ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 366, аз 01.03.2012 № 111, аз 05.11.2014 № 707)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1995 № 559 "Дар бораи таъсис намудани ҷойҳои кории иловагӣ ва ко
рхонаҳои хурд дар назди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 январи соли 2006 № 62
ш. Душанбе