Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007с. № 368)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор мекунад:
1. Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаи Нақшаи миллии татбиқи консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012 -ро омода намуда, то 1 июли соли 2006 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 майи соли 2006 № 183
ш. Душанбе
Замима
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 майи соли 2006 № 183
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012
Муқаддима
Дар давраи соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ дигаргуниҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба амал омаданд, ки дараҷаи шуғлнокӣ ва некӯаҳволии мардуми мамлакатро сифатан дигаргун намуданд.
Дар ин давра корхонаҳои калони саноатӣ ва кишоварзӣ, ки дар онҳо қисми зиёди қувваҳои кории ҷумҳурӣ банд буданд, барҳам хӯрданд ва ё аз фаъолият бозмонданд. Дар натиҷа, сатҳи бекорӣ зиёд гардида, сектори ғайрирасмии иқтисодиёт ва муҳоҷирати меҳнатии беруна босуръат афзоиш ёфт.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон воқеан ҳам мамлакатест, устуворона захираҳои меҳнатиро инкишоф медиҳад. Масалан тайи соли 2005 захираҳои меҳнатии мамлакат 119,6 ҳазор нафар зиёд гашта, ба 3900,0 ҳазор нафар расид. Зиёд будани қувваи қобили меҳнат ва номувозинатии талабот ба қувваи корӣ ва пешниҳоди он ба зиёдшавии сатҳи бекории расмӣ оварда мёрасонад.
Як қатор омилҳои номувофиқи шуғлнокии аҳолӣ ба иқтисоди бозоргонӣ ҷой доранд, аз қабили таъмин набудани шуғли босамар ва нигоҳ доштани шумораи зиёди кормандон, саривақт пардохт накардани музди меҳнат, номувофиқатии робита миёни ҳиссаи меҳнати сарфнамудаи корманд ва пардохти он, ки ба пешрафти иқтисодиёт ва таъмини шуғли босамари аҳолӣ садди роҳ мегарданд.
Кофӣ набудани механизми таъмини ҳуқуқ ба меҳнат, суст шудани назорат аз болои тартибот ва ҳифзи меҳнат ба масъулияти корфармо барои нигоҳ доштан ва риояи ӯҳдадориҳои худ нисбати ашхосе, ки тибқи кироя фаъолият мекунад, таъсир мерасонад. Дар натиҷа, нуфузи шуғли расмӣ паст ва ҷараёни танзими шуғли аҳолӣ мушкил мегардад. Масалан, тайии чанд соли охир ҳиссаи шуғлнокӣ дар соҳаҳои буҷетӣ - тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва илм 2 маротиба паст шудааст.
Таҳлили вазъи иқтисодӣ дар солҳои 2001-2005 гувоҳи он аст, ки иқтисодиёти кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, қариб ҳамаи соҳаҳои он ба пешравӣ ноил мегардад.
Дар соли 2005 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 7201.1 млн. сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 2004 6,7 фоиз афзудааст, сатҳи таваррум то хол 1,6 фоизро ташкил медиҳад. Вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ беҳтар шуда, беҳдошти сохтори молиявӣ ба афзоиши сатҳи истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат намуда, даромади аҳолӣ зиёд ва сатҳи камбизоатӣ паст гардид.
Омӯзиши вазъи шуғли аҳолӣ ҷиҳати имконоти созмон додани ҷойҳои корӣ дар маҷмӯъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки таҷрибаи кофӣ дар ин самт мавҷуд буда, имконияти пурра ва самаранок истифода бурдани он, ки ба шуғли расмӣ фаро гирифтани аҳолӣ оварда мерасонад, васеъ мегардад.
Тахлили ҳолати соҳаи шуғл дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки қобилияти бозори меҳнати баамаломада ва ташаккулёбанда ҷиҳати худтанзимкунӣ ҳанӯз нокифоя буда, зарурияти танзими давлатӣ дар ин бахш боқӣ мемонад.
Самти асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ- ин ташкил намудани системаи босамари мусоидат ба шуғли аҳолӣ, танзими ҷойҳои кории холӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав, нигоҳ доштани захираҳои кадрӣ дар якҷоягӣ бо тадбирҳои пешакӣ оид ба бартараф намудани афзоиши бекорӣ мебошад.
Бешубҳа, дар шароити муосири бозори меҳнат сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таркиб ва натиҷигирӣ аз он ба мадди аввал меистад. Таҳлили ҷойҳои кории холиву навтаъсис ва ишғоли минбаъдаи онҳо шаҳодат медиҳад, ки агар аз як тараф паст будани музди меҳнат ин чойҳои корӣ бошанд, аз тарафи дигар малакаи касбии бекорон ба талаботи тахассусии ин ҷойҳои корӣ ҷавобгӯ нест. Ин дар навбати худ таҳлилу танзими ҷойҳои сифатан нави кории холӣ ва навтаъсисро талаб мекунад, инчунин масъалаи маълумотнокии калонсолонро дар тӯли тамоми умр, аз ҷумла омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатиро тақозо менамояд. Механизми мавҷудаи таҳсилоти калонсолон аз ҷиҳати сохтор ва таркиби худ ба талаботи бозори меҳнат ва худи аҳолӣ ҷавобгӯ нест. Мутаассифона, омори имрӯзаи шуғл вазъи воқеии бозори меҳнатро ифода намекунад. Натиҷаҳои таъсиси ҷойҳои кории нав сифатан таҳлил намешаванд. Аз сабаби маҳдудияти маблағ вазъи бозори меҳнат мунтазам омӯхта намешавад. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ таҷдиди назарро талаб менамоянд.
Умуман сиёсати имрӯзаи давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ зарурати таҳия ва татбиқ намудани стратегия ва тактикаи рушди минбаъда ва ислоҳоти куллӣ, ташаккули муқаррароти асосии дигаргунсозии ин соҳаро тақозо мекунад.
Фурсате фаро расидааст, ки соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои миллӣ эътироф карда шавад, ки ташкилн иқтисодиёти рақобатпазир ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин мекунад. Консепсияи мазкур чун асоси сиёсати вокеии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа бо дарназардошти вазъи имрӯза ва дурнамои талаботи бозори меҳнат таҳия шудааст.
Ин Консепсия, ки дар заминаи он амалӣ намудани чораҳои устувори мақсадноки тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ, зарурияти таъмини пурраи сиёсати давлатӣ барои рушди сатҳи шуғлнокии аҳолӣ дар бозори меҳнат, инкишоф ва ҷустуҷӯи намудҳои гуногуни шуғли фоидаовари ба замони иқтисоди бозаргонӣ ҷавобгӯ, ки эҳтиёҷи аҳолиро қонеъ намуда, сатҳи камбизоатиро туфайли меҳнати худ паст мекунад, ислоҳоти сохтор ва таркиби кунунии таълими калонсолон, шахрвандони бекор ва шахсони корҷӯ, ки тағйири касб менамоянд, шароити мусоид фароҳам овардан ба корфармоён ва шаҳрвандоне, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, воситаҳои муҳими татбиқи самараноки Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва интихоби роҳест, ки ба дастовардҳои аз ҳам ҷудонашавандаи мақсад ва натиҷаи пешрафти инсоният, ки дар Эъломияи ҳазорсолаи Созмони Милали Муттахид (минбаъд СММ) аз 8 сентябри соли 2000 дар Ассамблеяи Генералии худ муқаррар намудааст, ба ҳисоб меравад.
I. Вазъият дар бозори меҳнат ва тамоюли шуғл
1. Шуғл ва бекорӣ
Шуғл. Дар натиҷаи афзоиши шумораи аҳолӣ дар давраи аз соли 2000 (6250,0 ҳаз. нафар) то 2005 (6879,6 ҳаз.нафар) теъдоди захираҳои меҳнатӣ дар ин давра 18 фоиз афзуда, ба 3900,0 ҳазор расид. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол бошад, аз соли 2000 (1794 ҳаз.нафар) то соли 2005 (2045,8 ҳаз.нафар) 14 фоиз зиёд гардида, сатҳи шуғлнокии аҳолӣ бошад дар ин давра 14,6 фоиз афзуда, ба 2000,2 ҳаз. нафар расид, ки аз афзоиши захираҳои меҳнатӣ 3,4 фоиз қафо мемонад.
Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи маълумоти омории соли 2005 2045,8 ҳаз. нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 2000,2 ҳаз. нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт фаъолият мекунанд ва 45,6 ҳаз. нафар расман мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,2 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғулро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғулбуда шумораи рӯйхатии кормандони кирояи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар соли 2005 1059,8 ҳаз. нафар, ё 53 фоиз шумораи умумии аҳолии машгулро ташкил дод.
Дар солҳои 2001-2004 шумораи кормандони дар сектори давлатӣ машғулбуда кам гардида, танҳо 26 фоиз аҳолии ба шуғл ҷалббударо ташкил медиҳад.
Афзоиши шумораи аҳолии шуғлок дар ҷумҳурӣ асосан ба инкишофи соҳаи савдо, хӯроки умумӣ, инчунин таъмини моддӣ-техникӣ рост меояд. Аз шумораи умумии аҳолии шуғлнок зиёда аз 50 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои фермерӣ-деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ рост меояд. Яке аз омилҳои то ҳол омӯхтанашуда ва баҳсталаб дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ дар ин солҳо "бекории пинҳонӣ" боқӣ мемонад, ки манфиатдори он моликиятдорони хусусӣ ва соҳибкорон буда, аз пардохти андози иҷтимоӣ худро дар канор гирифтан мехоҳанд.
Бекорӣ. Мувофиқи меъёрҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ фақат сатҳи бекории расмӣ муайян карда шудааст, ки андозаи он тайи солҳои охир дар сатҳи 2,1-2,2 фоиз боқӣ мемонад. Бешубҳа, ин рақамҳо вазъи воқеии бозори меҳнатро нишон дода наметавонанд ва дар асл сатҳи умумии бекорӣ ба дараҷае зиёд аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон вазъи бозори меҳнат мунтазам арзёбӣ намегардад.
Илова ба ин, муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, ки солҳои охир хусусияти устувор ва ғайримуташаккилона гардидааст, дар таҳлил ва таъмини танзими шуғлнокии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ба расмиятдарории муҳоҷирати меҳнатӣ, яке аз роҳҳои асосии муайян кардани вазъи шуғлнокии шаҳрвандон дар ин самт ба шумор меравад.
2. Гурӯҳҳои мақсадноки бозори меҳнат
Гурӯҳои гуногуни аҳолӣ - занҳо, ҷавонон, кӯдакон, калонсолон ва маъюбон дар бозори мёҳнат талабот ва дархости гуногун доранд. Шароити хоҷагидории бозаргонӣ муносибатҳоро пуршиддат гардонида, ба ташаккулёбии гурӯҳҳои мақсаднок дар бозори меҳнат оварда расонид.
Занҳо. Аз ҳисоботҳо бармеояд, ки ҳарчанд занҳо потенсиали асосии аҳолиро дар бозори меҳнат ташкил диҳанд ҳам, онҳо ба проблемаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият онҳо номзади аввал барои аз кор хориҷ шудан ва охирон барои ба кор қабул шудан мебошанд.
Сифатан беҳтар намудани истифодаи қувваи кории занҳо дар бозори меҳнат бо душвориҳо ба амал меояд. Аз тарафи дигар, рақобати пасти занҳо дар бозори меҳнати давраи гузариш, талаботи ками онҳо ба бозомӯзӣ, шароити номусоиди кор дар ҷойҳои кории пешниҳодшуда, инчунин шароити оилавӣ ва тарбияи фарзандонро ба инобат гирифтан лозим меояд. Бештари занон дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд.
Наврасон. Бояд қайд намуд, ки наврасони то 14 - сола фаъолона ба бозори меҳнат ворид гашта, махсусан дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аксар вақт бо музди меҳнати кам ва ё тамоман бепул кор мекунанд. Таъсири меҳнати кӯдакон дар бозори меҳнат ба таври минималӣ бар ивази меҳнати кормандони баландихтисос ба меҳнати беихтисоси кӯдакон бошад ҳам, ба танзим надаровардани меҳнати кӯдакон ба онҳо дар оянда таъсири манфӣ мерасонад. Ташкилоти Байналмиллали Меҳнат дар ҳалли масъалаи меҳнатии кӯдакон тибқи Конвенсияи №182 "Дар бораи манъ намудан ва андешидани чораҳои фаврӣ нисбати решакан намудани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон"- ро ба тасвиб расонидааст, ки оид ба риояи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуки кӯдакон таъсис дода шудааст.
Ҷавонон. Ҷавонон, ки аз нуқтаи назари иҷтимоию сиёсӣ табақаи хушзеҳну боидроки аҳолӣ ба ҳисоб мераванд, то давраи соли 2012 дар масъалаи бокортаъминшавӣ ба проблемаҳои гуногун рӯ ба рӯ мегарданд. Яке аз омилҳои муҳими он пеш аз ҳама сатҳи нисбатан пасти дониш ва малакаи азхуднамуда ва надоштани таҷрибаи кории онҳо мебошад.
Калонсолон. Дар аввали солҳои 90-ум яке аз омилҳои ихтисоршавӣ ва бекории оммавӣ - ин барвақт ба нафақа ҷавоб додани кормандон ва нафақа аз рӯи корношоямӣ ташкил додааст. Дар панҷ соли охир шумораи шахсони аз ҷиҳати вазъи саломатӣ ва пеш аз мӯҳлат ба нафақа баромада хеле кам гардид. Айни замон кордиҳандагон бо дили нохоҳам шахсони солхӯрдаро ба кор аз рӯи қоида, танҳо дар он вазифаҳое, ки музди меҳнаташ паст мебошад, қабул менамоянд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ дар ин самт аз он иборат аст, ки ин гурӯҳи аҳолӣ дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозаргонӣ аз бесаводии ҳуқуқӣ азоб кашида, аз малакаҳои бурдани тиҷорат ва соҳибкорӣ дур мондаанд. Бо мақсади он, ки ин гурӯҳ дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, ҳар чӣ бештар дастрасии онҳоро ба омӯзиш ва бозомӯзӣ фаро гирифтан зарур аст.
Маъюбон. Дар мамлакат қариб 10,2 ҳазор маъюбон (танҳо гурӯҳи 3 қобили меҳнат) ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо метавонанд фаъолона дар рушди иқтисодиёт саҳм гузоранд, аммо як қатор проблемаҳое вобаста бо бакортаъминкунии ин гурӯҳи шаҳрвандон мавҷуд аст, ки дар натиҷа онҳо дар бозори меҳнат беэҳтиёҷ мемонанд.
Бинобар ин, мусоидат ба шуғли маъюбон ва дастгирии фаъолияти соҳибкории онҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ, инчунин нигоҳдории шаклҳои алоҳидаи касбу кор барои бо кор таъминкунии ин гурӯҳи аҳолӣ лозим аст.
II. Сиёсати фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Ҳадафи асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ - ин ба даст овардани мувозинат байни талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ ва дар ҳамин радиф амалӣ намудани сиёсати фаъол дар бозори меҳнат мебошад.
Дар ин самт Нақшаи генералии таъсиси ҷойҳои корӣ дар давраи солҳои 2006-2010 ва Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2007 ва ҳамин қабил барномаҳои минбаъда нақши бағоят муҳим мебозанд.
Як қатор воситаҳои сиёсати фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷиҳати бокортаъминшавии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ мавҷуданд: бокортаъминкунии аҳолии корҷӯй ва бекор, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ташкили корҳои ҷамъиятӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна ва дигар намуди чорабиниҳо.
1. Бокортаъминкунӣ
Мутобиқи қонунгузориҳои амалкунанда бекорон дар марказҳои маҳаллии шуғли аҳолӣ ва ташкилотҳое, ки ба миёнаравии меҳнатӣ иҷозатнома (литсензия) доранд, ба қайд гирифта мешаванд. Айни ҳол ин амал танҳо тавассути 68 марказҳои шуғли аҳолии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сурат мегирад. Марказҳои шуғли аҳолии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ маълумотро аз рӯи шаклҳои ҳисоботҳои омории тасдиқгашта, аз ҷумла оид ба шумораи шахрвандони корчӯй, бекорон ва ҷойҳои кории холии аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори давлатию ғайридавлатӣ пешниҳодшудаи маҳалро ҷамъбаст намуда, ба Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ манзур менамоянд.
Робита бо корфармоён, гузаронидани хизматҳои самтдории касбӣ ва машваратӣ яке аз вазифаҳои асосии Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Шумораи ҷойҳои кории холии ба мақомоти шуғл пешниҳодшуда нисбати ҷойҳои кории холии дар асл мавҷудбуда хеле кам мебошад. Маълумотҳоро асосан оид ба ҷойҳои кории холӣ танҳо корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ пешниҳод менамоянд, ғайр аз ин музди меҳнати ин ҷойҳои пешниҳодшуда нисбат аз музди меҳнати миёнаи сохторҳои давлатӣ паст мебошад. Ба ҷойҳои кории холие, ки ба мақомоти шуғли аҳолӣ пешниҳод мешаванд, корфармоён бе роҳхати мақомоти шуғл кормандонро тариқи муроҷиати даҳонии корҷӯй ба кор мегиранд. Қисми зиёди кордиҳандагон бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба монанди алоқаҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои хешутаборӣ ба кор қабул намуданро авлотар медонанд. Ҷойҳои кории холӣ барои ишғоли вазифаи хизматчии давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба механизме амалӣ гардонида мешавад, ки аз механизми истифодабарандаи мақомоти шуғл фарқи калон дорад, яъне танҳо бо муносибати шахсии корҷӯй ва кордиҳанда амалӣ гардонида мешавад. Ин гуна омилҳо ба паст гардидани бокортаъминкунӣ таввасути мақомоти шуғли аҳолӣ мегардад.
2. Компютеркунонӣ ва ташкили бонкҳои маълумот
Бо мақсади хизматрасонии саривақтӣ ва босифат ба бекорон ва шахсони корҷӯй, зарурати компютеркунонии саросарии соҳаи шуғли аҳолӣ ба миён омадааст. Компютеркунонии мақомоти шуғли аҳолӣ ва пайвастшавӣ ба Интернет, ташкили бонкҳои муттамаркази маълумот, хизматрасонии мақомоти шуғли аҳолӣ, бахусус дар самти дарёфти ҷои кор ба шаҳрвандони бекор ва корҷӯйро осон мегардонад.
3. Бозомӯзии бекорон
Бекорони дар қайди мақомоти шуғл буда, ба омӯзиш ҳуқуқ доранд. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва бозомӯзии бекорон, ки дар Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешавад, маблағ ҷудо менамояд. Маблағҳои ба ин самт аз тарафи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида барои омӯзиши бекорони дар қайди мақомоти шуғли аҳолӣ буда, ки хоҳиши бозомӯзиро доранд, нокифоя мебошад.
Мувофиқи талаботи рӯзафзуни бозори меҳнати дохилию хориҷӣ ва сари вақт таъмин намудани иншоотҳои азими аср, бахусус сохтмонҳои нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", Роғун, нақбҳои Шаҳристон, Шар-шар, роҳҳо ва заводи нави алюминий дар вилояти Хатлон пешбинишуда дар мӯҳлати кӯтоҳ тарбия намудани кадрҳои моҳири коргарӣ зарур аст.
Бинобар ин, омӯзиш асосан дар базаи омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, марказҳои таълимӣ, марказҳои касбомӯзию соҳибкорӣ гузаронида мешавад. Дар солҳои охир зиёда аз 6 ҳазор бекорон бо роҳхатҳои мақомоти шуғл ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Танҳо соли 2005 6560 нафар бекорон ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки ин рақам нисбат ба шумораи бекорони умумӣ хеле кам мебошад. Ҳар сол омӯзиш аз рӯи 56 барномаҳои гуногун гузаронида мешавад. Қариб 80 фоиз таълимгирандагон танҳо 8-10 намуди барномаҳоро интихоб менамоянд, на ҳамаи таълимгирифтагон бо ҷои кори доимӣ ва мувофиқ таъмин мегарданд. Қисми зиёди ин барномаҳо танҳо барои худтаъминкунӣ, гирифтани даромади ночиз барои таъмини оила, аз қабили: дӯзанда, либосбур, ошпаз, сартарош, гулдӯз, пешхизмат, ронанда ва ғайра омӯзонида мешавад. Дигар ихтисосҳо аз қабили: кафшергар, кафшергари барқ, оператори компютер, сартарош, пешхизмат, фермер ва фурӯшанда чунин малакаҳое мебошанд, ки бозори меҳнати ҷумҳурӣ айни замон ба ин гуна касбу ихтисосҳо талаботи калон дорад. Сатҳи бо кортаъминкунии хатмкунандагон дар соли 2005 73,3 фоизро ташкил дод.
4. Корҳои ҷамъиятӣ
Корҳои ҷамъиятӣ - ин яке аз роҳҳои ба шуғли муваққатӣ ҷалб намудани бекорон ва паст намудани сатҳи бекорӣ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад
Ин намуди кор аз ҷиҳати шумораи иштироккунандагонаш яке. аз чорабиниҳои асосӣ ва фаъоли сиёсати шуғли аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол беш аз 20 ҳазор нафар одамон дар ободонии шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо, тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо, қабристонҳо, барқарор намудани ёдгориҳои таърихӣ ва ҷамъоварии алафҳои табобатӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои таъмини ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки бо кори доимӣ таъмин шуда наметавонанд, ба ҳисоб меравад. Дар ин самти фаъолият бекороне ҷалб мегарданд, ки асосан ихтисос ва малакаи касбӣ надоранд.
Зери мафҳуми корҳои ҷамъиятӣ, намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум фаҳмида мешавад, ки онҳо чун қоида тайёрии пешакии касбии кормандро талаб намекунанд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ фоиданок мебошанд ва чун воситаи иловагии дастгирии иҷтимоии шахрвандони корҷӯй ба ҳисоб меравад.
Корҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар корфармоён сарфи назар аз шакли моликияташон бо иштироки мақомоти давлатии минтақавии шуғли аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.
Бо мусоидати мақомоти шуғли аҳолӣ дар соли 2005 24222 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардидаанд.
Ташкили корҳои ҷамъиятӣ метавонад ба сифати чораҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ равона кардани шаҳрвандони бекор барои таъмини ҷойи кори доимӣ ё ин ки чун воситаи тайёр намудани шахрвандони бекор барои ворид намудан ба бозори меҳнат бо роҳи баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ, худшиносӣ ва беҳтар гардонидани малакаи меҳнатии онҳо хизмат расонад.
Ташкили корҳои ҷамъиятӣ агар аз як тараф ҳамчун мувафаққияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифода бурда шавад ҳам, дар мавриди дигар ин барои тайёр намудани шахрвандон барои бо кор таъминкунии минбаъда самараи кам медиҳад.
5. Қарзҳои хурд
Қарзҳои хурд яке аз чорабиниҳои фаъоли сиёсати шуғл дар бозори меҳнат буда, бо мақсади ба бозори меҳнат баргардонидани бекорон ба воситаи худиштиғолӣ ва ташкили корҳои инфиродӣ ба ҳисоб меравад.
Қарзҳои хурд ба воситаи марказҳои шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба соҳибкорӣ машғул шуданро доранд, аз ҳисоби маблағҳои дар ин самт ҷудонамудаи хадамоти шуғл дода мешавад.
Дар соли 2005 аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 1652 нафар шаҳрвандон, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доштанд, қарзҳои хурди имтиёзнок дода шуд.
Қарзҳои хурд, ки аз тарафи мақомоти шуғли аҳолӣ дода мешаванд бефоиз, буда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона гардидаанд.
Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ низ барои ташкил намудани соҳибкории хурд (фаъолияти инфиродии меҳнатӣ ва худиштиғол) ба шаҳрвандони бекормондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои хурд медиҳанд. Қарзҳое, ки аз ҷониби ин ташкилотҳо дода мешавад, асосан фоизи муайян дорад.
6. Маблағгузории сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ
Маблағгузории сиёсати мусоидати шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Дар соли 2005 барои амалӣ гаштани сиёсати мусоидати шуғл 5,0 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин 0,07 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ қариб 40 фоиз ба нигаҳдории мақомоти шуғли аҳолӣ равона гашта, барои чорабиниҳои фаъоли сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ танҳо 60 фоизи маблағҳо, ё ки 3,0 миллион сомонӣ хароҷот гардид.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир усулу намудҳои нави сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз қабили дастгирии молиявии бекорону корфармоён, омӯзиш ва бозомӯзии бекорон аз рӯи таълими модулӣ, ки ба фарогирии теъдоди зиёди аҳолии қобили меҳнат ва ҳамзамон ба фароҳам овардани манбаи даромад таъсири мусбӣ мерасонад. Албатта, чунин сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ маблағгузории муайян ва мунтазамро талаб мекунад.
Аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо маблағгузории чорабиниҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ки ҳоло аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, барои вусъати ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нокифоя аст. Дар баробари ин ҳиссаи маблағҳое, ки аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои татбиқи чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ равона карда мешаванд, муайян нест ва ин имконияти рушди усулҳои ба талаботи бозор хоси мусоидат ба шуғли аҳолиро маҳдуд менамояд.
Бинобар ин минбаъд маблағҳои барои чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинишаванда бояд дар сатри алоҳидаи буҷет нишон дода шаванд.
III. Стратегияи мутобиқати талабот ва пешниҳод
Паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба амалӣ гардидани чорабиниҳо аз қабили инкишофи фаъоли сектори хусусӣ, сафарбарии иҷтимоӣ ва ташкили шароит барои ҳавасмандгардонии "худтаъминкунӣ" (худёрирасонӣ), инкишофи фаъолияти инфиродӣ дар байни аҳолии камбизоат ба воситаи додани қарзхои хурд, инчунин идораи самараноки хароҷоти маблағҳои давлатӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
Самти асосии стратегияи баланд бардоштани шуғлнокии аҳолӣ дар ҳамкории сохторҳои ҳукуматии ба сиёсати шуғл сару кор дошта, бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияташон аз дастгирии сиёсати шуғл равона гардидааст, монанди: Созмони Байналмилалии Меҳнат, ТАСИС, Барномаи Тараққиёти СММ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва ғайраҳо амалӣ карда мешаванд.
Дар асоси хулосаҳо ва таҳлили бозори меҳнат ва талабот ба қувваи корӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсати стратегӣ оид ба мусоидат ба шуғл ва имконияти бокортаъминшавӣ, бояд анъанаҳои асосии демографӣ ва дигар хусусиятҳои бозори меҳнат ба назар гирифта шавад.
1. Анъанаҳои демографӣ. Дар давраи то соли 2012 ҳар сол пешбинӣ карда мешавад, ки шумораи зиёди ҷавонон ба бозори меҳнат тахминан 140,0 ҳазор нафар ворид гардида, 72 ҳазор нафар бозори меҳнатро тарк мекунанд.
Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ дар соли 2012 ба 7848 ҳазор нафар, захираҳои меҳнатӣ ба 4170 ҳазор нафар мерасад. Дар назар аст, ки ҳар сол ба бозори меҳнат 140 ҳазор нафар шаҳрвандони қувваи қобили меҳнат ворид мегарданд.
Дар соли 2012 аҳолии аз ҷиҳати иқтисод фаъол ба 2617 ҳазор нафар расида, дараҷаи шуғнокӣ ба 60 фоиз мерасад.
2. Проблемаҳои шуғлнокӣ. Омилҳое, ки дар бозори меҳнати миллӣ дар солҳои минбаъда метавонанд ба рушди шуғли аҳолӣ монеъ шаванд, инҳоянд:
- сатҳи пасти имкониятҳои бокортаъминшавӣ, таъсиси шумораи ками ҷойҳои нави кории доимӣ;
- шумораи зиёди шаҳрвандоне, ки дар марҳалаи пасттарини камбизоатӣ истодаанд, ё ин ки ба шуғли мустақилонаи камдаромад машғуланд;
- шумораи зиёди шаҳрвандони муддати тӯлонӣ бекор ва аҳолии ғайрифаъоли сину соли қобили меҳнат;
- имконияти маҳдуди бокортаъминшавӣ дар байни маъюбон;
- имконияти пасти бокортаъминкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишине, ки фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои асосии иқтисодии онҳо қатъ шудааст ва онҳо аз ҷиҳати минтақа аз ҷойҳои дигари корӣ дуранд;
- фарқияти бозори меҳнати минтақавӣ ва ҳарчи бештар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода ба кор ҷалб шудани аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ;
- сатҳи пасти таълим дар донишгоҳҳои олӣ, литсейҳо, муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, ки аз ӯҳдаи омӯзиши касб ва ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, набаромада истодаанд;
- соҳаи бокортаъминкунӣ ба як ҳиссаи ками ҷойҳои кории холие, ки дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатии мавҷуда, маҳдуд гаштааст.
Ҳамин тариқ, чорабиниҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ба шуғл дар сектори расмӣ ба талабот ва пешниҳод дар бозори меҳнат равона гардидааст, ки ин ба татбиқи Консепсияи шуғл мувофиқат мекунад. Консепсияи мазкур барои ҳавасмандгардонии шуғл дар сектори расмӣ татбиқи чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт;
- таъсиси ҷойҳои корӣ;
- самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ;
- тақвияти коркарди ашёи хом, маҳсулот ва зиёд намудани содироти маҳсулоти тайёр;
- рушди системаи мусоидати давлатӣ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии касбии кадрҳо бо дарназардошти зарурати баланд бардоштани сифати қувваи корӣ ва хусусиятҳои талаботи бозорҳои минтақавии меҳнат;
- ташкил намудани ширкатҳои инвеститсионӣ ва лизингӣ бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва миёна.
Дар назар аст, ки дар сектори расмӣ ба он соҳаҳои иқтисодиёт афзалият дода мешавад, ки ба баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат кунанд. Ба ин соҳаҳои анъанавӣ: саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, туризм (сайёҳӣ) ва телекоммуникатсионӣ дохил мешаванд.
3. Соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ки ба шуғлнокӣ мусоидат мекунанд
Саноат. Мақсади стратегии сиёсати саноати ҷумҳурӣ то соли 2012 ва минбаъд - ин рушди афзалиятноки энергетика, инкишофи истеҳсоли арзиз ва коркарди пурраи он, аз коркарди нахи пахта ба даст овардани суръати баланди маҳсулоти ниҳоӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳар сол 10,1 фоиз меафзояд. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2012 нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" ба истифода дода шуда, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", "Роғун" ва шабакаи нерӯгоҳи барқии обии хурд идома меёбанд.
Рушди соҳаи коркарди ангишт, ба кор андохтани нақби "Шаркӣ" дар кони ангишти Фон-Яғноб, азхудкунии конҳои Зиддӣ, Назар-Айлоқ, Миёнаду ва зиёд кардани коркарди ангишт дар кони Шӯроб дар назар аст.
Саноати коркарди кӯҳӣ, кимиёвӣ ва металлҳои ранга инкишоф меёбад. Дар назар аст, ки Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи "Тоҷиказот" истеҳсоли карбамидро дар соли 2012 ба 180 ҳазор тонна мерасонад. Дар соҳаи саноати сабук соҳаи нассоҷӣ равнақ ёфта, маҷмӯӣ маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон ҷиҳозонидани корхонаҳо афзоиш меёбад.
Комплекси агросаноатӣ. Дар соҳаи агросаноатӣ дар соли 2005 ба маблағи 2777395 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2004 103,1 фоиз зиёд мебошад.
Комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ дар оянда низ роҳи таъмини мустакили озуқавориро пеш гирифтааст. Дар ин давра, талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ бояд бо пуррагӣ тавассути амалӣ гардонидани методҳои интенсивии афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардонида мешавад. Аз ҷумла, татбиқи чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- ташкил намудани шароит барои таъмини мустақилияти озуқавории ҷумҳурӣ;
- рушди самтҳои афзалиятноки соҳа: пахтакорӣ, боғпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, меваю сабзавоткорӣ бо дастгирии давлат;
- баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳҳои рушди селексионӣ ва тухмипарварӣ.
Мақсади асосии рушди соҳаи агросаноатӣ дар ин давра барқарор намудани истехсоли индустриявии кишоварзӣ, паст кардани сатҳи бекорон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт амалӣ намудани чорабиниҳои зерин дар назар аст:
- бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ;
- бунёди корхонаҳои хизматрасонии кишоварзӣ;
- таъсиси корхонаю ширкатҳо оид ба таъминоти маводи моддӣ-техникӣ ба соҳаи кишоварзӣ;
- таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисону кормандони хизматрасон;
- ташкил намудани курсҳои бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;
- азхудкунии заминҳои навкорам;
- барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ;
- дастгирӣ аз ҷониби давлат дар чалби инвесторони хориҷие, ки бо истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот машғуланд.
Сохтмон, нақлиёт ва роҳсозӣ. Дар солҳои 2006-2012 афзоиши босуръати соҳаи сохтмон дар назар дошта шудааст. Ин пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ сохтмонҳои иншоотҳои бузург аз кабили . сохтмони нақбҳои Анзоб ва Шар-шар, роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб - Хоруғ -Қулма - Қаракурум, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, Душанбе -Нуробод, Ҷиргатол-Саритош сохтмони нерӯгохҳои барқии обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", Роғун ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои 2006-2012 сохтмони роҳи оҳани Кофарниҳон-Ёвон (47 км.), роҳи оҳани Самарқанд-Булунғур-Панҷакент (60 км.), роҳи оҳани барқиконидашудаи Бекобод-Конибодом (109 км.) оғоз меёбад. Барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани ин иншоотҳо пеш аз ҳама кадрҳои баландихтисос дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ зарур аст. Зикр намудан бамаврид аст, ки баъзе талаботи алоҳида ба коргароне, ки дар шароити имрӯза бо таъмири аврупоии (евроремонт, пластика. гипсокартон) хонаҳо машғуланд ба миён омадааст. Ин вазъият ба ҷавонони ҷумҳурӣ ба воситаи омӯзиш ва бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаашон шароити ба бозори меҳнат ворид гардиданро муҳайё месозад.
Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоиз кӯҳсор мебошад, нақлиёт ва роҳсозӣ яке аз воситаҳои асосии алоқаҳои иқтисодӣ-коммуникатсионӣ дар таъмини аҳолӣ бо маводҳои талаботи ҳаррӯза ба ҳисоб меравад.
Дар давраи то соли 2012 бо мусоидати Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Тараққиёт ва дигар инвесторони хориҷӣ (донорҳо) дар назар аст, ки таъмир ва тармими роҳҳои автомобилгарди кӯҳии вилояти Хатлон, таъмири як қатор қитъаҳои роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Рашт-Ҷиргатол, Душанбе-Хуҷанд, Айнӣ-Панҷакент анҷом дода мешавад.
Сохтмони рохҳои автомобилгарди Ваҳдат- Ҷиргатол, Кӯлоб-ҚалъаиХумб, Исфара - Боткент - Актурпан - Қаланджай - Ош, ки ба ҳудуди ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия ва Хитой мебароранд.оғоз шудаанд.
Сохтмони нақби Анзоб ба итмом расонида шуда, нақби ағбаи Шаҳристон ва Шар - шар оғоз меёбад.
Системаи алоқаи шаҳру ноҳияҳо инкишоф ёфта, бо таҷҳизотҳои электронии нав таъмин карда мешаванд.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин номгӯи чорабиниҳои аҳамияти муҳими давлатӣ дошта шумораи ҷойҳои зиёди кории нав таъсис мешаванд, ки аз ин имконияти бо кор таъминкунии аҳолӣ бештар мегардад.
Туризм. Дар давраи то соли 2012 соҳаи туризми байналмилалӣ равнақ меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихии асрҳои гуногун, захираҳои табиию фарҳангӣ мавҷуданд ва "Рохи абрешим", ки аз ҳудуди ҷумҳуриамон гузаштааст, имконияти хуби рушди туризмро дорад.
Тоҷикистон барои қабул ва хизматрасонии шаҳрвандони хориҷӣ дорои се фурудгоҳи байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд мебошад. Аз ғарб ба шарқ қаламрави Тоҷикистонро се шохаи роҳи оҳан бурида мегузарад, ки онҳо минтақаҳои ғарбии кишварро бо қисматҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ ба воситаи қаламрави давлатҳои ҳамсояӯзбекистон ва Туркманистон мепайванданд.
Дар натиҷаи рушди туризм дар ҷумҳурӣ теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд шуда, қисми зиёди аҳолӣ бо ҷои кор таъмин ва сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ баланд мешавад.
4. Дастгирии гурӯҳҳои аҳолие, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд
Ҷавонон. Барои таъмини ба бозори меҳнат ворид гардидани ҷавонон як қатор чорабиниҳоро оиди бокортаъминкунии онҳо амалӣ намудан лозим аст:
- гузаронидани корҳои машваратӣ оид ба самтдории касбӣ;
- васеъ намудани доираи таҷрибаомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар;
- баъди хатми омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, литсейҳо, мактабҳои олӣ дастгирӣ намудани ҷавонон ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани онҳо;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонии мақомоти шуғли аҳолӣ ба ҷавонон.
Бекорон, муддати тӯлонӣ корҷӯяндагон ва калонсолон.
Барои дастгирии шуғли ин категорияи шаҳрвандон, ки онҳо ба бозори меҳнат бармегарданд ва аз ин ҳисоб шумораи аҳолии ғайрифаъол нисбатан кам мешавад, чунин чорабиниҳоро амалӣ намудан зарур аст:
- гузаронидани корҳои машварати оид ба самтдории касбӣ;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонии мақомоти шуғл ба бекорон, муддати тӯлонӣ корҷӯяндагон, шахсони синну соли то нафақа.
5. Ҳавасмандгардонӣ ба шуғлнокӣ ба воситаи таълим ва омӯзиш
Барои таъмини пешниҳоди захираҳои меҳнатии рақобатпазир ба бозори меҳнат ҳарчӣ бештар баланд бардоштани сифати таълимро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва мустаҳкам гардонидани робитаи онҳо ба иқтисодиёт зарур аст. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ қабул гашт, айни замон мавриди амал қарор дорад.
Пеш аз ҳама, ҳамоҳангсозӣ ва ҳамбастагии кор миёни мақомоти идораи давлатии соҳаи шуғл, маориф ва иқтисодиёт дар омӯзиши бозори меҳнат, таъмини пешгӯии талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон ва дар ин замина тайёр намудани кадрҳои баландихтисос зарур аст.
Сифатнокии таълим дар муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳо ва воситаҳои асосии осон гардонидани ҷараёни ба бозори меҳнат воридшавии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ғайр аз ин, таъмини шуғли васеи калонсолон дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳия ва ворид намудани механизми таҳсилоти калонсолонро талаб мекунад.
Бо мақсади танзими шуғли аҳолӣ, такмили фаъолият ва шаклҳои хизматрасонии мақомоти шуғл, инчунин ҷорӣ намудани системаи мукаммали таҳлили вазъи шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат лозим аст.
6. Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ
Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии меҳнат ба афзоиши ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ оварда расонид. Дар шароити имрӯза муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Танзими босамари ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғл, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, риояи ҳуқуқ ва озодии инсон, амнияти он ва рушди иҷтимоиётро таъмин менамояд.
Инкишофи муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ зарурияти такмил додани идории давлатиро дар соҳаи муҳоҷират ба миён овард, ки ин пеш аз ҳама тақозо менамояд:
- шароит барои баланд бардоштани истифодаи қувваи корӣ бо дарназардошти пешгӯии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ин самт ба инобат гирифта шавад;
- фароҳам овардани шароит барои қонунӣ гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияти меҳнатии берунаи ҷумҳурӣ амалӣ гардонида шавад;
- таҳлили доимии ҷараёни муҳоҷирати ҷумҳурӣ бо мониторинги шаҳрвандони бекоре, ки ба кор ба хориҷи наздик ва дур рафтанианд, гузаронида шавад;
- тайёрии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ васеътар таъмин гардад.
7. Системаи коммуникатсионӣ ва маълумотдиҳӣ дар бозори меҳнат
Ҳамкориҳои вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки бо бозори меҳнат алоқа доранд, бояд дорои фаҳмиши динамикии бозори меҳнат, таъмини хамкорӣ ва тағйири кулли сохтор, чорабиниҳои фаъол ва ғайрифаъоли сиёсати бозори меҳнатро чун принсип қабул намоянд, аз он ҷумла:
- бо мақсади гузаронидани таҳлили баҳодиҳӣ ба динамикаи тараққиёти бозори меҳнат, ташкили системаи самараноки маълумотдиҳии бозори меҳнат, ки воситаи асосии таъмини мувозинат байни талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мебошад;
- ҳамкорӣ ва робитаи самаранок байни муассисаҳое, ки ба ҳалли масъалаҳои бозори меҳнат ҷалб гардидаанд - гуфтугӯ, муҳокима ва машварат бо мақсади самаранок ва натиҷаи дилхоҳ додани чорабиниҳои дарназардошта;
- ташкили базаҳои оморӣ оид ба захираҳои меҳнатӣ дар сатҳи ноҳияҳо бодарназардошти масъалаҳои гендерӣ ва тақсимот аз рӯи сину сол (занон, ҷавонон) ба инобат гирифта шуда бошад;
- таҳияи пешгӯии ҳайати касбии бозори меҳнат барои ба нақшагирии тайёр намудани қувваи кории сифатнок бо дарназардошти талаботи минбаъда.
8. Инкишофи шарикии иҷтимоӣ дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ
Идораи бозори меҳнат ба масъулиятнокии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба вогузошта шудааст.
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ доранд, танзим менамояд.
Барои ҳамин Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар солҳои 2006-2012 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои зерин бояд таъмин намоянд:
- таъмини кафолатҳои иҷтимоии иловагӣ ба коргарони ташкилотҳое, ки аз фаъолият бозмондаанд;
- суғуртаи ҳатмии соҳибкорон дар мавриди иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат.
IV. Самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи шуғл
Дар маҷмӯъ 3 самти зерини афзалиятноки рушди минбаъдаи шуғл муқаррар гардидаанд:
Тақвият додани чорабиниҳои сиёсати фаъол дар бозори меҳнат. Чорабиниҳои мазкур ба дастгирии чорабиниҳои мақомоти идораи давлатии шуғли аҳолӣ барои мусоидат намудан дар бокортаъминкунин аҳолии қобили меҳнат ва ҷавонон тибқи талаботи бозори меҳнати мавҷуда равона мегардад. Ташкили чорабиниҳо оиди сиёсати ғайрифаъол барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии бекор равона мегарданд. Таъсис додани сохтори самаранок дар мақомоти идораи давлатии шуғли аҳолӣ ҷиҳати таъмини иттилоотии бозори меҳнат барои гузаронидани мониторинг ва таҳлили вазъи бозори меҳнат дар назар дошта мешавад.
Такмили сохтори таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзонӣ. Мақсади чорабинӣ дар ин самт дар чорчӯбаи стратегии рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ, марказҳои таълимӣ, марказҳои иҷтимоию соҳибкорӣ, ки аз тайёрии сифатнок ва самараноки кадрҳо мутобиқи талаботи бозори меҳнат пешниҳод менамоянд, иборат мебошад.
Баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ дар соҳаи иқтисодиёт. Чорабиниҳои мазкур оид ба миён овардани талабот дар бозори меҳнат, ки ба шуғлнокии аҳолӣ ба воситаи мукаммал гардонидани сохтори танзимкунанда ва азнавбарқароркунанда дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, мусоидат менамояд. Дар ин самт чорабиниҳое дохил мегарданд, ки барои се самт истифода бурда мешаванд. Ин такроршавӣ чун омилҳои амудӣ буда, ба чорабиниҳои уфукӣ таъсир мерасонанд ва бо ҳам алоқаманд мегарданд.
1. Тақвият бахшидани чорабиниҳои сиёсати фаъол дар бозори меҳнат
Самти а) Баргардонидан ва дохил намудан ба бозори меҳнат.
Мақсади самти мазкур, мусоидат намудан ба:
- таъмини шуғли босамари ҷавонон (синну соли аз 20 то 29 сола);
- бозгардонидани бекорон ва аҳолии ғайрифаъол ба бозори меҳнат;
- иштироки фаъоли аҳолии калонсол дар бозори меҳнат.
Асос: Дар доираи чорабиниҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ба шуғл, дастгирӣ намудани ташкили курсҳои таълимӣ ва бозомӯзӣ, инчунин хизматрасонӣ барои бо кор таъмин намудан, ки аз тарафи мақомоти шуғли аҳолии амалӣ мегардад, зарур мебошад. Ин чорабиниҳо барои гурӯҳҳои мақсадноки зерин равона гардидаанд:
- хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, касбӣ ва ҷавонони бекор;
- аҳолии аз 45-сола боло ва шахсоне, ки муддати тӯлонӣ бекоранд;
- шахсоне, ки хоҳиши ба бозори меҳнат баргаштанро доранд, хусусан занҳо;
- шахсоне, ки аз бозори меҳнати ғайрирасмӣ ба бозори меҳнати расмӣ мегузаранд.
Иштироки калонсолон дар бозори меҳнат бояд аз рӯи иқтидори кории ин гурӯҳи шаҳрвандон, такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тарафи мақомоти шуғли аҳолӣ дастгирӣ гардад.
Стратегия:
- таъмин намудани воридшавии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба бозори меҳнат;
- дастгирӣ намудани ҷавонон ва шахсоне, ки ба бозори меҳнат бармегарданд;
- таълиме, ки барои аз худ намудани таҷрибаҳои амалӣ равона гардидааст;
- таъмин намудан бо маълумотҳо оид ба ҷустуҷӯи кор ва самтдории касбӣ;
- тартиб додан ва амалӣ гардонидани нақшаҳои инфиродии бокортаъминкунӣ;
- дастгирӣ намудани хадамоти шуғл дар омӯзиши касбӣ ва хизматҳои машваратӣ;
- баланд бардоштани иқтидори кории аҳолии калонсол;
- хизматрасонӣ ҷиҳати баланд бардоштани таҷриба ва такмили ихтисос.
Самти б) Дастгирии иҷтимоии бозори меҳнат.
Мақсади самти мазкур:
- таъмин намудани иштироки бекорон ва гурӯҳи алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта, дар бозори меҳнат;
- қабули чораҳои самараноки мусоидат ба шуғл;
Асос: Зарур аст, ки мақомоти шуғли аҳолӣ ба бокортаъминкунии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷдошта: занони серфарзанд ва танҳо, маъюбон, ҷавонони то 15-сола, шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, шахсони аз хизмат дар қувваҳои мусаллаҳ ҷавобшуда, онҳое, ки барои даромад маҷбуранд, таҳсилашонро қатъ намоянд, мусоидат намояд.
Стратегия:
- мусоидат ба бокортаъминкунӣ тавассути корҳои ҷамъиятии музднок;
- касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор;
- мусоидат ба худиштиғолӣ.
Самти в) Тақвияти сохтори институтсионалии бозори меҳнат.
Мақсади самти мазкур:
- мунтазам гузаронидани санҷишҳои интихобӣ оид ба шуғли аҳолӣ ва таҳлили илмии бозори меҳнат;
- аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда баромадани пешгӯиҳои бозори меҳнат барои ба нақшагирӣ ва тайёр намудани _ мутахассисон;
- таъмини Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар иштирокчиёни фаъоли бозори меҳнат бо маълумоти мушаххас оид ба бозори меҳнат тавассути технологияи ҳозиразамон;
- таъмин намудани ҳамкории самараноки сохторҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои бозори меҳнат.
Асос: Мавҷудияти маълумоти мушаххас ва саҳеҳ дар бораи бозори меҳнат, воситаи асосии тартиб додан, амалӣ намудан ва мониторинги бозори меҳнат мебошад. Маълумотҳо бояд ҷамъ, таҳлил ва ба тартиб дароварда шуда, ба ҳамаи тарафҳои манфиатдоре, ки барои рушди бозори меҳнат саҳми худро мегузоранд, дастрас карда шавад. Айни замон дар бораи бозори меҳнат мушкилоти нарасидани маълумот мавчуд аст. Аз ҷумла, маълумот оид ба пешгӯии талабот дар бозори меҳнат вуҷуд надорад, ки дар асоси он чораҳои амалӣ оид ба танзимдарории он дида шавад. Ташкили системаи босамараи маълумотдиҳии бозори меҳнат, ки дар асоси он гузаронидани таҳлил, тайёр намудани ҳисоботҳо, назорати тамоюли рушди бозори меҳнат имконпазир гардад, зарур аст.
Гузаронидани тадқиқоти интихобӣ оид ба масъалаҳои шуғл зарур аст, зеро ин ягона манбаи маълумот мебошад, ки имконияти иқтисодӣ дошта, бекорон ва аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол ва андозаи воқеии бекориро дар миқёси ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он муайян менамояд.
Тадқиқотҳои интихобии масъалаҳои шуғл дар ташкили мушоҳидаи оморӣ оид ба ҷараёни инкишофи бозори меҳнат роли калон мебозад. Ҷамъоварии маълумот оид ба шуғлнокӣ бо роҳи пурсиши хонавода имконият медиҳад, ки ҳамаи соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва ҳамаи гурӯҳҳои коргаронро (аз ҷумла сектори ғайрирасмӣ), ки бо истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ машғуланд, дарбар гирад.
Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронидан зарур аст.
Маблағгузории мақсадноки тадқиқоти интихобии аҳолӣ оид ба масъалаи шуғл аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
Самаранокии чорабиниҳои амалишаванда дар бозори меҳнат мутобиқат ва ҳамкорӣ байни тарафҳои манфиатдорро: корфармоён, мактабҳои олӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, вазоратҳо ва иттифоқҳои касаба талаб менамоянд. Лозим аст, ки тарафҳои манфиатдор мусоҳибаи иҷтимоиро васеъ намуда, имкониятҳои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба танзими масъалаҳои шуғл истифода баранд.
Стратегия:
- таъсири системаи иттилоотии бозори меҳнат;
- баррасӣ пешгӯии дурнамои бозори меҳнат;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои гузаронидани тадқиқоти интихобии ҳарсола оид ба масъалаҳои шуғл ва пешгӯии талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон.
Самти г) Такмили мақомоти шуғли аҳолӣ
Мақсад дар ин самт иборат аст, аз:
- сифатан беҳтар намудан ва самаранокии хизматрасонии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- баланд бардоштани самаранокии ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағҳои молиявӣ;
- ба роҳ мондани таҷрибаи гузаронидани тадқикоти вазъи бозори меҳнат;
- дар маҳалҳо созмон додани мониторинги бозори меҳнат бо дарназардошти талаботи Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
- таҳияи усул ва услуби баҳодиҳии вазъи воқеъии бекорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тақсимоти минтақавӣ;
- истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои ИДМ дар системаи таҳлили вазъи бозори меҳнат;
- таъмини техникии Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ бо ин мақсад;
- омода ва нашри барномаҳои таълимӣ ва дигар лавозимоти хусусияти таълимидошта.
Асос: Барои самаранокии дарёфти ҷойҳои холии корӣ хизматрасонии машваратӣ бо мусоидати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ байни корфармоён ва корҷӯён васеъ карда мешавад. Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ирсолкунандагони тозатарин иттилоот оид ба пешниҳод ва талаботи бозори меҳнати минтақа байни корфармоён ва корҷӯён мебошад. Баҳри амалӣ намудани ин мақсад бояд мақомоти Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд дорои технологияи ҳозиразамон ва алоқаи байниҳамдигарии электронии бақайдгирӣ бошад.
Бо мақсади таъмини итилооти навин ҳангоми воридгардии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва кормандон ба бозори меҳнат зарурияти такмили хизматрасонӣ оид ба самтдории касбӣ бо дарназардошти минбаъдаи бозомӯзии онҳо ба миён омадааст. Бинобар ин, сари вақт таъмин намудани ин гурӯҳи шаҳрвандон бо маълумоти навтарин аз тарафи мақомоти шуғли аҳолӣ зарур аст.
Барқарор намудани ҳамкориҳо байни мақомоти шуғли аҳолии маҳалҳо бо Хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, литсейҳо, марказҳои иҷтимоӣ-соҳибкорӣ, марказҳои таълимӣ ва ба дигар намуди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти пешниҳодшаванда оид ба бозори меҳнат, ҳамчунин таълими онҳо ба васеъ фаро гирифтани сохтори хизматрасони мусоидат менамояд.
Стратегия:
- коркарди сохтори мусоидаткунанда ҷиҳати бокортаъминкунӣ (сохтори хизматҳои миёнаравӣ);
- такмили истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти хадамоти шуғли аҳолӣ;
- коркарди сохтори иттилоотии ҳар як касб ва ихтисос, хизматрасонии машваратӣ ва самтдории касбӣ;
- коркарди стратегия ва Барномаи расонидани кӯмак ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ - модарони яккаву танҳо, серфарзанд, ҷавонон ва ашхосе, ки муддати тӯлонӣ бекор мебошанд;
- ҳавасмандагардонии ҳамкории мақомоти хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ ва иштирокчиёни маҳаллӣ, ки дар бозори меҳнат саҳмгузоранд;
- коркарди механизми нави ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағҳои молиявӣ.
Самти д) Рушди технологияи иттилоотӣ.
Мақсади самти мазкур - ин таъмини иттилоотии ҳамаи иштирокчиёни идоракунии давлатӣ ҳам бо усули "амудӣ" ва ҳам бо усули "уфукӣ", мебошад.
Асос: Таъмини ахбори дакиқ ва боварибахш инкишофи идоракуниро фаъолтар мегардонад, шафофияти онҳо, самаранокии ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ташкилотҳо ва савияи маълумотдиҳии иштирокчиёни онро баланд мебардорад.
Стратегия:
- таъсиси системаи ягонаи давлатии иттилоотии бозори меҳнат;
- дар мақомоти шуғли аҳолӣ такмил додани истифодабарии технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ;
- таҳияи системаи иттилоотии ҳар як касб ва ихтисос, хизматрасонии машваратӣ ва хизматрасонии самтдории касбӣ;
- ҷалб намудани ҳамаи тарафҳои манфиатдор;
- таҳияи рақамҳо ҷиҳати баҳодиҳии захираҳои меҳнатӣ дар давраи ҷорӣ;
- таҳияи пешгӯии ҳайати касбии бозори меҳнат, тайёрии сифатноки қувваи корӣ бо дарназардошти талаботи дурнамо.
2. Такмили системаи таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзӣ
Самти а) Рушди сифатнокӣ ва рақобатпазирии қувваҳои корӣ.
Мақсади ин самт иборат аст аз:
- баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва таълими касбии ҷавонон ва калонсолон;
- ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ намудани сохтори касбӣ ва тахассусии кадрҳо.
Асос. Дар натиҷаи паст шудани сатҳи истеҳсолот ва зиёдшавии муҳоҷирати меҳнатӣ ҷумҳуриро муттахасисони баландихтисос тарк намуданд. Барҳам хӯрдани корхонаҳо, муддати зиёд боз истодани истеҳсолот дараҷаи касбии коргаронро паст намуд.
Дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолии хурд ва миёна афзуд.
Стратегия:
- татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2006-2015;
- таъмини сифатноки Нақшаи миллии амалиёт оид ба татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва таълими ибтидоии касбӣ барои солҳои 2006-2015.
Самти б) Истифода намудани муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои таҳсилоти калонсолон.
Мақсад - таҳия ва татбиқи механизми таҳсилоти калонсолон дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
Асос. Дар натиҷаи сатҳи баланди бекорӣ қисме аз қувваҳои корӣ рақобатпазирии худро дар бозори меҳнат аз даст доданд. Табақаҳои шаҳрвандони бекор ба вуҷуд омаданд, ки барои бо кор таъмин намуданашон пеш аз ҳама бозомӯзонидани онҳо зарур аст.
Дар вазъияти баамаломада ҳарчи зиёдтар истифода намудани иқтидори таълимию моддӣ ва кадрии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои касбомӯзии калонсолон зарур.аст.
Стратегия:
- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои таълим ва бозомӯзонии калонсолон ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат;
- истифодаи самараноки сохтор ва иқтидори истеҳсолии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- амалӣ намудани сиёсати давлатии таълим ва омӯзиш дар давоми умр.
Самти в) Шарикии иҷтимоӣ дар системаи таҳсилоти касбию техникӣ
Мақсад - ташаккул ва таҳкими механизми иштироки корфармоён дар ҷараёни танзими бозори меҳнат.
Асос. Дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ шаклҳои собиқи ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён қариб, ки аз байн рафтааст. Бешубҳа, бе ташаккул ва мустаҳкам намудани шарикии иҷтимоӣ ҷараёни танзими бозори меҳнат имконнопазир аст.
Стратегия: ташаккули шарикии иҷтимоӣ
- дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ - чун системаи робита бо корфармоён, мақомоти давлатии шуғл, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос;
- дар сатҳи вилоятӣ - дар ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунии таълимии марказҳои ҳамоҳангсозӣ-методии вилоятӣ бо мақомоти хадамоти шуғл, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои корфармоён дар муайян намудани ҳаҷм ва сохтори касбии тайёр намудани кадрҳо ва масъалаҳои маблағгузорӣ;
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ - қабул намудани қарорҳои стратегӣ дар самти таъмин намудани ҳамкории ҳамаи субъектҳои таълимӣ ва шарикии иҷтимоӣ.
3. Баланд бардоштани сатҳи шуғлнокӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт
Самти а) Рушди комплекси агросаноатӣ.
Мақсади самти мазкур баланд бардоштани имкониятҳои иктисодӣ дар деҳот бо роҳи ҳавасмандгардонии фаъолияти кори фоидаовар мебошад.
Асос: Мустаҳкамкунии бозори меҳнат дар деҳот бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҷиҳати пешгирии муҳоҷирати дохилии аҳолии деҳот ба шаҳрҳо тавассути чорабиниҳое, ки даромади иловагӣ меорад, равона гардидаанд.
Стратегия:
- зиёд намудани дастрасии манбаъҳои қарзӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии молиявӣ;
- омода намудани як қатор тавсияҳо дар соҳаи кишоварзӣ;
- ташкили шабакаи маълумотдиҳӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- дастгирии молиявӣ, техникӣ ва хуқуқӣ барои ташкили ассотсиатсияҳо ва хоҷагиҳои дехқонӣ;
Самти б) Сохтмони манзил
Мақсади самти мазкур, ин ташкили шуғли мӯътадил барои сохтмончиён мебошад.
Асос: Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ якчанд лоиҳаҳои сохтмонӣ амал карда истода бошанд ҳам, онҳо имконияти шуғли доимиро надоранд. Сохтмони манзили нав барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, инчунин таъмири биноҳои мавҷуда барои таъмини шуғл имконият фароҳам меоварад.
Барои ҳалли масъалаҳои сохтмони манзил, баланд бардоштани тахассуси коргарон ва таъминоти онҳо, масолеҳи сохтмонӣ зарур аст.
Стратегия:
- таҳия, маркетинг, амалӣ намудани омӯзиши касбӣ барои додани тахассуси "усто" аз рӯи ихтисосҳои сангчин, кафшергар, барқчӣ, челонгар ва ғайра.
- ташкил ва рушди ассотсиатсияҳои касбӣ ҷиҳати пешбурди бозори сохтмони манзил ва корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ.
Самти в) Беҳтар намудани шароит барои соҳибкории хурд ва миёна.
Мақсади самти мазкур - таъмин намудани самаранокии асосии сектори соҳибкории хурд ва миёна.
Асос: Соҳибкории хурд ва миёна механизми асосии бо шуғл таъмин намудан дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои риваҷу равнақи соҳибкории хурд ва миёна фаъолияти шаҳрвандони бешуғлро ба низом медарорад.
Стратегия:
- таҳияи барномаҳои таълимӣ барои ташкили ҷойҳои корӣ;
- рушди малака ва дониши соҳибкорӣ;
- дастгирии иштироки соҳибкории хурд ва .миёна дар тиҷорати электронӣ.
Аз чорабиниҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки чораҳои аз тарафи давлат, ки аз кӯмаки молиявӣ ба шахсоне, ки меҳнат кардан мехоҳанд равона шудааст, замина гузошта мешавад. Самти асосии сиёсати давлат - ин ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Амалӣ намудани чорабиниҳои фаъоли дар Консепсияи мазкур пешбинишуда, дар маҷмӯъ сатҳи баланди даромадро барои ҳар як шаҳрванд таъмин намуда, барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.