ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва индекскунонии филмҳо
Бо мақсади татбиқи моддаҳои 12, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Комиссия оид ба индекскунонии филмҳо ва ҳайати он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Қоидаҳои пешбурди Регистри давлатии кино тасдиқ карда шавад (замимаи 3).
3. Қоидаҳои нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо тасдиқ карда шавад (замимаи 4)
4. Муассисаи давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ва Киностудияи "Тоҷикфилм"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2007 кино ва видеофилмҳо, ҳамчунин нусхаи филмҳои воқеан мавҷударо инвентаризатсия карда, ба Регистри давлатии кино ворид намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2006 № 139
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"
Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006 № 342 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистоии Бадахшон"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 апрели соли 2006 № 129
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2006 № 129
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон""-ро, ки бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006 № 342 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон" барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода, онро дар маҷмӯъ дастгирӣ менамояд ва дар як вақт барои такмили он пешниҳод мекунад:
Дар моддаи 1:
сархати дуюми қисми 1 хориҷ карда шавад. Дар як вақт зарур аст, ки шакли ифодаи муқаддимаи қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" мутобиқ карда шавад;
қисми 3 лоихаи қонун ва инчунин моддаи 5 қонуни амалкунанда хориҷ карда шаванд. Ҳолати мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст ва барои такрори ин меъёр дар Қонуни конститутсионии мазкур зарурат мавҷуд нест;
аз қисми 6 калимахои "намояндагӣ ва иҷроияи" хориҷ карда шаванд;
дар сархати дуюми қисми 7 калимаҳои "маъмурию марзӣ" ба калимаҳои "марзиву маъмурӣ" иваз карда шаванд;
сархати чоруми қисми 9 ва сархати дуюми кисми 10 хориҷ карда шаванд;
дар сархати сеюми кисми 10 масъалаи аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тасдик намудани ҳисобот оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли гузаштаи молиявӣ пешбинӣ карда шавад;
қисми 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Дар қисми дуюми моддаи 29 калимаҳои "Вазоратҳои ҳифзи табиат ва нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ" ва "литцензия" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "иҷозатнома" иваз карда шаванд";
дар тамоми лоиҳа калимаи "зербанд" ба калимаи "сархат" иваз карда шавад.
Мувофиқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" моддаҳои санадхои меъёрии ҳукуқӣ бояд ном дошта бошанд, ки мазмуну моҳияти онҳоро ифода намоянд, аммо ин талабот дар Қонуни амалкунандаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" риоя нагардидааст. Бинобар ин зарур аст, ки ин мухолифат низ бартараф карда шавад.