ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони баъзе кишварҳои хориҷӣ
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва инкишофи саёҳати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимашудаи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи гирифтани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби содда ба мӯҳлати то 45 рӯз доранд, тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводидҳоро ба шаҳрвандони давлатҳое, ки мувофиқи Номгӯй тасдиқ шудаанд, дар мӯҳлати се рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин намоянд.
З. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат ба шаҳрвандони давлатҳо тибқи Номгӯи тасдиқшуда дар ҳолати ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳиро ба мӯҳлати 45 рӯз таъмин намояд (дар фурудгоҳи ш. Душанбе).
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ қоидаи содда додани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷиро таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолият ва назорати қатъиро оид ба иҷрои қарори мазкур аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи онҳо таъмин намоянд.
6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 460 "Дар хусуси тасдиқи бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Иттиҳоди Европа, баъзе кишварҳои Осиё ва Америкаи Шимолӣ";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 № 178 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 № 460 "Дар хусуси тасдиқи бо тартиби содда ба расмият даровардан ва додани раводидҳои омаду рафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Иттиҳоди Европа, ШМА ва Япония".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
...

аз 3 апрели соли 2006 № 134
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2006 № 134
Номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд
1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
4. Ҷумҳурии Мисри Араб
5. Ҷумҳурии Булғория
6. Гертсогии Бузурги Люксембург
7. Ҷумҳурии Венгрия
8. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
9. Бруней-Доруссалом
10. Давлати Исроил
11. Ҷумҳурии Юнон
12. Ҷумҳурии Халқии Хитой
13. Ҷумҳурии Ҳиндустон
14. Ҷумҳурии Ирландия
15. Ҷумҳурии Исломии Эрон
16. Ҷумҳурии Исломии Покистон
17. Ҷумҳурии Исландия
18. Ҷумҳурии Италия
19. Канада1
20. Давлати Қатар
21. Ҷумҳурии Кипр
22. Ҷумҳурии Лубнон
23. Шоҳигарии Баҳрайн
24. Шоҳигарии Белгия
25. Шоҳигарии Дания
26. Шоҳигарии Испания
27. Шоҳигарии Марокаш
28. Шоҳигарии Нидерландия
29. Шоҳигарии Норвегия
30. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
31. Шоҳигарии Шветсия
32. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
33. Давлати Кувайт
34. Ҷумҳурии Латвия
35. Ҷамоҳирияи Халқии Сотсиалистии Либияи Араб
36. Ҷумҳурии Литва
37. Малайзия
38. Ҷумҳурии Малта
39. Штатҳои Муттаҳидаи Мексика
40. Зеландияи Нав
41. Аморатҳои Муттаҳидаи Араб
42. Ҷумҳурии Полша
43. Ҷумҳурии Португалия
44. Ҷумҳурии Аргентина
45. Ҷумҳурии Корея
46. Ҷумҳурии Индонезия
47. Ҷумҳурии Хорватия
48. Руминия
49. Ҷумҳурии Сингапур
50. Ҷумҳурии Сурияи Араб
51. Ҷумҳурии Словакия
52. Ҷумҳурии Словения
53. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
54. Штатҳои Муттаҳидаи Америка
55. Шоҳигарии Таиланд
56. Ҷумҳурии Туркия
57. Ҷумҳурии Тунис
58. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
59. Ҷумҳурии Федеративии Германия
60. Султонати Умон
61. Ҷумҳурии Филиппин
62. Ҷумҳурии Финляндия
63. Ҷумҳурии Франсия
64. Ҷумҳурии Чехия
65. Конфедератсияи Швейтсария
66. Ҷумҳурии Эстония
67. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ
68. Япония
Давлатҳое, ки ба Номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд ба воситаи шартномаҳои дуҷониба тартиби соддаи гирифтани раводид ё дар асоси мутақобила рафтуомади бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба роҳ монанд.