воридшудаи андозҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.".

2. Дар моддаи 6 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар соли 2006 воридоти молҳо барои ташаккул додан ва пурра кардани Фонди давлатии захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд, тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои ташаккул ва хизматрасонии Фонди мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.".

3. Дар қисми якуми моддаи 15 баъд аз калимаҳои "таҳсилоти умумӣ" калимаҳои ", миёнаи касбӣ ва олӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қисми якуми Қонуни мазкур аз 1 июн, қисми дуюм аз 1 январи соли 2006 ва қисми сеюми он пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

6 июли соли 2006 № 189