Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 17 воҳид ихтисор карда шавад.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
дар банди 1 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегардад)";
дар сархати якуми банди 1 калимаҳои "Сохтори замимашудаи дастгоҳи марказӣ, нақшаи идора" ба калимаҳои "Нақшаи замимагардидаи идора, иваз карда шуда, Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, беэътибор дониста шавад; сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 60 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), ки аз он 41 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 19 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорат маблағгузорӣ карда мешавад, муқаррар карда шавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 265
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 265
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати млиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати истифодаи нншоотҳон обёрӣ
3. Раёсати сохтмони асосӣ, пудратӣ ва саноат
4. Раёсати сармоягузорӣ, равобити иқтисодии хориҷӣ, илм, техника ва захираҳои об
5. Раёсати иқтисод ва молия
6. Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ
7. Раёсати корҳо
8. Шӯъбаи механизатсия ва нақлиёт
9. Бахши ҳуқуқ
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2006 № 265
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Раёсати давлатии хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон
3. Раёсати давлатии хоҷагии оби шаҳрҳо ва ноҳияҳо
4. Корхонаи лоиҳакашӣ ва сохтмонии "Тоҷикобдеҳсохтмон"
5. Иттиҳодияи илмӣ-ичтеҳсолии "ТоҷикНИИГиМ"
6. Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии "Тоҷикгипроводхоз"
7. Трести сохтмонии хоҷагии оби Вахш "Вахшобсохтмон"
8. Сармуассисаи давлатии Суғдобсохтмон
9. Садорати иншооти нақбӣ-обии Данғара
10. Раёсати обёрикунии мошинавии Душанбе
11. Раёсати давлатии канали Ёвон
12. Раёсати давлатии канали Чубек
13. Раёсати шабакаҳои обёрии Данғара
14. Идораи истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии минтақаи Кӯлоб
15. Корхонаи воҳидии "Матбаа" шаҳри Душанбе