.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 25 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии Кумита 14 воҳид ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 11 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурти Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 № 414 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зайл ворид карда шавад:
сархати якуми банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)"
сархати дуюми банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба микдори 266 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба микдори 28 воҳид ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба миқдори 238 воҳид муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 253
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 253
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи маркази Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва кор бо толибилмон
3. Раёсати сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
4. Шӯъбаи умумӣ, кор бо кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ
5. Шӯъбаи молия
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 253
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Раёсатҳои кор бо ҷавонони вилоятҳо
3. Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе
4. Шӯъбаҳо ва бахшҳои кор бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо
5. Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон "Ориёно"
6. Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон
7. Клуби соҳибкорони ҷавон
8. Биржаи меҳнатии ҷавонон